ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА МЕВАҲОИ ШАҲДБОРИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

04 октябр 2023, Чоршанбе
27
0


Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалисозии ислоҳот дар соҳаи иқтисоди миллӣ, бахусус беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва роҳандозии тадбирҳои зарурӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок самараи хуб дода, фазои мусоиди таъмини рушди устувори иқтисодӣ дар кишвар фароҳам оварда шуд.
Бо шукргузорӣ аз сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва рушду тараққиёти устуворе, ки имрӯз дар Тоҷикистон ҳукмфармост, дар ҷумҳурӣ як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Ҳадафҳои рушди ҳазорсола, Ҳадафҳои рушди устувор, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, стратегияҳои миёнамуҳлати паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон, инчунин, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қабул гардида, барои татбиқи ҳуҷҷатҳои стратегӣ зиёда аз 100 барномаи соҳавӣ ва 47 барномаи минтақавӣ таҳия гардидаанд. Таҳия ва қабули барномаҳои болозикр дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ ва гузариш ба муносибатҳои нави бозорӣ яке аз тадбирҳои муҳим дар рушди босуботи иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсии мамлакат таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад. 
Бо мақсади фароҳам овардани заминаи воқеӣ ҷиҳати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар кишвар бо ташаббус ва дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015, сипас дар заминаи Ҳадафҳои рушди устувор, ки соли 2015 дар иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк қабул гардида буд, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия шуд. 
Гузашта аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли давлатӣ узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Машварати ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Долони нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ гаштааст. Инчунин, бо ташаббус ва талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои аъзои ИДМ ва аксари давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Осиё, Шарқи Наздик ва Миёна, Аврупои Ғарбӣ ва Шарқӣ, Чин ва Ҳиндустон робитаҳои иқтисодӣ барқарор намуд.
 Бо мақсади рушди устувори иқтисодиёти мамлакат бо назардошти татбиқи барномаи “энергияи сабз”, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, дар қатори дигар иқдомҳои созанда бунёди лоиҳаи интиқоли неруи барқи Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000, лӯлаи интиқоли транзитии гази Туркманистон – Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Тоҷикистон, роҳҳои оҳани Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон, Тоҷикистон – Қирғизистон – Қазоқистон – Россия, Эрон – Афғонистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Ҷумҳурии Мардумии Чин ва боз даҳҳо лоиҳаҳои дигар тарҳрезӣ ва татбиқи онҳо оғоз шуд, ки барои иҷрои ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон нигаронда шудаанд.
Дар ин давра мавқеи байналмилалии ҷумҳурӣ устувор гардида, Тоҷикистон се маротиба (солҳои 2010, 2011 ва 2015) ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотпазир тибқи ҳисоботи «Пешбурди тиҷорат»-и Бонки ҷаҳонӣ шомил гардид ва соли 2016 аз рӯйи ҳисоботи ин ниҳод мавқеи кишвари мо якбора 34 зина боло рафт. 
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва фаъолияти пурсамари Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор мушкилоту монеаҳои мавҷудаи ҷомеаи кишвар бартараф гардида, ба бунёдкориву созандагӣ, ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ асос гузошта шуда, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун ҳадафҳои асосӣ муайян шуданд.
Дар натиҷаи амалӣ гардондани тадбирҳо ҷиҳати тезондани рушди соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, дар давраи истиқлоли давлатӣ рушди назарраси нишондиҳандаҳои асосии иқтисодию молиявӣ мушоҳида мешавад. Татбиқ намудани ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ барои аз 81%-и соли 1999 то 31% дар соли 2015 ва 22% дар соли 2022 паст гардидани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар шудани нишодиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидат намуданд. Рушди иқтисодиёт дар ин давра ба шарофати афзоиши мунтазами фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъмин гардид. 
Беҳтар гаштани нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва дорои иқтисоди кушод ва идомадиҳандаи ислоҳот дар бахшҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ муаррифӣ намуд, ки дар ин раванд саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят муассир мебошад.
Дар такя ба таҳлилҳои болозикр итминон ҳосил мешавад, ки таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки иқтисодиётро рукн ва маҳаки асосии пешрафти кишвар медонанд ва азму иродаи қавии мардуми шарафманди тоҷик дар ояндаи наздик кишвари азизамон – Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои мутараққии минтақа ва ҷаҳон табдил хоҳад ёфт.

Парвиз ҚУДРАТЗОДА, декани факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара

Санаи нашр: 03.10.2023 №: 196
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив