ШАҲБОНУИ СИНАМОИ ТОҶИК
Чанде қабл марг риштаи умри Муҳаббат Сатториро канд. Ӯ рафту як олам ҳасрат дар дили ёру дӯстон монд. Ҳамагон бо як овоз мегуфтанд: "Муҳаббати ҳунар рафт. Бале, ӯ Муҳаббати ҳунар, Муҳаббати театру синамо, Муҳаббати телевизион, Муҳаббати мардум буд".
Зикри ёдномаи дӯстону ҳамкорон кӯшишест барои бозтоби дигарбораи чеҳраи ошнои ин бонуи ҳунар.
Асли худаш буд
Муҳаббат Сатторӣ аз зумраи он ҳунармандонест, ки дар умри на чандон тулонӣ тавонист бо барномаҳои мондагораш дар телевизиону филмҳои диданиаш дар синамо ва нақшҳои офаридааш дар театр номи худро ҷовидонӣ гардонад. Ӯ намоди бонуи ҷасур, қавиирода, модари меҳрпарвар, коргардони кордон, ҳунарманди нотакрор буд. Духтари деҳ буду дар қатори элитаи шаҳр ҷой дошт. Бо фарҳанги волою ғурури хос, салобату малоҳаташ миёни дигарон фарқ мекард. Ӯ нусхаи касе не, асли худаш буд. Ҳар гоҳ сухан аз Муҳаббат Сатторӣ равад, аз забони дӯстону ҳамкоронаш шаҳду шакар мерезад. Боэҳтиёт ва ҳам боэҳтиром дар борааш ҳарф мезананд, ки гӯӣ ӯ дар рӯбарӯяшон аст.
Аз зумраи ҳунармандони бузург
Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, мунаққиди театр, бар ин назар аст, ки маҳз театр ӯро дар олами ҳунар чун шахсияти нотакрор муаррифӣ намуд. Агар таҷрибаҳои муваффақонаи театриаш намешуданд, гумон аст, ки Муҳаббат Сатторӣ дар синамо низ, дастёб гардад.
– Ҳунармандони номӣ дар маркази намоишҳо қарор мегиранду бозигарони бузург набзи спектаклҳоро муайян месозанд. Муҳаббат Сатторӣ аз зумраи ҳунармандони бузург мебошад. Агар Ҷулйеттааш (намоиши «Ромео ва Ҷулйетта»-и Мирзоватан Миров дар Театри ба номи Абулқосим Луҳутӣ, аз рӯйи пйесаи ҳамноми Уилям Шекспир) бо назокат ва нафосати махсуси хеш ба ин асари саҳнавӣ обуранги хос бахшида бошад, Маликааш аз намоиши телевизионии «Саламон ва Абсол»-и Тоҳир Баҳромов (достони Абдураҳмони Ҷомӣ) дар меҳвари воқеаҳо қарор гирифта, дар тавзеҳи он нақши асосиро мебозад, – мегӯяд мунаққид.
– Ҷулйеттаи Сатторӣ бо нархи ҷон бошад ҳам, тасдиқ месозад, ки танҳо муҳаббати пок асоси зиндагӣ ва бақои инсониятро ташкил медиҳад. Актрисаи ҷавон образи нахустини саҳнавии хешро ба гимни озодӣ табдил дод, ки дар таърихи театр хеле кам ба чашм мехӯрад. Ва ин ҳам солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ.
Муҳаббати Малика ба Абсоли ҷавон низои асосии асари дувум буда, дар симои қаҳрамони хеш Муҳаббат Сатторӣ аз ҳисси беозори дӯст доштан, то ба нафрати шадид расидани ин муҳаббатро хеле устокорона нишон медиҳад. Тули намоиш мо шоҳиди он мешавем, ки чи гуна як олиҳаи ҳусн ва зебоӣ ба ифрите табдил меёбад. Ӯ ҳама кас ва ҳама чизеро, ки барои расидан ба мақсадаш ба ӯ халал мерасонад, нобуд месозад. Дар ин ҳолат саҳна ҳам гӯё зери пойи Малика – Сатторӣ оташ гирифтааст. Ин оташ кулли мавҷудоти дар роҳаш буда, балки тамоми замину замонро ба коми оташ мекашад. Танҳо дар ҳамин лаҳза то ҳадди фоҷиаи бузург расидани воқеаҳоро эҳсос менамоед.
Муҳаббат ҳунарманде буд, ки метавонист тамоми паҳлуҳои табиати инсониро барҷаста ва, ҳамзамон, хеле нозук нишон бидиҳад. Нақши Суҳайл аз намоиши «Шабпарак хоб дид»-и Б. Абдураззоқов аз рӯйи асари «Ишқи нахустини Хоҷа Насриддин»-и Тимур Зулфиқоров дар Театри мазҳакаи мусиқии баноми Камоли Хуҷандӣ дар эҷодиёти ӯ мавқеи муҳим дорад. Ин фариштаи зебоӣ, ки ишқи нахустини Насриддин ҳам ҳаст, дар худ тамоми фалсафаи асарро гунҷондааст. Ин Суҳайли Муҳаббат аст, ки Насриддинро ба сафари руҳонӣ омода ва равона месозад. Суҳайл образест, ки нишонаҳои ҳам инсони заминӣ ва ҳам фариштаи осмониро дар худ ҷой додааст. Баръакси Маликааш, ки пой бар замини орзуҳо маҳкам гузоштааст, Суҳайли Сатторӣ дар само, рӯрӯйи дарахтон ва болои бом дар парвоз аст...
