ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

13 октябр 2023, Ҷумъа
48
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «АҶИБ»
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
1. Узви инсон. 2. Кӯза, зарфи сафолӣ ва ё филизӣ барои об ва шароб. 3. Онро самак ҳам мегӯянд. 4. Тахаллуси шоираи тоҷик. 5. Дараҷаи маълумот. 6. Ҷалолиддини Балхӣ ва ё ***. 7. Холӣ, тиҳӣ. 8. Натиҷаи ҳисобу китоб, рақамҳои дақиқ. 12. Шамоли форам. 13. Шахси ба дил наздик. 15. *** Адҳам, шоираи тоҷик. 16. «*** ба амал чу ёр гардад, Қадри ту яке ҳазор гардад» (Низомӣ). 20. Охиратро гӯянд. 22. «Ақл дар гӯши танам гуфт, ки *** адаб аст» (Мавлавӣ). 23. «Қомати хамгаштаи пирон нишони *** нест». 24. «Бад – ӯ гуфтам, ки мушкӣ  ё ***? (Саъдӣ). 25. Изҳор ё баён кардани фикр. 27. Нидо. 29. Дину ***.  
 
АЗ ЧАП БА РОСТ:
2. «Сару ***и  сомонӣ сар омад» (М. Қаноат). 6. Галаи чорпоён. 7. Давлат дар қитъаи Осиё. 9. Муқобили наздик. 10. Фасли сол. 11. ***ву  ишора. 12. Асосгузори  шеъри сафед. 14. Шаҳр дар Ҷумҳурии Туркманистон. 17. Оҳанг, овоз. 18. Донишмандро  гӯянд. 19. Як навъи қаланфур. 21. Шакли кӯтоҳшудаи исми муассисаи илмии мамлакат. 26. Шакли қадимии пешоянди «бо». 28. Кабир, бузург, азим. 29. Ихтисораи русии ҶДММ. 30. Моддае, ки аз гарди орди гандум, ҷуворимакка ва ғайра барои шах ва ҷилодор шудани матоъ тайёр мекунанд. 31. Калимае, ки дар охири дуо гуфта мешавад. 32. Ҳайвони  ёбоӣ, даштӣ.  
Мураттиб  Ҳотами  ҲОМИД, корманди ҳафтаномаи «Омӯзгор»
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
 
БАЛАНДТАРИН АНДОЗ АЗ ДАРОМАД
Бо дарназадошти он ки сатҳи маош дар Нидерландия дар ҷаҳон баландтарин аст (маоши миёна 2800-3000 евро дар як моҳ, ҳадди ақал тақрибан 1500 евро) ва меъёри андоз аз даромад тақрибан ба 50 дарсади он мерасад, шахсони воқеӣ дар ин кишвар ба буҷет хеле зиёд ҳаққи андоз  месупоранд. 
Дар Нидерландия меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ вобаста ба маблағи умумии даромади дар давоми сол гирифташуда аз рӯи ҷадвали муайян ҳисоб карда мешавад, ки он на танҳо музди меҳнат, балки дигар манбаъҳои маблағ (нафақа, алимент ва ғайра) – ро низ дар бар мегирад. Тибқи ин ҷадвал меъёри ҳадди ақалли андоз аз даромад 8,9 дарсад аз даромади умумӣ, ҳадди аксар аз 50 дарсад зиёд аст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО 
 
 
 
АЗ ТАҚДИРИ ПАСТ ТО ИҚБОЛИ БАЛАНД
«РЕАЛ» (МАДРИД) ЧӢ ГУНА ҲАВОДОРИ 
ҒАМЗАДААШРО САРПАРАСТ ШУД?
Пахши наворе, ки дар он Абдул Раҳими 14-сола аз Мароко баъд аз фавти аъзои оилааш бар асари заминларза талх мегирист, тақдири минбаъдаашро рақам зад. Дар навор, ки дили миллионҳо  нафарро дар саросари ҷаҳон ба дард овард, Абдул бо пероҳани дастаи футболи «Реал» (Мадрид)-и Испания, ки дар тан дошт, ашки чашмонашро пок мекард. Ин саҳна ба клуби овозадори футбол бетаъсир намонд ва роҳбарияти бошгоҳ писаракро ба Испания оварда, сарпарастии ӯро ба уҳда гирифт. Ҳоло Абдул бо манзили зист таъмин буда, дар муассисаи таълимии бонуфузе таҳсил мекунад ва аз ҳуқуқи тамрину бозомӯзӣ дар академияи футболи «Реал» низ бархӯрдор аст. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
“ВАҚТ ҒАНИМАТ АСТ”. СЕРДАРОМАДТАРИН ФИЛМИ ОЛАМ ДАР ТАЪРИХ
Филми ҳунарии «Вақт ғанимат аст» («Gone with the Wind», с. 1939, ИМА)-и коргардон Виктор Флеминг ба Китоби рекордҳои Гиннесс ҳамчун сердаромадтарин филм дар таърихи синамо ворид шудааст.  Чунин аст хулосаи коршиносони молиявӣ, пас аз ба инобат гирифтани сатҳи таварруми доллари ИМА.
Тибқи ҳисоби муҳаққиқон, он солҳои 1939-1940 дар намоишҳои ҷаҳонӣ 402 миллиону 382 ҳазору 193 доллар гирд овард, ки ҳоло муодили 4 миллиарду 192 миллион доллар мебошад. Бо ин натиҷа филм офаридаҳои коргардони маъруфи олам Ҷеймс Кэмерон «Аватар» (с. 2009, ИМА, 2,923,706,026 = 3 миллиарду 824 миллион доллар) ва «Титаник» (с. 1997, ИМА, 2,264,743,305 = 3 миллиарду 485 миллион доллар)-ро паси сар гузошт.  
Боиси тазаккур аст, ки филми «Вақт ғанимат аст» соли 1940 сазовори ҳашт ҷоизаи Академияи санъат ва илми синамои ИМА – «Оскар» гардида, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин филмҳои тамоми давру замонҳо шинохта мешавад. 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
 
МУСИҚӢ
ОН БА РУШДИ РУСТАНИҲО НИЗ ТАЪСИРИ МУСБАТ ДОРАД
Олимони Донишгоҳи омӯзгории Тянзин тасдиқ кардаанд, ки ҳангоми шунавондани мусиқии руҳафзо рустаниҳо то 10 дарсад бештар рушд мекунанд. Онҳо рӯзе панҷ-шаш маротиба мусиқиҳои шӯхро дар сатҳи 60-70 детсибел, ки аз гуфтугӯи муқаррарӣ каме баландтар аст, ба рустаниҳо мешунавонданд. Дар натиҷа, сатҳи афзоиши онҳо аз рустаниҳое, ки дар оромиш парвариш меёфтанд, хеле боло рафта, сатҳи сафедаи таркибашон 60 дарсад зиёд гардид. 
Тағйироти овозӣ ба 1296 гени рустанӣ, ки раванди фотосинтез ва назорати ҳормонҳоро амалӣ месозанд, бетаъсир намонд. Олимон ба ин кашфиёти хеш ном ҳам гузоштаанд. Ин равишро рустанипарварии акустикӣ номидаанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ 
ТАНГАҲОИ ГӮЁ
Соли 2007 бонки Муғулистон тангаи аҷиби нуқрагинро бо номинали тугрик ба теъдоди 5000 ба муомилот баровард. Онҳо тасвири Ҷон Кеннедиро  доштанд. Дар китфи рости ӯ тугмачаи хурди сиёҳ  ва чапаш динамики начандон калон насб шуда буд. Агар тугмачаро фишор диҳед, танга бо садои собиқ Президенти ИМА мегӯяд: «ICH bin ein Berliner» («Ман берлиниам»). Ин ибораро Ҷон дар нутқи худ 26-уми июни соли 1963 ду маротиба ба ҷонибдории берлиниҳои ғарбӣ ба забон овард. 
 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
 
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
“СИСТИН МАДОННА”
Шоҳасари  “Систин Мадонна”,  аз ҷониби рассом Рафаэл Санти дар соли 1513 офарида шудааст. Он аз соли 1754  ин ҷониб дар галереяи Устоҳои куҳна дар шаҳри Дрездени Олмон нигоҳ дошта мешавад. Ин расм аз ҷониби Попи Юлий 2 фармоиш дода шудааст. “Систин Мадонна”-ро Рафаэл барои қурбонгоҳ дар дайри муқаддаси Сан-Систо дар шаҳри Пиачензаи Италия офаридааст. Дар асри XVIII интихобкунандаи Саксония Августи III тавонист ин расмро ба даст оварад ва онро ба Дрезден барад, ки то имрӯз дар он ҷо боқӣ  мондааст. Тибқи ривоят, симои Мадонна хонуми  Рафаэл Маргарита Лути бо лақаби Форнарина буд, ки он дар дигар асарҳояш ҳам дида мешавад. 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
«ШЕРАК»
Баъд аз бозидани нақши Сталин дар филмҳои инқилобӣ маъруфияти ҳунарманди шинохта Михаил Геловани якбора боло рафт. Худи доҳӣ ҳангоми тамошои намоиши якум дар тааҷҷуб меафтад, ки ҳунарманд ӯро то ин ҳад олӣ бозидааст. Аз чунин як баҳои ғайриинтизор Геловани ба қавле «шерак» шуда, хоҳиш мекунад, ки барои хубтар шинохтани қаҳрамонаш ӯ бояд як муддат дар дача ҳамроҳи худи Сталин зиндагӣ кунад. Вақте хоҳиши ӯро ба доҳӣ мерасонанд, бе он ки дароз фикр кунад, чунин мегӯяд:
- Барои маро хуб шинохтан Геловани  бояд ба водии Турухан ба Сибири Шарқӣ бадарға шавад. Ман дар он ҷо Сталин шудам, на дар дача.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
УСУЛИ НАВИ ХОНАСОЗӢ
ДАР ОЛМОН АЗ ДОНАИ ҶУВОРИМАККА МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ ОМОДА МЕКУНАНД
 
Олмониҳо барои сарфаи энергия як идеяи олиҷаноб –  аз ҷуворимакка сохтани хонаро татбиқ намуданд. 
Гурӯҳи кории Донишгоҳи Геттинген (Олмон) лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигаҳдори устуворро аз донаҳои ҷуворимакка таҳия карда, бо ширкати “Bachl” шартномаи литсензионӣ баст.
«Ба шарофати ин раванди нав плитаҳои гарминигоҳдори безарар истеҳсол кардан мумкин аст. Махсусан, дар соҳаи пӯшиши (изолятсия) бино, ин кафолат медиҳад, ки маводи гарминигоҳдориро дигар танҳо аз маҳсулоти зараровар сохтан мумкин нест, - шарҳ додааст роҳбари гурӯҳи корӣ, профессор Алиризо Харазипур.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД…
Узвҳои бадани инсон баъд аз вафот то чанд муддат бо ӯ боқӣ мемонанд?
–Қалб – 10 дақиқа;
– Ақл – 20 дақиқа;
– Чашм – 4 соат;
– Пӯст- 5 рӯз;
– Устухон- 30 рӯз;
– Амали нек – то рӯзи қиёмат!!!
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
* Дарозии умумии рагҳои хунгард дар бадани инсон 600 км аст.
* Пулро аз пахта тайёр менамоянд, на аз коғаз.
* Макадамия чормағзи қиматтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
* Дар таркиби бодинҷон қариб тамоми элементҳои  ҷадвали Менделеев мавҷуд аст.
* Қаҳва пас аз сӯзишворӣ (бензин) фурӯхташавандатарин маҳсулот дар ҷаҳон аст. 
* Бӯи дорчин хотираро қавӣ месозад. 
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
 
ЯК ПАНД
Ҳатто зимистон ҳеҷ гоҳ наметавонад сард бошад, агар шумо хотираҳои гарм доред.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
БОМБАИ АТОМӢ ВА РОҲИ НАҶОТ АЗ ОН
Аз мутахассиси машҳури соҳаи энергияи атомӣ доктор Роберт Оппенгеймер, ки ба истеҳсоли аввалин бомбаи атомӣ роҳбарӣ кардааст, пурсиданд, ки роҳе барои ҷон ба саломат бурдан аз таъсири ин яроқи даҳшатзо вуҷуд дорад?
Албатта вуҷуд дорад, роҳу василаи ягона дар эҷод ва пойдории сулҳ аст, - посух дод физики номдор. 
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
 
ДУЗДОНИ БОИНСОФ
Нафаре, ки ноутбуки профессори Донишгоҳи Umeа (Шведсия)-ро дуздида буд, ҳамаи маводи дохили онро ба соҳибаш баргардонд. Вақте профессор аз гум шудани ноутбуки худ дарак ёфт, аз ҳуш рафт, зеро дар он заҳмати 10-солаи ӯ сабт гардида буд. Дузд пас аз чанд вақт ба профессор флэшкаеро баргардонд, ки дар он ҳамаи маводи ноутбук маҳфуз буд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
 
