ХОРУҒ. ШУКӮҲИ НИГИНИ БАДАХШОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
Бадахшон чатри симини замин аст,
Табиатро дар ангуштар нигин аст.
Лоҳутӣ
Барои ҷаҳонгардони хориҷиву ватанӣ, меҳмонони сершумор ва ҳар шахсе, ки бори нахуст ба маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ, меояд, ин маъмани дилрабову рӯшангари чашмони ҳайратзада мафтунашон месозад, ҳарчанд дар оғӯши кӯҳҳои сар ба афлок қомат афрохтааст ва ба хаёл чунин мерасад, ки имкони доман заданаш ба масири водиҳо кам аст. Аммо ин танҳо дар назар аст. Шаҳр дар зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ ба тулу арз доман густурдааст.
Ба ҳайси рӯзноманигори “Ҷумҳурият” чандин сол дар ин шаҳри зебо ва дилорои "Боми ҷаҳон"-и тоҷикон, нигини пурҷило дар ангуштарини кӯҳҳои Помир, кор кардаам. Шаҳр дар ду соҳили дарёи Ғунд бунёд ёфтааст. Аз мавзеи Тем ибтидо гирифта, то ба наздикиҳои долони нақлиётгузари деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ва ҳудуди Боғи ботаникию деҳоти водии Шоҳдара, маҳаллаи Ниводаки самти ноҳияи Ишкошим тул мекашад. Нишебу фарозҳои зиёде дорад, мисли шаҳрҳои кӯҳистони Швейтсария, Италия ва Зеландияи Наву Чили.
Макони нави истиқоматии Дашти Болоро намегӯед? Ин гӯшаи шаҳр ҳам, ки ба мисли маҳаллаи Хуфак дар баландиҳои баланд ҷойгир аст, аз чашми сайёҳон дур афтодаву ба чашм камтар мерасид. Ба шарофати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафарҳои зиёди кории худ ба Бадахшон ба роҳбарону масъулон иброз медоштанд, маркази вилоят хеле рушд кард. Ба баландиҳо доман густурд, роҳҳо кушода, пулҳо сохта шуданд, бунгоҳҳои тиббӣ, мактабҳо, мағозаҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ қомат афрохтанд. Амалҳои беқиёси ободонӣ ва бунёдгарӣ роҳандозӣ гардида, ба таври шинохтанашаванда симои Хоруғро дигаргун кардаанд.
Дар ҳафтод соли даврони шуравӣ дар ин маркази маъмурии вилоят баландтарин бино чорошёна буд. Навад фоизи иморатҳо якқабатаву роҳу кӯчаҳо танг буданду бисёрашон шабона рӯшноӣ надоштанд.
Ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагии ҳамешагӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ ибтидо гузошта шуд. Акнун дар соҳилҳои рӯдхонаи ҳаётбахши Ғунд, ба мисли дарёи Душанбеи пойтахти кишвару марказҳои маъмурии вилоятҳои Хатлону Суғд: Бохтару Хуҷанд ва дигар манотиқи мамлакат иншоот ва биноҳои аз нуҳ то шонздаҳошёна ва аз ин ҳам баландтар бунёд шуда истодаанд. Иморатҳои пастаки бобоӣ акнун ангуштшумор мондаанд. Кӯчаву хиёбонҳо, майдонҳо, роҳҳо то маҳаллаҳои Ниводаку Дашти Боло, Боғи ботаникӣ ва Хуфак бо ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода чароғон шудаанд.
Зарур ба ёдоварист, ки аҳли заҳмати ин ниҳодҳои роҳдорӣ бо дастгирии Вазорати нақлиёти кишвар дар барқарорсозии пули пиёдагузари назди бозори марказии шафати маҳаллаи беморхонаи вилоятӣ фидокорӣ нишон дода, аз уҳдаи кори мушкил бо сарбаландӣ баромаданд. Ҳамчунин, онҳо дар чор фасли сол дар ҳолати истифодабарӣ нигаҳ доштани шоҳроҳи байналмилалии автомобилгарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма ва садҳо километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллидошта чораҳо андешида, дар иҷрояшон саҳми арзанда мегиранд. Нақши дастони ободгар ва бунёдкори роҳдорон дар ҳама корҳои созандагӣ ва амалҳои шоиста ба назар мерасад.
Солҳои охир шумори нақлиёт қариб даҳчанд зиёд шудааст. Аз роҳи марказии шаҳр мошинҳои сабукраву боркаш ба ҷониби деҳоти водиҳои Ғунд, Шоҳдара, Ғорону Вахон, дуриҳои Помири шарқӣ, ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб ҳаракат мекунанд.
Имрӯзҳо сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои қисми болоии Бадахшон, меҳмонони сершумор ва ҷаҳонгардони хориҷӣ аз он шоду мамнунанд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари навсозии қитъаи 109-километраи шоҳроҳи Қалъаихумб – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, инчунин, амалҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ дар вусъатёбии шоҳроҳи байналмилалии Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма оғоз гаштаанд. Ба гуфтаи мушовир, намояндаи Вазорати нақлиёти кишвар Гулаёз Рамазонов, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар пули нақлиётгузари мавзеи “Селхозтехника” – Шарифобод аз болои дарёи Ғунд оғоз шудааст. Дарозии ин иншоот зиёда аз 200 метр, паҳноиаш 15 метр буда, тавоноии борбардориаш беш аз 100 тоннаро ташкил медиҳад. Аз ду тарафи пул пиёдароҳҳо сохта мешаванд. Ҳамчунин, зиёда аз як километр роҳи ду тарафи пул мумфарш ва чароғон мегардад. Ин иншооти ниҳоят зарурӣ барои сокинони Бадахшон бо маблағгузории Ҳукумати кишвар ва Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби паймонкор, ширкати сохтмонии "Чайна Роуд энд бримдж корпорайшен" дар ҳамдастӣ бо коргарон ва мутахассисони тоҷик то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Баъди сохта шудани пул низом ва тартиби ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ пурра таъмин мегардад.
Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар даромадгоҳи деҳоти водии Ғунд оғоз ёфтаанд. Бояд гуфт, ки тобистони соли 2015 бар асари селборони шадид аз дарёчаи кӯҳии Барсемоб сели калон фаромада, боиси дамидани сатҳи дарёи Ғунд гардида буд. Сел зиёда аз 3 километр роҳи Хоруғ – Мурғобро вайрону валангор намуд. Роҳсозон бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати нақлиёт ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз камари кӯҳҳо ва пуштаҳо роҳи нав сохтанд. Ҳамзамон, дар бунёди шаҳраки нави аҳолинишини Раҳмонобод низ, иштироки фаъолона доштанд.
Ба гуфтаи директори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и вилоят Далер Мукаррамшоев, ин қисми роҳ, ба мисли қитъаи Даштак, аз хавфноктарин ва мушкилтарин мавзеи роҳҳои дуродури Помир ба ҳисоб меравад. Алалхусус, дар фасли зимистон ва айёми баҳорон мушкилоти зиёдеро барои роҳдорон ба бор меорад. Вале роҳсозони Бадахшон чун кӯҳҳои Помир дар назди душвориҳо устуворанд ва вазифаи худро сарбаландона ба ҷо меоранд.
Акнун корҳои сохтмонӣ дар роҳи даромадгоҳи водии шукуфон ва паҳновари Ғунд низ оғоз гаштаанд. Дар ин масир 1 пул, 2 долони зиддитармавӣ дар масофаи 1,6 километр ва 4 истгоҳи замонавӣ бунёд мегарданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар шаҳри Хоруғ, 18-уми августи соли 2023, дар суханронии пурмуҳтавояшон иброз доштанд, ки дар сохтмони роҳҳо садҳо сокинони маҳаллӣ метавонанд иштирок намуда, барои дарёфти ҷои кор ба дигар кишварҳо нараванд.
Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлат Бадахшони дилнавоз дорои шоҳроҳи обод, тахту ҳамвор, мумфарш, чароғони ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ мегардад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
собиқадори “Ҷумҳурият”