НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛ ВА РУШДИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ
Имрӯз пас аз гузаштани сию ду соли соҳибистиқлолӣ, сию ду соли, аслан гирем, ҷоннисориву худфидоиҳо, сию ду соли бунёдкориву созандагиҳо аз ҷониби халқи тоҷик бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бе ягон баҳс мо на танҳо соҳиби як кишвари шукуфону ободу амну рӯ ба тараққӣ, балки соҳиби маънавиёти бузург ва ҳувияти қавии миллӣ низ ҳастем. Аз он лаҳзаҳое, ки Тоҷикистон дар вартаи фалокат буд, аз он замоне ки Ҳукумати Тоҷикистони навин бо хазинаҳои сифр ба кор шуруъ карда буд, ҳама дороиҳоро ба яғмо бурда буданд, ҳама мақомот, корхонаҳо ва идораҳо, ҳатто давлатӣ, фалаҷ гашта қудрате надоштанд, то ба имрӯз як роҳи бузурги эҳёи таърихии халқу кишвари тоҷик тай карда шуд.
Имрӯз мо ба ин кохи муҳташами истиқлоли давлатӣ, ба Нишони давлатӣ, ба Парчами баланди миллиямон бо камоли ифтихори миллӣ назар мекунем. Бо пирӯзиҳои бадастовардаи давлатдориямон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, кишоварзиву саноатӣ, сохтмону бинокориҳои дурахшон ифтихор мекунем. Аз ҳама муҳимаш, ҳар нақшаву ҳар кори бузурги мо дар ҷодаи таҳкими истиқлоли давлатӣ бо такя ба маънавиёти бузург ва ҳувияти қавии миллиамон сурат мегирад. Ба андешаи банда, маҳз ҳамин маънавиёти бузурги миллист, ки бо решаҳои қавии таърихии худ моро зинда медорад ва ба сӯи пирӯзиҳои нав ба нав раҳнамоӣ мекунад.
Аммо мо бо сарбаландӣ аз ин ҳама пирӯзиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо ифтихор аз кохи муҳташами истиқлоли давлатиамон, ки рӯз ба рӯзу сол ба сол қавитару афрохтатар мегардад, бояд шукргузор аз он меъморе бошем, ки зербуни қавии ин кохро оқилонаву дурбинона бунёд гузоштааст. Меъморе, ки хиштҳои нахустини ин бинои асолати миллиро бамавриду баҷову бегазанд гузоштааст, то ки мо имрӯз бо дили гарм ва неруву бовари бузург бунёди онро идома диҳем.
Ба ёд меоварам он рӯзҳои нахустинро. Вақте ки Сарвари навини давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе омадаву ба кори эҳёи кишвар оғоз намуданд, дар он рӯзҳо ду падида шахсан дар дили ман умеду рӯшноӣ андохт, ки то имрӯз маро ва роҳамро равшан медорад. Аввало, дар рӯзи дуюми оғози давлатдорӣ дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол якумин иқдоми Сарвари нави кишвар вохӯрӣ бо аҳли илму адаб буд. Роҳбари ҷавону дурандеш дар он замони бениҳоят мураккаб лозим донистанд, ки аввалин мулоқоту маслиҳати худро, маҳз бо олимону адибон, шахсиятҳои варзидаи кишвар рӯи кор оранд. Ин чунин маънӣ дошт, ки Сарвари Тоҷикистони навбунёд даст ба домони хирад мебарад. Яъне, ӯ хираду фазилат, илму адабро дар мадди аввал мегузорад. Падидаи дуюме, ки аз хирад ва дили бузургу зебопарастии Сарвари давлат гувоҳ дод, дар ҳамон рӯзҳои гарон, дар ҳамон рӯзҳое, ки мардум нони хӯрданӣ надоштанд, ӯ мардумро ба ҳашари ниҳолшинонӣ даъват кард ва худашон аз нахустинҳо шуда, бел ба даст гирифта ниҳоли сабз шинонданд. Рамзи бузурге дошт ин рафтор. Яъне, мо кишварамонро ободу сабзу хуррам мегардонем. Ин падида гувоҳи дили зебоипарастии Сарвари ҷавони кишвар ва такя кардани ӯ ба хиради азалии миллати тоҷик буд. Бунёди маънавиёт ва ҳувияти миллии мо, маҳз аз ҳамон рӯзҳо роҳи эҳёи тозаро пеш гирифт.
Баъдан, пайваста, ҳатто, дар он рӯзҳои гарони ҷанги шаҳрвандӣ, тамоми иқдомҳо ва чорабиниҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, фароҳам овардани ваҳдати миллӣ равона шуда буданд. Тамоми ҷашнҳо, иду тантанаҳои миллӣ аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва давлатӣ эълон кардани он сар карда, то қабули Конститутсияи кишвар, таҷлили ҷашну маросимҳои нобиғагони илму адаб ҳама пайваста маънавиёти миллии моро ташаккул доданд. Танҳо номбар кардани рӯйхати корҳои анҷомёфта ҷилд-ҷилд навиштаҳоро фаро мегирад. Яъне ки, пайваста ҳар соату ҳар рӯзу ҳар ҳафтаву ҳар моҳу ҳар сол маънавиёти мо сурату симои қавии миллии худро пайдо мекард.
Дар баробари созандагиву ободонии саросари кишвар, бунёди қавиву қаноатбахши муносибатҳои байналмилалӣ, обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, роҳандозии ҳадафҳои баланди стратегие, ки имрӯз эътибори Тоҷикистон ва Сарвари онро дар ҷаҳон хеле баланд бардоштаву дурахши тоза додаанд, бояд гуфт, ки Пешвои дурбину дурандеши миллати мо ягон лаҳза фориғ аз ғамхорӣ дар ҳаққи маънавиёти миллат набуданд. Зеро дарки он ки ҳеҷ миллате бе маънавиёти бузург, бе хираду фазилати зотӣ, бе дастовардҳои бузурги маънавӣ дар илму адабу ҳунар ба ҷое намерасад, ҳамеша раҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будааст.
Тозатарин падидаҳои ин ғамхориро мо дар бунёди мактабҳои нави замонавии ҳам таҳсилоти миёнаву ҳам олӣ ва ҳам ҳунаристонҳо мебинем. Аз рӯзҳои нахустин самти асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатдории мо интихоб гардидани пешрафти соҳаи маориф гувоҳи назари неку дурнигаронаи Пешвои миллат ба маънавиёти кишвар мебошад.
Дар он рӯзҳое, ки баъд аз замони ҷанги шаҳрвандӣ нашриётҳои мо касод шуданд, қудрати чопи китобҳоро надоштанд, боз ҳам Сарвари кишвар ғами нашри китоб – ин сарчашмаи илму маърифатро хӯрданд, чандин сол пайи ҳам барои нашри китобҳои адибон аз Фонди Президент маблағҳои ҳангуфт ҷудо шуд. Нашри комили асарҳои классикони адабиётамон аз ҳисоби маблағҳои президентӣ ва бо нархи арзон дастраси мардум гардондани он падидаи бешабеҳе буд, ки назирашро дар ҷои дигар надидем ва ин ҳам аз иқдомҳои Пешвои миллат буд. Интишор ва ба ҳар оила ройгон тақдим кардани китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров оё ғамхории беназири Президент нисбат ба маънавиёти миллат нест!?
Мо, ба ростӣ, шукр мекунем, аз Сарвари ғамхору ватанпарваре, ки як лаҳза фориғ аз рушди маънавиёти миллати худ нестанд. Тамоми чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ, қарору қонунҳо ва барномаҳои омӯзишӣ аз нақши “Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” сар карда, то “Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар, пеш аз ҳама, ҳадафҳои баланди ғанӣ сохтани маънавиёти бузурги миллиро доранд.
Зиёда аз ин, эҳёи суннатҳои баланди миллӣ, ки ҳар яке гувоҳи маънавиёти бузурги миллати мо мебошанду маънавиёти бузурги миллати моро дар пеши ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд, нишонаҳои ғамхорӣ ва саҳми бузурги Пешвои миллат ҳастанд. Зеро маънавиёти бузургу бешабеҳи миллии мо, пеш аз ҳама, дар ҳамин суннатҳои баланд, ҷашну маросимҳои халқии мо асрҳои аср ташаккул ёфтаанд. Танҳо Наврӯзи бостонии халқи мо, ки ҳазорсолаҳост, миллати мо онро маҳфуз медорад, худ хазинаи тиллоии маънавиёти бузургест, ки бо хуҷастагиҳои зиёдаш оламиёнро тасхир кардааст. Маҳз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат буд, ин ҳама ойинҳои башардӯстонаи халқи мо, аз ҷумла Наврӯзи Аҷам, Сада, Меҳргон ва Тиргон, ки ҳар яке барандаи маънавиёти баланди инсонӣ мебошанд, эҳёи дубора ёфтанд. Эътирофи ҷаҳонии аксари суннатҳои миллӣ ва фарҳанги ҳазоронсолаи мо гувоҳи онанд, ки онҳо ҳама ба дарди инсоният мехӯранд, армонҳои башарии инсониятро ифода мекунанд, ба андешаи некманишони дунё мувофиқанд, зеро ҳама аз сиришти нек, аз шиори миллии тоҷикии гуфтори нек, кирдори нек, пиндори нек баромадаву оламро тасхир намудаанд. Ин бахти мо – тоҷикон, аст, ки Пешвои хайрхоҳу инсондӯсту ватанпарвари миллат дар сиришти худ барандаи ҳамин ғояҳои баланди некманишӣ ва ҷавонмардии халқи хеш мебошанд.
Тамоми озмунҳое, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуданд, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Илм – фурӯғи мърифат”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, бидуни шубҳа беш аз як озмун аҳамият доранд, зеро ҳар яке ҳадафҳои баланди милливу маънавиро пайгирӣ мекунанд ва имрӯз ҳосили ин озмунҳоро, пеш аз ҳама, дар ғанӣ гардидани маънавиёти миллиамон, аллакай, дидан дорем.
Мо як маълумоте умумӣ дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди маънавиёт ва ҳувияти миллӣ” додем, ҳол он ки ин мавзуест хеле доманадор, хусусан, ки бо ташаббуси Пешвои миллат саҳмгузорӣ дар тамоми самтҳои маънавиёти мо падид омадаву ҳар яке метавонад мавзуи алоҳидаи пажӯҳиши доманадор бошад. Аммо ин ҳанӯз оғози бунёди кохи некиву ростӣ ва сулҳу амният дар Тоҷикистони мост ва чун шиори миллии мо ва Сарвари мо имрӯз “Тоҷикистон, ба пеш!” аст, аминем, ки қуллаҳои ҳанӯз фатҳнагардидаи пирӯзиҳои миллӣ моро интизоранд.
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 03.10.2023 №: 196