РУКНИ АСОСИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. НАЗАРЕ БА НАҚШИ ЗАБОН ДАР МАРҲАЛАИ ҶОМЕАСОЗӢ
Дар баробари дигар арзишҳои фарҳангӣ, забон низ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун нишони ҳастии миллату давлат шинохта шуд.
Омӯзиши забони адабии тоҷикӣ аз зинаи таҳсилоти ибтидоӣ оғоз гардида, дар омӯхтану азхудкардани он нақши устодон бағоят муҳим мебошад.
Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ касб карда, барои фароҳам овардани як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз метавон гуфт, ки ин забон – забони расмии нишасту вохӯриҳо ва коргузории вазорату идора, муассисаву ташкилот мебошад.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22-юми июл ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд. Баъдан, бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гашта, 5-уми октябри соли 2009 мавриди амал қарор гирифт, ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти арҷгузорӣ ба забони модарӣ ва бузургиву неруи воқеии он изҳор доштанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад».
Забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб ёфта, он барои камолот ва ташаккули инсонҳо дар руҳияи инсонпарварӣ хидмат мекунад.
Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои миллат ҳанӯз аз оғози фаъолияти роҳбарияшон ба омӯзиши беҳтару гиромидошти забони тоҷикӣ диққати махсус медоданд. Барои муҳим будани ин масъала, ки бештар дарк шавад, китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро таълиф намуданд.
Ҳақиқатан, миллат он вақт арзи ҳастӣ карда метавонад, ки забонаш зинда бошад, дар гуфтугӯ, навишт ва умури коргузорӣ мавриди истифода қарор гирад. Таърих шоҳид аст, ки бисёре аз қавмҳо дар рӯи дунё баъди аз байн рафтани забонашон чун миллати воҳид маҳв гардиданд. Пешвои муаззами миллат бо эҳсоси ин гуна хатарҳои ваҳшатафзо барои пойдории забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Дар яке аз паёмҳояшон зикр карда буданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихор намояд, ки маҳз забон дар масири таърих миллатро сарҷамъ карда, ба воситаи хизматҳои бузургу заҳматҳои беназири фарзандони барҷастаи худ дилнишину зебо боқӣ мондааст. Забони тоҷикӣ дар масири таърих бисёр марҳалаҳои тулонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай намуда, то ба имрӯз рисолати худро нигоҳ дошта ва ба анҷом расонда истодааст».
Чизи дигаре, ки барои боз ҳам хубтар омӯхтани забони ноби тоҷикӣ созгор аст, ин баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор гаштаву имрӯзҳо низ идома доранд, ба хотири рушду омӯзиши бештари ин забони нобу шоирона аст. Танҳо забони модарӣ моро ба осори гаронбаҳои ниёгонамон ошно месозад ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ чун миллати қадимаву тамаддунсоз муаррифӣ менамояд.
Сафарҷон САФАРОВ, шаҳри Кӯлоб
Санаи нашр: 04.10.2023 №: 197