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
АРФА
Арфа (итал. arpa, нем. – harfe), сози тории қадимӣ буда, шакли секунҷа  ва 46 тор (зеҳ)- и дарозиашон ҳархела дорад. Садои арфа маҳину форам буда, дар оркестр ва ансамблҳои мусиқӣ, дар якканавозӣ ва яккахонӣ истифода мешавад. 
Дар фарҳанги қадимаи халқҳои Осиёи Миёна арфа ҳамчун сози мусиқӣ бо номи чанги амудӣ машҳур буд. Ҳангоми ҳафриёти археологии соли 1938 дар минтақаи Айритом (соҳили Амударё) сурати навозандаеро бо арфаи 13-тора пайдо карданд. 
 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
 
10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
5. Мириам Аделсон                                   
Ӯ зодаи шаҳри Тел-Авив (Исроил) буда, дар ҷавонӣ ба ИМА мекӯчад ва баъд аз хатми Донишгоҳи давлатии Бостон фаъолияти хешро дар ширкати фарматсевтӣ оғоз мекунад. 
Дар ин ҷода комёб мегардаду ҳамроҳи шавҳараш ширкати тиббӣ (Dr. Miriam and Sheldon G. Adelson Medical Research Foundation) таъсис медиҳад ва пас аз чанде ба яке аз шахсони сарватманди ИМА табдил меёбад. Баъди марги ҳамсараш на танҳо ширкати ӯ – Las Vegas Sands,  балки маблағи ҳангуфтро низ, ба мерос мебарад.
Ҳоло, тибқи маълумоти маҷаллаи молиявии «Форбс», дороии Мириам Аделсон ба 35 миллиард доллари ИМА расидааст. 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
 
ИРОДАИ ҚАВӢ
ҲАР НОМУРОДРО БА МУРОДИ ДИЛ МЕРАСОНАД
Чха Са Сун, сокини шаҳри Ҷонҷуи Кореяи Ҷанубӣ, соли 2010 дар 960-ум кӯшишаш тавонист соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ шавад. Ин зани қавиирода он замон 69 сол дошт. Чха Са Сун дар 950-ум кӯшишаш қисми назариявии имтиҳонҳоро супурд ва барои гузаштан аз имтиҳони амалӣ даҳ кӯшиши дигар анҷом дод, ки охиринаш натиҷабахш гардид. Сабаби кашолакорӣ дар супурдани имтиҳони назариявӣ савод надоштанаш буд. Ниҳоят қобилияти равониаш ба ӯ имкон дод, ки аз санҷиш гузарад. Ҳамин руҳияи шикастнопазир ва иродаи қавӣ ӯро қаҳрамони миллӣ ва шомили Китоби рекордҳои Гиннесс гардонда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гашт. Ширкати «Hyundai» баъд аз анҷом ёфтани “достон”-и имтиҳонсупурии Чха Са Сун  ба ӯ автомобил туҳфа намуд. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
БӮРЁКӮБОН ДАР  БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНА  
Вақти бозгашт аз экспедитсияи навбатӣ муҳаққиқи шинохта Иван Папанинро ҳукуматдорон мисли қаҳрамон пешвоз гирифта, дар баробари мукофоти давлатӣ ба ӯ маблағи калони пулӣ ҳам доданд. Арктикашиноси маъруф бо ин маблағ ба сохтмони хонаи орзуҳояш сар кард. Ғайриинтизори ӯ бино чунон барҳаво шуд, ки ҳатто дачаҳои сталинӣ дар сояи он бенур монданд.
Аз қазо дар айни авҷи бемории фалаҷ, ки тамоми шуравиро фаро гирифтаву махсусан кӯдакон мубталои он буданд, Папанин дар қатори дигар шахсиятҳои саршинос Сталинро ҳам ба бӯрёкӯбон даъват мекунад.
Вақти пешвоз дар саҳни бино Сталин дасти соҳибҷашнро бо завқ фишӯрда, чунин мегӯяд:
- Ин қадар бинои калону барҳаво, дар ҳамин шабу рӯз зеби беморхонаи кӯдакона дорад.
- Дуруст рафиқ Сталин, худи ман ҳам дар ҳамин андеша будам. Бӯрёкӯбон гузарад, пагоҳ ба давлат тақдим мекунам. 
Аз русӣ тарҷимаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
Санаи нашр: 13.10.2023 №: 204
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив