ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГИДРОЭНЕРГЕТИКА АЗ СОҲАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР СИЁСАТИ ФЕЪЛИИ ТОҶИКИСТОН

ГИДРОЭНЕРГЕТИКА АЗ СОҲАҲОИ МЕҲВАРӢ ДАР СИЁСАТИ ФЕЪЛИИ ТОҶИКИСТОН

12 октябр 2023, Панҷшанбе
119
0

 
Гидроэнергетика яке аз манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Гидроэнергетика ба ҳайси таъмингари хонаву корхонаҳои саноатӣ бо неруи тоза хизмат карда, хизматрасониҳои гуногунро дар обёрӣ, идораи селу обхезиҳо ва кам кардани сатҳи хушксолӣ пешниҳод менамояд. Дар баробари шамол ва Офтоб, гидроэнергетика ҷиҳати декарбонизатсия кардани шабакаҳои энергетикӣ ва ҷамъият баҳри расидан ба хадафҳои устувор ба кишварҳо кумак мерасонад. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки гидроэнергетика бузургтарин истеҳсолкунандаи энергияи барқароршаванда дар ҷаҳон аст. Тибқи арзёбиҳо соҳаи гидроэнергетика тавлиди 16 дарсади неруи барқи ҷаҳонро ташкил медиҳад, ки ин ҳаҷм аз ҳама навъи энергияи барқароршаванда зиёд мебошад. Ягон кишвари дунё бидуни рушди ин соҳа дар оянда ба ҳадафҳои устувор ноил гашта наметавонад. Тибқи ҳисобҳои Агентии байналмилалии энергетикӣ (IEA) ба хотири дар сатҳи поён аз 1,5°C нигоҳ доштани ҳарорати ҳаво 1,300 гВт (1 300 000 мВт) иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ то соли 2050 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд. 
Дар пайравӣ ба гуфтаҳои боло, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти доро будан ба захираҳои бойи гидроэнергетикӣ, ки он дар ҳаҷми 527 миллиард кВт/соат дар як сол арзёбӣ шудааст, ин соҳаро ба сифати соҳаи калидӣ барои равнақ додани бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёти кишвар муайян кардааст. 
Манбаъҳои асосии захираҳои оби Тоҷикистон пирях, дарё, кӯл, обанбор ва обҳои зеризаминӣ ба шумор мераванд. Дарёҳо дар Тоҷикистон ба 947 адад мерасанд, ки дарозии умумии онҳо аз 28500 км гузашта, барои бунёди иншооти таъиноти гидроэнергетикӣ замина фароҳам меоранд.   
Тавре маълум аст, рушди соҳаи гидроэнергетика ба бунёди обанборҳои хурду бузург боис мегардад. Обанборҳо манбаи табиии захираҳои об ба ҳисоб нараванд ҳам, лекин дар танзимнамоии шориши дарёҳо барои истифодаи оқилонаи онҳо ба манфиати иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муҳим мебозанд. Имрӯз, фаҳмиши мафҳуми аҳамияти обанборҳо дар шароити зудтағйирёбандаи иқлим бештар эҳсос мегардад. Обанборҳо дар пешгирии селу обхезӣ ва муҳофизати иншооти хоҷагии халқи мамлакат аз таъсири харобиовари обхезиҳо, ки дар шароити Осиёи Марказӣ бисёр ба амал меоянд, хизмат мерасонанд. Ҳамин омил аст, ки Тоҷикистон тайи 20 соли охир обанборҳои нисбатан калонро бунёд намуда, дар баробари тавлиди неруи барқи тоза онҳоро бо мақсадҳои дигар барои равнақи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат истифода хоҳад намуд.  
Айни ҳол, иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон бо назардошти неругоҳҳои барқи обии хурд ба зиёда аз 5300 мВт баробар мебошад, аз ҷумла НБО “Норак”-3000 мВт, НБО “Бойғозӣ”-600 мВт, НБО “Қайроққум”-126 мВт, Силсилаи Вахш (285 мВт): НБО “Сарбанд”-240 мВт, НБО “Шаршар”- 30 мВт, НБО “Марказӣ”-15 мВт, Силсилаи Варзоб (27,4 мВт): НБО-и 1- 9,5 мВт, НБО-и 2-14,4 мВт, НБО-и 3-3,52 мВт, НБО “Сангтӯда-1”-670 мВт, НБО “Сангтӯда-2”-220 мВт ва ду гидроагрегати НБО “Роғун”. 
Дар баробари ин, корҳои вобаста ба таҷдиду азнавзозӣ дар якчанд иншооти гидроэнергетикӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолият доранд, ба роҳ монда шудаанд, ки барои тавлиди устувору бештари неруи барқ баъд аз таҷдид имконият медиҳад.  
Дар ин миён, ҳамзамон, Неругоҳи барқи обии “Роғун”  Неругоҳи калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш идома дорад.  
Ногуфта намонад, ки сохтмони НБО «Роғун» ҳамчун объекти тақдирсоз ва манбаи бузурги ҳаётан муҳими халқи Тоҷикистон дар доираи роҳандозии сиёсати кишвар барои рушди соҳаи гидроэнергетика ба роҳ монда шуд. Оғози фаъолияти ду навбати Неругоҳ рӯйдоди муҳими таърихии давлатдории халқи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки бо ҳарфҳои заррин дар таърих нигошта мешавад. Шиносоӣ пайдо кардан бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот руҳияи ватандӯстӣ ва ҳисси ифтихор аз Ватану ватандории ҳар нафарро афзун мегардонад. Неруи барқи истеҳсолшуда дар иншоот аз лиҳози экологӣ тоза буда, баъд аз пурра ба истифодадиҳӣ талаботи кишварро бо неруи барқ қонеъ ва баҳри рушди иқтисоди миллӣ такони ҷиддӣ мебахшад. 
Боиси қайд аст, ки дар баробари бунёди иншооти калони гидроэнергетикӣ ба сохтмони неругоҳҳои хурд низ таваҷҷуҳ зоҳир мегардад. Айни ҳол, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии НБО-ҳои хурд 297 адад бо иқтидорҳои аз 5 то 4300 кВт-ро ташкил намуда, иқтидори умумиашон ба 69,5 ҳазор кВт (69,5 мВт) баробар мебошад.
Барои равнақ додани соҳаи гидроэнергетика ва тараққиёти боэътимоди он аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, ба ин масъала диққати асосӣ равона гардид. Соли 2000-ум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” қабул шуда, тибқи он доир ба истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва таҳияву татбиқи барномаҳо дар ин самт, ҷалби сармоягузории ватаниву хориҷӣ, дастгирии давлатӣ ва муайян намудани мақомоти ваколатдор барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳа чорабиниҳо амалӣ гардиданд. 
Маҳз бо таваҷҷуҳ, азму талош ва ғамхориву роҳнамоиҳои  созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва, инчунин, бо  шарофати истиқлолияту ваҳдату ягонагӣ  Тоҷикистони азизи мо ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ қадам гузошт ва ба хотири равнақи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бунёди як силсила иншооти тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги таъиноти гидроэнергетикиро идома дода истодааст.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, ки ҳангоми мавриди истифода қарор додани онҳо на танҳо эҳтиёҷоти худиро дар тамоми фасли сол бо неруи барқ пурра қонеъ мегардонад, балки имконият пайдо мекунад, ки содироти онро ба кишварҳои минтақа ба роҳ монда, дар ин замина бахшҳои мухталифи соҳаи иқтисоди кишварро равнақ бахшад. 
 
Абдулфаттоҳ АБДУЛЛО, 
муовини сардори раёсати сиёсати 
энергетика ва захираҳои об, рушди илму 
техникаи Вазорати энергетика ва 
захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив