РАМЗИ ФАРОВОНӢ. ҶАШНИ МЕҲРГОНУ РӮЗИ МЕҲР
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мероси бисёрҳазорсолаи аҷдодон пайваста арҷ мегузоранд ва бо ташаббусҳои созандаю ватандӯстонаи хеш Наврӯзи дилафрӯзро ҷаҳонӣ карданд, ҷашнҳои Сада, Тиргон ва Меҳргонро аз нав эҳё намуданд. Меҳргон ҳамчун ҷашни миллӣ аз соли 2011 бошукӯҳ таҷлил мегардад ва ҳоло ба як ҳамоиши идонаи халқӣ табдил ёфтааст.
Сарвари давлат аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлатӣ баробари зикри Наврӯз, аз Меҳргон низ ёд оварданд: “Гузаштагони тамаддунсозу фарҳангии мо – тоҷикон, аз замонҳои қадим ҷашнҳои бузурги Наврӯз, Меҳргон ва Садаро бо риояи расму анъанаҳои куҳан таҷлил менамуданд”. Меҳргон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ҳанӯз аз 3-юми ноябри соли 1995, дар радифи ҷашнҳои давлатӣ, касбӣ ва миллӣ, ворид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми октябри соли 2011 ҳангоми суханрониашон дар ҷашни 80-солагии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тазаккур доданд:
– Иди бостонии Меҳргон ҳар сол, моҳи октябр, чун иди миллии давлатӣ, бошукӯҳу шаҳомати ҳаммонанди Наврӯзи хуҷастапай, таҷлил гардад.
Воқеан, Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Меҳргон иди кишоварзон аст, ки баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мегардад. Дар заминаи тадқиқи осори таърихию мардумшиносии мутафаккирони гузашта, олимони мо дар бораи пайванди Наврӯз бо Меҳргон, чигунагии таҷлили ин ду ҷашни бостонӣ дар замони ҳукмронии сулолаи шоҳони ориёитабор, суннатҳои халқии Ҷашни Меҳргон маълумоти аниқу дақиқ медиҳанд.
Дар навиштаҳои адибону таърихнигорон, кишоварзон васф мешаванд, зеро ба шарофати заҳмати онҳо дастархони халқ пур аз неъмат мегардад, аз амалу рафтори наҷибонаи деҳқон рӯзӣ фаровон мешавад. Аз ин рӯ, деҳқонро рӯзибахши мардум меноманд ва дар васфаш шеъру тарона, сурудҳои шукрона мехонанд. Дар ин сурудаҳо то чи андоза фарҳангпарвару маърифатпеша будани деҳқони асил, зебою гуворо ифода ёфтаанд.
Имрӯз кишоварзони мо ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар партави сулҳу ваҳдати миллӣ ба комёбиҳои арзанда дар истеҳсоли меваю сабзавот, пахтаву пилла, гӯшту шир, тухму асал ва парвариши чорвою паранда даст ёфтаанд. Пешвои муаззами миллат дар ду марҳала ба деҳқонон 75 ҳазор гектар замин тақсим карданд, ки минбаъд бо номи Заминҳои президентӣ машҳур гаштанд. Ин ташаббуси башардӯстонаи Роҳбари давлат дастархони деҳқон, ҳамчунин, коргарону зиёиён, мақомоти қудратӣ, хуллас тамоми аҳли кишварро, пурнозу неъмат кард. Гуруснагӣ барҳам хӯрд. Колхозу совхозҳо таҷдид шуданд ва ба шарофати чунин ислоҳоти соҳаи хоҷагии қишлоқ замин соҳиби ҳақиқию воқеии худро ёфт.
Ҳамчунин, бар замми намоиш-фурӯши маҳсулоти деҳқонон дар бозорҳои шаҳрҳо, дар фасли тирамоҳ, дар айёми ҳосилғундорӣ, ҷашнҳои тарбузу харбуза, каду, ангур, меваҳои хушку асал баргузор мегарданд, ки ин ҳам ба манфиати шаҳрнишинон аст.
Яке аз рамзҳои Меҳргон ин ба ҳам дӯсту меҳрубон шудани одамон асту яке аз шаклҳои ифодаи меҳрубонӣ ҳадия додан аз ҳосили нав ба шумор меравад.
Дар адабиёти форсии тоҷикӣ ба ғайр аз эҷоди наврӯзномаҳову ашъори наврӯзӣ, инчунин, ҳазорон саҳифа дар васфи Меҳргон, фасли ҳосилрез, навишта шудаанд, ки бесабаб нест. Бо фарорасиии фасли тирамоҳ, рӯзҳои сард фаро мерасанд, парандагон ба макони гарм ба парвоз меоянд. Барои кишоварзон мавсими шудгори тирамоҳӣ оғоз меёбад, ки барои заминагузорӣ ба ҳосили нав хеле муҳим мебошад, зеро вақте ки замин чапа мешавад, аз мағзи хок ҳашароте, ки хона мондааст, ҳатто мӯрчаҳо, берун меоянд. Аз ҳамин ҷост, ки шудгори тирамоҳӣ гарави ҳосили фаровон ва яке аз воситаҳои муҳимтарини аз ҳашароти зараррасон эмин доштани ҳосил ба ҳисоб меравад. Ба вақти шудгор хок нарму ковок ва ҳангоми барфу борон, хусусан қавсобу яхоб, тухми ҳашароти таркиби хок нобуд мегардад.
Ҷашни Меҳргонро иди Офтоб ҳам хондан метавон, зеро ҳусни беназири фасли тирамоҳро дар партави Офтоби оламоро дармеёбем, ки чи қадар зебост. Хуршеди ҷаҳоноро ҳама рустании сабзондаву расондаву пазондаашро ҳангоми Меҳргон ба ранги худ бармегардонад, замин, боғу роғро тиллокорӣ мекунад. Манзараи тобиши меваҳои расидаи шохи дарахтонро лаҳзае пеши назар оварем: себ, лимӯ, анҷир, санҷид, биҳӣ, шафтолу, анор, ангур, ки дар ин ҳангом шираву шарбат афзуда, андар сари шохаҳо ҳамсони Офтоб ҷило медиҳанд, ба чашм аҷаб гуворову шодиафзо менамоянд. Чунин назокати табиат, аз баракати Иди Меҳргон аст.
Асомуддин ЗУҲУРОВ,
номзади илмҳои кишоварзӣ