ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «РОҒУН» АРСАИ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛӢ

«РОҒУН» АРСАИ НАНГУ НОМУСИ МИЛЛӢ

17 октябр 2023, Сешанбе
55
0

 

Гузориш аз ҷараёни корҳо дар иншооти аср

10-11-уми октябри соли ҷорӣ ҳайати кормандони Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷиҳати инъикоси фаъолияти кунунии иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом доданд. 

Давоми ду рӯз ҳайати гурӯҳ аз чанд қитъаи Неругоҳ– сохтмони сарбанд, ядрои сарбанди асосӣ, нақбҳои сементатсионӣ, арматурбандӣ, толори мошинҳо ва, муҳимтар аз ҳама, мавзеи агрегатҳо дидан намуданд, ки дар ҳар кадом аз ин қитъаҳо корҳо босуръат идома доранд. 
Иттилоъ дода шуд, ки бунёдгарони НБО «Роғун» дар нуҳ моҳи  соли 2023 ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд. Аз ҷумла, дар таҳкурсии ядрои сарбанд хобондани бетони кӯбида, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳои ядрои сарбанд идома ёфта, дар маҷмуъ, дар ҳаҷми 171 ҳазору 160 метри мукааб бетон хобонда шудааст. Мустаҳкамсозии таҳкурсии ядрои сарбанд бо гузарондани парма ва сементатсия дар 3186  чоҳ анҷом дода мешавад. Инчунин, корҳо дар дигар қисми иншоот, аз ҷумла нақби сохтмони қабати чорум (СТ-4) ва нақбҳои дастрасии он, идома доранд. Дар баромадгоҳҳои нақбҳои қабати сеюм СТ-3 ва СТ-4 корҳо ва ба анҷом расидаанд.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо бо як қатор мутахассисон ва коргарони қаторӣ вохӯрдем.
Олтибой Саидов даҳ сол аст, ки дар НБО “Роғун” ба ҳайси арматурбанд кор мекунад ва ҳоло дар қабати чорум (СТ-4)- и Неругоҳ қарор дорад. Корҳои битонхобониву арматурбандӣ дар сатҳи  олӣ ҷараён дошта, ҳамарӯза барои риояи қоидаҳои техникию бехатарӣ дар Неругоҳ омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд. Дар бунёди НБО “Роғун” мутахассисони дохиливу хориҷӣ ба кор ҷалб гардида, қисми зиёди онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Онҳо сарфи назар аз ҷавон буданашон, ба ҳайси мутахассис фаъолият менамоянд. – Мо дар навбати худ пайваста кӯшиш мекунем, ки шогирдони зиёд омода созем, то сафи ҷавонони мутахассис дар кор зиёдтар гардад, – гуфт Олтибой Саидов.
Рустам Ҳотамов, устои қитъаи сементатсионӣ дар минтақаи нақби 4-и Неругоҳ қарор дошта, дар ин ҷо корҳои пармакунии чоҳҳо ва бо семент пур кардани онҳоро анҷом медиҳад. Ӯ дар кори худ аз асбобҳои муосир истифода мебарад. Ба гуфтаи ӯ, дар Неругоҳ шумораи зиёди мутахассисон ба кор ҷалб гардидаанд, ки дар ду баст фаъолият менамоянд ва малакаи хуби корӣ доранд. 

