СОҲИБКАСБ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ ШОДӢ САФАРОВ
Дар таърих номи онҳое сабт мегардад, ки дақиқан дар як самт ба мақсуд расидаву ба мардум хизмати арзанда карда бошанд. Шуҳрати инсонро танҳо кору пайкори ӯ муайян карда, ёду номи ӯро дар дили халқ гиромиву ҷовидон нигоҳ медорад. Онҳо аз худ гузашт намуда, тамоми талошашонро барои ободии диёр ва сулҳу оромии он равона месозанд. Ин гуна инсонҳоро сарсупурдаи миллат меҳисобанд, ки табиби ҳозиқ Шодӣ Сафаров аз ҷумлаи онҳост.
Шодӣ Сафаров 25-уми сентябри соли 1961 дар яке аз деҳаҳои зебоманзари ноҳияи Айнӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Баъд аз хатми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ба номи Абдулқодири Бедил ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дохил мешавад. Аз рӯзҳои аввали таҳсил худро ҳамчун донишҷӯи фаъол ва меҳнатдӯст нишон дода, соҳибиихтисос гардид. Соли 1987 баъди хатми Донишгоҳ ба беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) роҳхат гирифт. Ҷавони суғдӣ чун ба Қӯрғонтеппа омад, мардуми ин минтақаро дӯст дошт ва чун наздикони худ қабул намуд.
Шодӣ Сафаров қадам ба қадам дар соҳаи тибби кӯдакона пешрафт кард ва чун табиби кордону тахассусманд дар минтақа ва вилоят мақомаш баланд шуд. Шогирдони зиёдеро тарбия намудаву ба воя расондааст.
– Агар гӯям, аз рӯзи ба ақл расидан пешаи табибиро дӯст медоштам, шояд хато накунам. Ҳар касеро бо ин хилъати сафед медидам, мепиндоштам, ки қалбаш мисли либос сафеду пок аст ва тамоми сиёҳиву бадиҳоро аз худ берун менамояд. Бинобар ин, дар дили кӯчакам муҳаббати ин касб ҷӯш мезад ва орзуву тасаввур мекардам, ки ин либос ба ман зебанда аст, – гуфт Шодӣ Сафаров бо ёдоварӣ аз даврони кӯдакиву наврасӣ. Ӯ афзуд, ки маҳз табиби кӯдакона шудан мушкилтар аст ва аз кас донишу таҷрибаи зиёд талаб мекунад. Агар табиби калонсолон бошӣ, метавонӣ дарди маризро шояд осонтар пайдо намоӣ. Чун шахси калонсол нуқтаи дарди баданашро нишон дода метавонад, аммо кӯдак агар гурусна монад ва ягон ҷои баданаш дард бикунад, фақат гиря мекунаду халос. Ин ҷо маҳорати касбии табиб нақши муҳимтар мебозад.
Бинобар ин, агарчи таҷрибаи кории қариб 40-сола дар соҳаи тиб дорад, вале ҳамоно ба омӯзиши пайдарпай дода мешавад. “Аз гаҳвора то гӯр илм биомӯз” -ро шиори зиндагӣ кардааст.
Чанд рӯз пеш Шодӣ Сафаров 62-сола шуд. Рӯзи таҳияи маводамон ӯро сари оғуштаи андешаҳои печида дарёфтем, ки ҳаёти худро гӯиё таҳлил мекард.
«62 соли умр ва қариб 40-соли кору фаъолият ба ман ва мардуми ман чӣ дод ва оё ба дарди касе дармони ҳақиқӣ бахшида тавонистам ё касеро ранҷондам? Хулоса, чанд рӯз аз ин меандешам ва суолҳо зиёданду на ҳамаи посухҳо дар ёд мондаанд. Аммо ба ҳар сурат, умри боқимондаро дар ҳамин соҳа ва хизмати халқи бузургвори Тоҷикистон хоҳам бахшид», – иброз дошт ӯ.
Ҳоло қаҳрамони мо мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мебошад, аммо аз пешаи табибӣ ҳаргиз худро дур намегирад.
Хизматҳои ӯро давлату Ҳукумат бо чанд сипосномаву ифтихорномаҳо ва медалҳои ҷашнӣ қадр намудааст. Аз ҷумла, соли 2007 барои хизматҳои шоёнаш бо нишони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷиистон сарфароз гардид.
Ҳолномаи устод таҷассумгари ҳаёти ибратбахш барои ҳар фарди ҷомеа аст.