ТОҶИКИСТОН ВА ҶАҲОН. АҲАМИЯТИ ҶАҲОНШУМУЛИ ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Солҳои охир сиёсатмадорону коршиносон зимни конфронсу нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз хатарҳои тағйирёбии иқлим ҳушдор дода, оқибатҳои онро барои инсоният харобиовар арзёбӣ мекунанд. Таҳлилгарон воқеият ва оқибатҳои манфии ин равандро дар баланд шудани сатҳи оби баҳрҳо, об шудани пиряхҳои азим, ки яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккулёбии обҳои тоза мебошанд, марбут медонанд.
Воқеан, таҳлилҳои ахири доираҳои илмӣ ва институтҳои гуногуни ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки мушкилоти вобаста ба об ва тағйирёбии босуръати иқлим масъалаи бисёр мубрами ҳаёти башарӣ гардидааст. Ҳоло ба назар мерасад, ки ҳарчанд ин масъалаи ташвишовар беш аз ҳар вақти дигар дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст, вале иқдому амалҳои муштарак ҷиҳати рафъ намудани пайомадҳои фалокатбори он таккони ҷиддӣ мехоҳад.
Имрӯз тамоми кишварҳои олам эътироф намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба обу иқлим давлати пешоҳангу ташаббускорест, ки талош дорад, ҳаёти инсониятро аз фоҷиаҳои эҳтимолии иқлимӣ наҷот бахшад. Дарвоқеъ, кишвари мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти он ки, омилҳои манфии тағйирёбии иқлим ва мушкилоти об барои ҷомеаи башарӣ ва табиати атроф хатару таҳдиди ҷиддиро ба бор меорад, беш аз ду даҳсола боз ташаббусҳои ҷаҳониро дар самти об ва мудирияти он роҳандозӣ менамояд. Далели ин амр дар он собит мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат панҷ ташаббуси байналмилалиро оид ба ҳалли муаммоҳои ҷаҳонии обу экология пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби давлатҳо қабул ва эътироф гардида, мавриди амал қарор доранд. Агар силсилаи ташаббусу иқдомоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самтро ба ёд орем, Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 аз минбари Созмони Милали Муттаҳид аввалин ташаббуси худро оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза” пешниҳод карда буд. Баъдан, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 “Соли ҳамкориҳо дар соҳаи об”, солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд. Ташаббуси навбатӣ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонии 153 кишвари узви Созмон пазируфта шуд, ки ин амр эътибори кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурд.
Бояд гуфт, ки ташаббуси нав ҳанӯз моҳи марти соли 2021, зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа шуда буд. Он замон Сарвари давлати мо таъкид намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Дар ин робита, пешниҳод гардид, ки бо таваҷҷуҳ ба ин масъала соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Албатта, вақте дар бораи иқдомоти сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат сухан мекунем, ҳазамон, қабули 9 қатъномаи марбут ба об аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ дар зарфи 20 соли охир мавриди назар қарор мегирад, ки дар заминаи пешниҳодҳои Тоҷикистон сурат гирифтааст. Ҳоло ин ҳуҷҷатҳо ба ҳамкории фаъоли ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва ҳамоҳанг сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти об таъсири мусбат расондаанд, ки як намунаи барҷастаи он натиҷаҳои назарраси Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки бо ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд аз 22 то 24-уми марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк доир гардид, ба ҳисоб меравад. Ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ, ки амалан дар доираи татбиқи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон сурат гирифт, бори дигар ба дурустии сиёсати башардӯстонаи Сарвари давлати тоҷикон ва мавқеъгирии хайрхоҳона нисбат ба зиндагии аҳли башар муҳри тасдиқ зад.
Суханорои МУРОДБЕК,
ноҳияи Ёвон