ҶАЛБИ $36 МЛН БАРОИ РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023, ки 29-уми сентябр баргузор шуд, аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳамчунин, ширкати ватании zypl.ai як қатор ёддоштҳои ҳамкорӣ ва созишномаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Ёддошти ҳамкории стратегӣ дар самти зеҳни сунъӣ аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо Технопарки байналмилалии Astana Hub, Ёддошти ҳамкории стратегӣ дар соҳаи рушди стартапҳо бо Tumar Venture Fund аз Ҷумҳурии Қазоқистон, ҳамчунин, созишномаҳои ҳамкорӣ ва маблағгузорӣ аз ҷониби ширкати ватании zypl.ai бо GMS Capital Partners LLC аз Шоҳигарии Урдун (25 млн доллари ИМА); naimi.kz аз Ҷумҳурии Қазоқистон (5 млн доллари ИМА); NeoStats аз Амороти Муттаҳидаи Араб (1 млн доллари ИМА); Commercial Bank International аз Амороти Муттаҳидаи Араб (5 млн доллари ИМА) имзо шуданд.
Бояд гуфт, ки Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 аз лиҳози миқёс (бо иштироки беш аз 600 намояндаи 40 кишвари дунё) ва пурсамар буданаш (имзои созишномаҳои ҳамкориҳои стратегӣ ва маблағгузориҳо дар соҳаҳои энергетика, фаъолияти бонкӣ, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, захираҳои табиӣ, фанновариҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ), дар таърихи баргузории форумҳои кишвар беназир маҳсуб мешавад.
Дар ҳошияи Форум аз ҷониби Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав бахши панелӣ зери унвони «How to do it right in Tajikistan – Чӣ тавр инро метавон дар Тоҷикистон ташкил кард» вобаста ба рушди зеҳни сунъӣ доир гардид, ки баргузории чорабинӣ бо чунин формат дар кишвар бори аввал аст. Дар ин ҷаласа 15 сармоягузори хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони Presto Ventures - Милан Лупас ва Роман Новачек (фонди венчурӣ бо дороии 100 миллион евро); Tumar Venture Fund - Даниел Сил (фонди венчурӣ бо дороии 50 миллион доллар); Commercial Bank International АМА (дороии он 6 миллиард доллар); GMS Capital Partners - Абуд - Ал - Алӣ; NeoStats - Ҷино Георг; Astana Hub-Мажган Мадиев ва дигарон ширкат варзиданд.
Азизҷон Азимӣ, раиси Шурои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нав, ҳамзамон, роҳбари ширкати zypl.ai, ки мутасаддии чорабинии мазкур буд, дар бораи фаъолияти лабораторияи зеҳни сунъӣ ва дастовардҳои он, ки таҷрибаи нахустин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад, суханронӣ карда, ҳамзамон, оид ба таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози андеша намуд.
Сармоягузорони хориҷӣ зимни муаррифии фаъолияти ширкатҳои худ ва таҷрибаи муваффақияташон, барои тавсеаи фазои мусоиди сармоягузорӣ ва рушди технологияи инноватсионӣ дар Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид дода, ҳавасмандии худро баҳри татбиқи ҳамкориҳои муштарак бо ширкати zypl.ai изҳор доштанд. Бархе аз меҳмонони хориҷӣ аз дастгириҳои давлатӣ ҷиҳати рушди зеҳни сунъӣ дар кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.
Директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» Дилшод Ҷӯразода оид ба дастгириҳои давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ ва фазои сармоягузории венчурӣ сухан ронда, аз ҷумла гуфт: «Экосистемаи венчуриро дар кишвар бояд такмил дод». Вай афзуд, ки барои ин заминаи мукаммали ҳуқуқӣ бояд таъмин шавад.
Меҳмонони хориҷӣ ба ташкилу баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023 баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки ин ҳамоиш барои муколама ва густариши ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ платформаи мусоидро фароҳам овард.
Моҳира САНГМАМАДОВА,
“Ҷумҳурият”