Муҳаббат Сатторӣ бо ин симои саҳнавии хеш таъкид месохт, ки ҳар қадар қалби инсон поку беолоиш бошад, ҳамон қадар осонтар ба зинаи камолот мерасад. Ҳамин гуна хусусияти дар кул дидани ҷузъ ва аз ҷузъ ба сӯйи кул рафтанро ҳунари Муҳаббат Сатторӣ дар худ таҷассум менамуд.
Абулҳай Зокиров: "Апаи Муҳаббат барои ман шаҳбонуи синамои тоҷик аст"
Абулҳай Зокиров, яке аз коргардонҳои шинохтаи синамои тоҷик, мегӯяд, ки аз овони мактабхониям апаи Мухаббатро мешинохтам. Дар Телевизиони "Тоҷикистон" барномае буд бо номи "Ёди ёри меҳрубон". Мо – як гурӯҳ писарону духтарон, дар ин барнома иштирок меварзидему ғазалҳои шоирони классику муосири тоҷикро мехондем. Апаи Муҳаббат пеш аз сабти барнома тарзи қироати шеърро ба мо меомӯхт. Бо гузашти солҳо ман донишҷӯ шудаму бо коргардони шинохта Тоҳир Баҳромов ҳамкорӣ мекардам. Ӯ моноспектаклҳо таҳия мекарду Муҳаббат Сатторӣ накшҳои калидиро иҷро. Истеъдодаш худодод буду нотакрор. Ҳамон солҳо дар фестивали театрии "Парасту" нақши марказии чанде аз намоишҳоро бозид. Аз ҷумла, дар намоиши "Саламон ва Абсол" нақши маликаро иҷро кард. Умуман, коргардонҳои зиёде мехостанд, ки ҳамроҳаш кор кунанд.
– Баъди чанд сол, боз дар Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм" ҳамкор шудем, – суҳбатро идома медиҳад Абулҳай Зокиров. – Ӯ дар ҷодаи синамо хеле филмҳои диданиро таҳия мекарду сермаҳсултарин коргардон ба ҳисоб мерафт. Ҳамеша кӯшиш менамуд, ки дар филмҳояш фарҳанги пурғановати миллати тоҷикро бозгӯ бошанд. Дар кор сахтгир буду серталаб. Баъдан, студияи "Суҳайл синаморо" таъсис доду роҳбариашро ба уҳда гирифт. Талош мекард, ки филмҳои хубу тамошобоб рӯи пардаи синамо оянд ва муваффақ ҳам шуд. Маро низ ба ҳамкорӣ даъват карда буд апаи Муҳаббат. Филмномаи "Бархез модар"-ро пешниҳод кардам. Писандаш афтод. Худаш продюссерии филмро ба уҳда гирифт, ман коргардониашро. Бароямон тамоми шароитро муҳайё кард. Хулоса, нақшаҳояш хеле зиёд буданд. Болои мизи корияш пур аз филмнома буд. Хеле афсус, ки орзуҳояшро ба хок бурд. То ҳол ба набуданаш бовар намекунам. Ӯ ҳамеша ҳамроҳи мост, зеро осораш номи ӯро зинда нигоҳ хоҳад дошт. Апаи Муҳаббат барои ман шаҳбонуи синамои тоҷик аст.
Инсони беозор буд
Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарманди шинохтаи кишвар, Муҳаббат Сатториро ҳамчун бонуи матинирода тавсиф мекунад, ки аз ноҳияи дурдасти Фархор омадаву дар пойтахти кишвар мақому обрӯ ёфт. Ба ҳар коре, ки ҳиммат мекард, муваффақ мешуд, чун хеле ҷиддӣ буд нисбат ба худу нисбат ба кор.
– Ҳамчун ҳунарпеша мегӯям, ки ҳунари олӣ дошт. Ҳамчун журналист барномаҳои ҷашнвораи "Парасту"-ро таҳия мекард, ки дар сатҳи хеле баланд буд. Ман ҳамроҳаш кор накардам, аммо аз забони ҳамаи ҳунармандон шунидаам, ки "марда мардош буд, Муҳаббат", – мегуфтанду мегӯянд. Доим маро медиду хостори ҳамкорӣ мешуд ва шӯхӣ ҳам мекард, ки аввал мӯи сарамро сиёҳ кунам. Ҳай механдидем... Инсони беозор буд, Муҳаббат Сатторӣ, – як лаҳзаи хотироташро нақл мекунад Мавлона Наҷмиддинова.
Баробари даргузашти Муҳаббат Сатторӣ, яке аз дӯстонаш Абдурозиқ Азиззода сӯгномае навишт. Ба гуфтаи ӯ, шодравон аз пешгомони соҳаи режиссура, ҳунарофарӣ, эҷодӣ, барномаҳои баландмазмуни касбӣ дар телевизион ва театр буд... Ҳамин ҳунарҳо шиносномааш дар умри кӯтоҳи ӯ гардиданд. Муҳаббат шайдову шефтаи ин ҷодаҳо буд.
Хизматҳои ин бонуи ҳунар бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мукофотҳои соҳавии Аълочии кинематографияи тоҷик, Аълочии фарҳанг ва Аълочии телевизион ва радио қадр шудаанд. Чанде пеш Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо мақсади абадӣ гардондани ном ва пос доштани хотираи неки ӯ мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз»-ро ба номи Муҳаббат Сатторӣ гузошт.
Бешубҳа, Муҳаббат Сатторӣ ситора буд, ситорае, ки дар фазои синамо ҳам дурахшу таровати хешро гум накард. Филмҳову нақшҳои офаридаи ӯ таърихи зиндаи миллати тоҷик, ҳувияти миллӣ, оинҳои мардумӣ ва идомабахшандаи суннати ниёгон аст.
Комрон САФАР,
“Ҷумҳурият”