ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТЕАТР МАКОНИ МУҚАДДАС АСТ. ДАР СУҲБАТИ ТАҒОЙМУРОД РОЗИҚОВ 

ТЕАТР МАКОНИ МУҚАДДАС АСТ. ДАР СУҲБАТИ ТАҒОЙМУРОД РОЗИҚОВ 

12 октябр 2023, Панҷшанбе
30
0

 

Театр макони муқаддас аст, зеро дар саҳнаи он инсон мушкилии рӯзгори хешро чун оина равшан мебинад. Намоишҳои театр низ бояд тарзе гузошта шаванд, ки фарогири масъалаҳои беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ва ҷомеа бошад. Вале, мутаассифона, дар театрҳои мо имрӯзҳо зиёд намоишҳои фармоишӣ мегузоранд, ки яке аз сабабҳояш ин мушкилии молиявӣ мебошад. Ҷомеаи моро зарур аст, ба вазъи иқтисодии  театрҳо аҳамият диҳанд, дар ин сурат итминон аст, ки ҳолат хуб гардида,  намоишҳои рӯзмарра гузошта мешаванд.

Ин нуктаро Тағоймурод Розиқов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, зимни суҳбат иброз намуд. Суҳбати мо аз пайвандии ӯ бо ҳунар оғоз гардида, то мушкилоти ҷойдоштаи театрро дар бар гирифт. Ба андешаи устод, ҳунарпешагӣ пешаи заҳматталаб аст ва он аз шахс фидокориро тақозо менамояд.
Тули фаъолияти пурсамари худ Тағоймурод Розиқов дар намоишҳои зиёд нақш офаридааст ва ҳар яки он миёни ҳаводорон ҷойгоҳи хоса дорад. Дар ҳамин ҳол, тавре устод баён дошт,  беҳтарин нақши офаридааш дар саҳнаи театр образи устод Айнӣ аз намоиши “Гирдбод”  аст. 
– Нақши Айниро офаридан бароям нисбат ба дигар образҳои театрӣ писандида аст,  чунки дар паҳлуҳои гуногуни зиндагияшон ман монандии  рӯзгори хешро мебинам, – мегӯяд устод.
   Фаъолияти Тағоймурод Розиқов аз Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз ёфтааст ва ӯ яке аз поягузорони он мебошад. Устод бо самимият ва меҳри беандоза 52 сол  дар ин боргоҳ фаъолият мекунад.                                    
Соли 1971 ҳангоми хатми Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарский, устодони мо гуфтанд, ки дар кишваратон Театри ҷавонон буд, вале бо сабабҳои гуногун он фаъолияташро қатъ намуд.  Мо умедворем, ки шумо рафта, ин театрро зинда мегардонед. Ҳамин тавр, мо ҳайати бисту чорнафара ба Ватан баргашта, хоҳиши устодони худро ба ҷо овардем ва бо заҳматҳои зиёд фаъолияти ин театрро эҳё намудем. Аз ин ҳайат аксарият бо сабабҳои гуногун аз театр рафтанд, вале қисмати боқимонда шарафи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидовро тайи ин солҳо боло бардоштанд: аз ҷиҳати драматургия, ҳунар ва коргардонӣ. 
Тағоймурод Розиқов ҳунарманди гуногунпаҳлуст. Қаҳрамонҳое, ки дар театру синамо офаридааст, мухталифанд. Нақшҳои офаридаи ӯ дар саҳнаи театр, ба монанди  раис («Торҳои муҳаббат»-и Қ. Киром), Балъамӣ («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода), Дон Жуан («Як пула савдо, сад пула ғавғо»-и В. Шекспир), Ношинос («Гирдоби бало»-и А. Островский), Гӯрғулӣ («Заволи Чамбули Мастон»-и С. Айюбӣ), вазир («Падари миллат»-и А. Баҳорӣ), Туғрал («Туғрал»-и Қ. Киром) ҳаргиз аз хотири ҳаводорони санъати асил нахоҳанд рафт. Инчунин, филмҳое, ки дар онҳо мавсуф нақш офаридаанд, аз ҷумла “Дарди ишқ”, «Бофандагон», «Шикори охирин», «Доми шағолон», «Дар орзуи падар», "Нисо”, «Гирдоб», «Шамсиддин Шоҳин» ва амсоли инҳо, миёни ҳаводорони синамо маҳбубияти хос доранд. 
Дар баробари пешаи пурзаҳмати ҳунармандӣ, Тағоймурод Розиқов аз соли 1983  ба донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дарс мегӯяд. Барои ба камол расондани ҳунармандони мумтоз на худро дареғ медораду на вақтро, зеро барояш ободии театр авлотар аст.  
– Мутаассифона,  имрӯзҳо  омилҳое мавҷуданд, ки вазъи театрҳоро хароб мегардонанд, – мегӯяд Тағоймурод Роиқов. – Вақтҳои охир намоишҳое таҳия мешаванд, ки тамошобинро ба ин боргоҳи маърифат ҷалб карда наметавонанд. Театр бояд раҳнамои зиндагии мардум бошад, ки аз саҳнаи он бинанда камбудии худро дидаю ислоҳ карда  тавонад.  Бо ин ҳама, бояд гуфт, ки будани чунин намоишҳо зарар надорад, аммо онҳо ҳам бояд масъалаи беҳбудӣ, навоварӣ ва пешрафти инсониятро дар бар гиранд. 
Ҳамзамон, устод иброз медорад, ки ҳунарманд барои комёб шудан, бояд пайваста дар ҷидду ҷаҳд бошад, вагарна ба манзили мурод нахоҳад расид. Ва барои пешрафти кори ҳунармандон, бояд онҳоро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ кард, бахусус аз ҷиҳати молиявӣ.
 – Умед мебандем, ки дар ояндаи наздик соҳаи  театри кишвар рушд мекунад ва камбудиҳои  ҷойдошта аз  миён мераванд. Дар навбати худ, мо саъю  кӯшишҳои зиёд намуда  истодаем,  то  ҳунармандоне  омода намоем, ки ояндаи  театри  тоҷикро рушд диҳанд, – дар анҷоми суҳбат изҳор дошт Тағоймурод Розиқов. 

Судобаи ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.10.2023 №: 203
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив