ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАҚЛИЁТ. РОҲҲО БА ҶОНИБИ ПИРЯХҲО ОБОД МЕШАВАНД

НАҚЛИЁТ. РОҲҲО БА ҶОНИБИ ПИРЯХҲО ОБОД МЕШАВАНД

21 феврал 2023, Сешанбе
53
0
14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҳифзи пиряхҳо эълон гардиданд. Қатъномаро дар ин хусус 153 давлати узви ин Созмони бонуфузи байналмилалӣ якдилона қабул кард. Боиси ифтихори сокинони кишвар аст, ки панҷумин пешниҳоди пурарзиши Пешвои муаззами миллат дар Маҷмаи умумии  Созмони Милали Муттаҳид баррасию қабул шуд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазироӣ ёфт.
Аз ин хабари хуш сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла  аҳолии ноҳияи Ванҷ низ,  басе шод гаштанд. Чунки пиряхҳои азамати Федченко ва Хирсон, манбаъҳои бузурги обҳои тоза, ба гуфти мардуми Бадахшон - лозурҳо дар фосилаи роҳи қариб садкилометра аз маркази ноҳия, шаҳраки Рохарв то мавзеи Абдулқаҳҳор, аниқтараш 25 километр болотар аз охирин деҳаи водии Ванҷи Боло - деҳаи Пойи Мазор ҷой гирифтаанд. Деҳнишинон аз чунин бойигариҳои табиати сарзамини маҳбуби худ ифтихор  доранд. Ҳамагон хуб медонанд, ки ободӣ ва зебоиҳо, сарсабзии боғҳову ҷангалзорҳо ва киштзорони водиҳои поёноб аз оби ин лозурҳост. Аз ҳама муҳимаш, берун аз Тоҷикистон машҳур шудани себу нок, туту мавиз, чормағз ва дигар анвои меваҷоти ин минтақаи Бадахшонро онҳо маҳз аз саховати Ванҷоб, ки аз домони ин пиряхҳои бузург ибтидо мегирад ва, инчунин, даҳҳо рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва садҳо чашмасорони оби зулоли  кӯҳистони "Боми ҷаҳон" медонанд.  
Барои ҳифз ва омӯхтани вазъи ҳамарӯзаи пиряхҳо соли 2015 бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Вишхарваки ҳудуди деҳоти Рованд, дар он маконе, ки забонаҳои каб-кабуд ва сафедгунаи лозурҳо, ин муъҷизаҳои беҳамтои табиат баръало намоёнанд, кушодани роҳ ба нақша гирифта шуд. Тибқи иттилои сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ванҷ Исмоил  Аҳмадов, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи 50-километраи Рохарв – Удоб - Гармчашма аз ҷониби Вазорати нақлиёти мамлакат  ба қатори роҳҳои  аҳамияти ҷумҳуриявидошта дохил гардид. Тайи солҳои охир ба Муассиса техникаи нав ворид гашта, як қисми роҳи ҷониби пиряхҳо ва пулҳои мошингузари мавзеъҳои Бунай, Хаспо, Чихох, Сед, Ванван аз таъмир баромаданд. Аз ҷониби Вазорати нақлиёт миёни деҳаҳои Ҷовидон – Потов, Мудехарв - Вишхарвак пули нави мошингард сохта шуд.  Соли гузашта қариб 3 километр роҳи байни  деҳаҳои Техарв – Удоб - Чихох мумфарш гардид. Ҳоло аз ҷониби масъулон бисёр тадбирҳо меандешанд, то ки роҳҳо ба ҷониби домони пиряхҳо  тахту ҳамвор ва пулҳои мошингузар навсозӣ шаванд.
Зарур ба ёдоварист, ки  то соли 1991  дар подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон марказҳои илмӣ -тадқиқотии «Хрустал» ва «Далний» амал мекарданд. Генераторҳои дизелии тавлидкунандаи неруи барқ ва таҷҳизоти омӯзишии ҳолати пиряхҳо бенуқсон шабу рӯз фаъол буданд. Мутахассисони соҳа ҳамарӯза ба шаҳрҳои Душанбе ва  Хоруғ аз ҳолати пиряхҳо  ва вазъи боду ҳаво хабар медоданд. Имрӯз мутахассисони соҳаро мебояд, ки ин шаҳрчаи геологӣ ва илмию тадқиқотиро аз нав фаъол намоянд. Роҳу пулҳо ба ин шаҳрча низ, валангор шудаанд. 
Хушбахтона, дар наздикии пиряхҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар кони бузурги мармари беҳтарин аз ҷониби геологҳои тоҷик кашф шуд. Ба гуфтаи мутахассиси соҳа Назриддин Асоев, яке аз ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мармари қиматбаҳои мавзеи Пойи Мазорро коркард карда истодааст ва мақсад доранд дар ин ҷо корхонае бисозанд. Онҳо нақша доранд, пеш аз ҳама, роҳи сӯйи конро тахту ҳамвору сангпӯш карда, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ низ, бунёд намоянд. Аллакай, ба ин ҷо хатти барқи 35-киловолта кашида шудааст. 
Ба гуфтаи раиси ноҳияи Ванҷ  Одинашо Мардзода, дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар роҳи 90-километраи Рохарв - Пойи Мазор – Абдулқаҳҳор 5 пул сохтанд, ки дар омӯзишу ҳифзи пиряхҳо аз иншооти муҳим ба ҳисоб мераванд. 
Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Олӣ баён намуданд, тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхе,  ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шуда буд, дар давоми зиёда аз  40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим  зиёда аз 1000 пирях аз байн рафтааст. Ин раванди номатлуб  солҳои охир бо сабаби гармшавии ҳаво дар натиҷаи зиёд хориҷ шудани газҳои гулхонаӣ, босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, мониторинги доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ҷиддӣ ба роҳ мондааст. Олимони Академия дар ин баландиҳо ва дуриҳои водии Ванҷи Боло ва дигар манотиқи Помир  тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд, ки аз аҳамият холӣ нест.
Мардуми ноҳияи Ванҷ изҳори қаноатмандӣ менамоянд, ки вазорату идораҳои масъул, дар навбати аввал, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Сарвари давлатро  хуб ба ҷой меоранд. Пеш аз ҳама, роҳу пулҳоро то ба домони пиряхҳои азамати Федченкою Хирсон, қуллаҳои баланди Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино аз нав барқарор менамоянд. Ҳамчунин,   назорат аз вазъи лозурҳо хеле беҳтар мегардад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, ки пиряхҳо - манбаъҳои асосии обҳои мусаффои мамлакат дар баробари серобу шодоб намудани киштзорону боғот метавонанд дар натиҷаи гармшавии иқлим  зиёд об шуда харобкориҳо ба миён биоранд ва аз ин ҷост, ки лозурҳо саҳлангориро намеписанданд, ҳамеша таваҷҷуҳ мехоҳанд. Ташкилёбии Маркази  тадқиқоти пиряхҳо  ва обод кардани роҳу пулҳо ба он мусоидат менамоянд, ки ҳолати ин манбаъҳои бузурги обҳои мусаффо мунтазам таҳти назорат бошад.
Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани қатънома дар хусуси эълон гардидани соли 2025 чун Соли  байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба он мусоидат менамояд, ки дар бақодории  ин манбаъҳои бузурги  обҳои  Помир ва кулли кишвар  тадбирҳо боз ҳам бештар андешида шаванд. 
  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор 
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив