ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУҲИТИ ЗИСТ.  ТАЪСИРИ МАНФИИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАД

МУҲИТИ ЗИСТ.  ТАЪСИРИ МАНФИИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОРӢ ПЕШГИРӢ КАРДА МЕШАВАД

12 октябр 2023, Панҷшанбе
50
0


Пресс-тури навбатии журналистони эколог, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист роҳандозӣ гардид, дар мавзуи «Пешгирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ба муҳити зист» сурат гирифт. Дар пресс-тур беш аз 20 намояндаи воситаҳои ахбори омма ширкат варзида, оид ба вазъи баамаломада аз таъсири фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба аҳолӣ ва муҳити зист ибрози андеша ва таклифу пешниҳодҳо карданд.

Саидусмон Судуров, сардори маркази назорати таҳлилию ташхисии Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор дошт, ки фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҷумҳурӣ аз ҷониби маркази назорати таҳлилию ташхисӣ мавриди назорат ва санҷиш қарор дода мешавад. Маркази мазкур яке аз ҷузъҳои таркибии Кумита ба ҳисоб рафта, тибқи ваколатҳои Ҳукумати мамлакат, вазифаи он ҳамчун мақомоти ҳифзи муҳити зист пешбурди назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад. Марказ аз чор шуъбаи назоратӣ иборат буда, шуъбаи назорати таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ ва назорати партовҳо ба ҳавои атмосфера аз шуъбаҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд. Шуъбаи назорати шӯршавии замин ва таъсири заҳрхимикатҳо, ҳамчунин, шуъбаи назорат ва таъсири  партовҳои ҶСК «Ширкати алюминийи тоҷик» ба муҳити зист аз шуъбаҳои муҳими  марказ мебошанд. Дар доираи назорат ва санҷишҳо гузарондани ченкуниҳои инструменталӣ, бурдани корҳои ташхисӣ оид ба муайян кардани  фаъолияти иншоотҳо ва таъсиррасонии онҳо ба стандартҳои тасдиқшуда ва меъёрҳои муқаррарнамуда анҷом дода мешавад. Пеш аз ҳама, фаъолияти шахсони ҳуқуқию воқеӣ, корхонаю ташкилотҳо ва дигар объектҳои ба муҳити зист таъсири манфидошта аз санҷиш мегузаранд. Барои мисол, шуъбаи назорат ва таҳлили таъсири партовҳо манбаъҳои обии аз ҳисоби шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо ифлосшавандаро назорат мебарад. Тибқи иттилои маркази назорати таҳлилию ташхисӣ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар самти назорат ва таҳлили манбаъҳои обӣ 133 иншоот аз санҷиш гузашта, 187 намунаи оби партов гирифта шуд, ки дар 77 намуна моддаҳои зарарнок ошкор гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, таъсири партовҳо ба манбаъҳои обӣ, асосан, аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои саноатӣ мебошад, ки об бештар истифода менамоянд. Ифлоскунандаи дигари захираҳои обӣ ин хатти канализатсионии (шоҳлӯлаи) шаҳру ноҳияҳо ва фаъолияти нуқтаҳои хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳолати бештари ифлоскунии манбаъҳо ба вилояти Суғд рост меояд, зеро ин ҷо нуқтаҳои хизматрасонӣ, хусусан нуқтаҳои шустушӯи мошин ва ошхонаю тарабхонаҳо, зиёд буда, маҳз онҳо манбаи ифлоскунандаи захираҳои обианд. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳа дар назди нуқтаҳои хизматрасонӣ ҳарчи зудтар сохтани ҳавзи обтозакуниро тавсия медиҳанд. Бояд дар самти зарфшӯӣ низ, дар чандин корхонаю коргоҳҳо бо бунёди ҳавзҳои обтозакунӣ истифодаи такрории об роҳандозӣ шавад.
Саидусмон Судуров, зикр кард, ки барои беҳтар кардани фаъолияти марказ бо дастгирии шарикони рушд автомошинаи махсус бо имконияти ташхиси ҳафт нишондиҳанда ва гузарондани ченкуниҳо дастраси мутахассисон шудааст. Тавассути автомошина партофтани партовҳо ба ҳаво чен карда мешавад. Баъзе газҳои заҳрноке ҳастанд, ки бӯй надоранд ва бо чашм дида намешаванд, вале дар сурати зиёд ихроҷ шуданашон ба ҳаво ба солимии аҳолӣ таъсири манфӣ доранд. Ба мисоли оксиди карбон, нитроген ва оксиди сулфур.
Ченкуниҳо аксаран дар манбаи партовҳо, минтақаҳои фаъолияти кормандон ва муҳофизатии санитарӣ гузаронда мешаванд. Минтақаи муҳофизатии санитарӣ гуфта, минтақаи муайяне дар назар дошта мешавад, ки барои ҳар як корхонаи саноатӣ пешбинӣ шудааст. Масалан, дар корхонаи сементбарорӣ барои истеҳсоли 300 ҳазор тонна маҳсулот ҳудуди минтақаи муҳофизатӣ то 500 метр муқаррар шудааст. Агар ҳаҷми истеҳсолот солона аз 150 ҳазор тонна зиёд гардад, ҳудуди минтақаи муҳофизатӣ ба як километр кушод карда мешавад. Дар минтақаи муҳофизати санитарӣ истиқомати аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, киштукори зироат манъ аст, чунки дар ҳамин масофаи муайян консентратсияи моддаҳои таркиби ҳаво аз меъёр зиёд мешаванд. Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо фаъолияти баъзе корхонаҳо бе минтақаи муҳофизати санитарӣ ба роҳ монда шуда, сокинон дар наздикии корхонаҳои саноатӣ иқомат доранд.  Экспертизаи давлатии экологӣ, ки мутобиқати фаъолияти пешбинишуда ба муҳити зист ва андешидани тадбирҳо барои кам кардани таъсири фаъолият ба муҳити зистро таъмин менамояд, баъзан ҳолати воқеии таъсири корхонаҳоро наомӯхта, хулосаи мусбат медиҳад, ки дар натиҷа, зарар ҳам ба корхона ва ҳам ба аҳолӣ мерасад. Аз ин лиҳоз, илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфтаанд, аз давраи тайёр кардани ҳуҷҷатҳои фаъолияти корхонаҳо то тақсимоти замин масъалаи мазкур бояд дуруст дида шавад. Экспертизаи босалоҳият бояд қитъаи заминро омӯхта, дуруст баҳо диҳад, то дар оянда таъсири фаъолияти пешбинишудаи корхонаҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист камтар бошад. Чандин корхонаҳои саноатиро зарур аст, ки  таҷҳизоти ҳавотозакунии худро фаъол намоянд, зеро ҳолатҳои зиёде дида мешаванд, ки таҷҳизоти ҳавотозакунӣ насб шудаанд, аммо кор намекунанд ва партовҳо тариқи садамавӣ ба ҳаво партофта мешаванд. 
Партофти бештари партовҳо аз ҳисоби воситаи нақлиёт буда, қариб 200 намуд моддаи заҳрнокро дар бар мегирад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар 84 иншоот санҷиши сифати ҳаво гузаронда шуда, дар 13 иншоот ҳолати аз меъёр зиёд ихроҷ кардани партовҳо ба қайд гирифта шуд, ки аз масъулони соҳа андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Мутахассисони соҳа изҳор менамоянд, ки дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар бояд назорат ва санҷиши коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, бо назардошти таъсири манфӣ нарасондани онҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист, бештар карда шавад. Барои ин дар маркази назорати таҳлилию ташхисӣ тамоми  шароит фароҳам оварда шудааст.

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 10.10.2023 №: 201
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив