ГАЗИ ТАБИӢ. ВОРИДОТИ ОН АЗ АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА ПУРРА ОЗОД ШУД
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ва Кодекси андоз тағйиру иловаҳо ворид намуданд, ки тибқи он, воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда пурра озод гардид.
Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, зимни муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” иброз намуд, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Қонун ба Кодекси андоз таҳия шудааст.
– Ҳамасола дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои соли молиявии дахлдор вобаста ба воридоти гази табиӣ имтиёз пешбинӣ нагардидааст. Бо дарназардошти дар Кодекси андоз танзимнашудании озодкунии пурраи воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда зарурати аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” хориҷ намудани имтиёзи 50-фоизаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти гази табиӣ ба миён омадааст, – гуфт Карим Гулмуродзода.
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур ба таъмин намудани фаъолияти самарабахши низоми энергетикии кишвар ва муътадил нигоҳ доштани арзиши гази табиӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, ки мутобиқи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” (муқаррароти андозию гумрукӣ ва имтиёзҳои алоҳида барои ташкилотҳо дар соли 2023), воридоти қувваи барқ ва гази табиӣ ба ҷумҳурӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50-фоизи меъёри муқарраршуда озод карда шуда буд (қисми 3).
Дар иртибот ба ин, Карим Гулмуродзода, зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфт, ки қаблан барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи савдои озод» бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022» воридоти гази табиӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда пурра озод карда шуда, таҳвили минбаъдаи он тибқи Кодекси андоз, мавриди андозбандӣ қарор мегирифт, ки ҳолатҳои баҳсиро байни мақомоти андоз ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба миён овардааст. Дар ин замина, барои таъмин намудани фаъолияти самарабахши низоми энергетикии кишвар ва аз байн бурдани ҳолатҳои баҳсӣ дар лоиҳаи Қонуни мазкур муқаррарот вобаста ба аз болонархӣ андозбандӣ шудани таҳвили минбаъдаи гази табиӣ пешбинӣ шуд.
– Барои минбаъд бо як санад танзим гардидани татбиқи имтиёзҳои андозӣ, тибқи лоиҳаи мазкур, ба қисми 4 моддаи 251 Кодекси андоз сархатти 18 илова гардида, бо қабули лоиҳа воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда пурра озод мешавад. Яъне, минбаъд зарурати дар қонунгузории буҷет пешбинӣ намудани имтиёзҳо нисбат ба воридоти гази табиӣ аз байн меравад, – гуфт Карим Гулмуродзода.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”