МУЛОҚОТИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ИМА
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори ИМА Мануэл Микаллеро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Маҷлиси миллӣ ба мо иттилоъ доданд, ҷонибҳо аз раванди густариши равобити дӯстона ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА изҳори қаноатмандӣ карданд. Зикр гардид, ки давоми сӣ соли муносибатҳои дипломатӣ муколамаҳои мунтазами роҳбарони ду давлат ва машваратҳои сиёсӣ дар қолабҳои гуногун барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба мусоидат намудаанд. Дар ин раванд ҳамкории байнипарламентӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба шумор рафта, тарафҳо ҳавасмандии худро баҳри густариши минбаъдаи онҳо изҳор доштанд.
ВОХӮРИИ ИДИБЕК ҚАЛАНДАР БО АШИТА МИТТАЛ
Дар шаҳри Вена мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Дафтари СММ Идибек Қаландар бо намояндаи минтақавии раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ Ашита Миттал баргузор гардид.
Аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UNODC дар доираи лоиҳаҳои Созмони мазкур ва абзорҳои дахлдори минтақавию байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули афкор намуданд.
ОҒОЗИ РАВАНДИ СОХТМОНИ 19 МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ
Дар Вазорати молия маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии як қатор муассисаҳои таҳсилотӣ, марҳалаи 5» баргузор гашт.
Аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки ҳадафи асосии лоиҳа сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таҳсилоти миёна, беҳтар намудани муҳити таълим ва мусоидат ба таҳкими низом барои татбиқи устувори системаи таҳсилоти фарогир ва ба салоҳият асосёфта мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 20 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, пурра аз ҳисоби маблағҳои қарзи имтиёзноки Фонди саудии рушд маблағгузорӣ мегардад. Баъди пурра сохта мавриди истифода қарор доданашон 30 ҳазор хонанда бо ҷойи нишаст таъмин хоҳад шуд.
ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Бо ташаббуси Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Россия ва дастгирии котиботи СААД дар шаҳри Москва дар мавзуи «Вазъи Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақа» Конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Ба «Ҷумҳурият» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ иттилоъ доданд, ки дар кори Конфронс намояндагони Россия, Эрон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон иштирок карда, доир ба вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон пас аз ду соли ҳукумати «Толибон», пайомадҳои он барои давлатҳои ҳавзаи СААД ва берун аз он мубодилаи афкор намуданд.
МАШҒУЛИЯТҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ COLLASIA – 2023 ДАР ДУШАНБЕ
Дар Осорхонаи миллӣ машғулиятҳои байналмилалии омӯзишӣ таҳти унвони «Қоидаҳои илмии нигоҳубини коллексияҳо (CollAsia – 2023)» баргузор гардиданд.
Машғулиятҳо бо ташаббуси Осорхонаи миллӣ дар якҷоягӣ бо Маркази байналмилалии тадқиқотӣ оид ба ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангӣ (ICCROM) ва шарикии Институти миллии тадқиқотии мероси фарҳангиву Маъмурияти мероси фарҳангии Ҷумҳурии Корея (NRICH – CHA) сурат гирифтанд. Машғулиятҳо тавассути маърузаҳои сатҳи баланди интерактивӣ, дарсҳои амалӣ, аз ҷумла кори гурӯҳӣ ва боздидҳои омӯзишӣ гузаронда шуда, иштироки кормандони бахшҳои гуногун ва фарҳангҳои мухталиф муҳити мусоид фароҳам оварданд, ки муошират ва иштироки муассир таъмин гардад. Чуноне ки аз Осорхона ба мо иттилоъ доданд, дар доираи машғулиятҳои байналмилалӣ мутахассисони ботаҷриба аз Ҷопон, Дания, Малайзия ва Сербия ба иштирокчиён дарс доданд.