БАҲОИ БАЛАНД БА СИФАТИ КОРҲО
Дар Неругоҳ ба сифати баланди корҳо ва таъмини бехатарии иншоот таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. 
Бахтиёр Каримов, муҳандиси пешбари раёсати қабули корҳои НБО “Роғун”, изҳор дошт, ки айни замон дар Неругоҳ корҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо суръату сифати баланд, махсусан дар обқабулкунакҳои доимӣ, шахтаҳои дарвозаҳои садамавӣ, камераи васлгарӣ, нақби сеюм, идома меёбанд. Сифати корҳо ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст ва аз ҷониби мутахассисони дохилию хориҷӣ баҳои баланд гирифтаанд. 
– Дар бунёди НБО “Роғун” ширкатҳои лоиҳакашии Шведсия, Федератсияи Россия ва дигар ширкатҳо, ки дар миқёси ҷаҳон нуфуз доранд, саҳм мегузоранд. Аммо айни замон корҳои асосии Неругоҳро ширкатҳои дохилӣ пеш бурда истодаанд, – таъкид кард Бахтиёр Каримов. 
Мавсуф зикр кард, ки дар НБО “Роғун” масолеҳи сохтмонӣ, асосан, тибқи лоиҳаҳо дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ пешбинӣ гардида, аз ҷониби кишварҳои истеҳсолкунанда таъмин карда мешаванд. Масолеҳи истифодашаванда аввал аз ташхиси озмоишгоҳи марказии сохтмони НБО “Роғун” мегузарад ва баъдан тибқи хулосаи он дар Неругоҳ ба кор бурда мешавад.
Воқеан, бо заҳмати сохтмончиёну мутахассисони соҳа Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори агрегатҳои чанд сол қабл ба истифода додашуда имрӯз ба шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон пайваст аст ва барқи истеҳсолгардида тавассути хатти барқи ҳавоӣ ба хонадони ҳар як тоҷикистонӣ  интиқол дода мешавад.
Айни замон корҳои сохтмонии Неругоҳ дар сатҳи 932 метр аз сатҳи баҳр низ оғоз шуда, толори мошинаҳо дар сатҳи 974 метр ҷойгир шудаанд ва таҷҳизот дар миёнаи ин ду сатҳ қарор дорад. Маркази чархи кории трубина дар сатҳи 958,8 метр ҷойгир шудааст. Обқабулкунак барои ду агрегати фаъол дар сатҳи 944 метр мавқеъ дорад. Сатҳи об бошад, феълан дар сатҳи 1070 метр қарор дошта, сатҳи поёнии об дар сатҳи 977 метр мебошад. Кор шабонарӯзӣ идома дорад. Барои тайёр кардани агрегати навбатӣ – агрегати № 4 конуси лӯлаи ҷабанда, зонуи лӯлаи ҷабанда гузошта, бетон гирифта шуд. Камераи спиралӣ низ хобонда шуда, бетонпӯш гардид ва корҳои сохтмонӣ дар агрегати чорум дар сатҳи 964 метр ва тайёрӣ ба гузоштани анкерҳои дастгоҳи самтдиҳандаи чархи корӣ ҷараён доранд. 
– Анкерҳоро аз ширкати “Флойд ҳидро” (Floyd Hydro)-и Австрия дастрас кардем, ширкати “Тоҷик СГЭМ” анкерҳоро васлу насб карда истодааст ва ба наздикӣ (23-27-уми октябр) намояндагони ширкати “Флойд ҳидро” ба Тоҷикистон меоянд ва дар бораи корҳои оянда дар самти тайёр намудани агрегат гуфтушунид анҷом медиҳанд, – гуфт Абдузоир Қурбонзода, сардори шуъбаи истеҳсолӣ-техникии мудирияти истифодабарии НБО "Роғун". 
Ҳамин тариқ, НБО “Роғун” пуриқтидортарин иншооти силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш бо агрегатҳои бузурги 630-мегаватта ва истеҳсоли 14,4 миллиард кВт/соат неруи барқ калонтарин Неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

ТАҶҲИЗОТИ ДОРОИ СИФАТИ БЕҲТАРИН ВА МУОСИР
Албатта, суръат бахшидани ҳар як сохтмон аз таъминот бо таҷҳизот ва техникаи ҳозиразамон вобастагӣ дорад. Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” низ таъминоти ҳар қитъа бо техника ва таҷҳизоти муосир баръало мушоҳида мешавад. Дар робита ба ин, Абдузоир Қурбонзода, шарҳи бештар дода гуфт, ки таҷҳизоти гузошташуда дар Неругоҳ гидроагрегати 5 ва 6 истеҳсоли ширкатҳои Украина “Турбоатом” ва “Электротяжмаш”-и шаҳри Харков мебошанд. Инчунин, таҷҳизоти ёрирасон, ба монанди системаи ангезиши агрегат аз ширкати IBB дастрас гардидааст, маҷмуи дастгоҳи тақсимоти элегазӣ аз ширкати “Сименс”-и Олмон харидорӣ намудем, инчунин, трансформатори асосии Неругоҳ барои ҳар ду агрегати муваққатӣ, ки феълан фаъолият доранд, аз ширкати ТВА-и Чин дастрас карда шуд, оянда таҷҳизоти чор агрегати боқимондаро мувофиқи қарордод аз ширкати “Флойд ҳидро” - и Австрия дастрас хоҳем кард.
ҶСК “Роғун” барои пурра ба кор даровардани Неругоҳ таҷҳизоти агрегатҳоро аз Австрия харидорӣ намудааст. Инчунин, дар назар аст, ки 4 трансформатори боқимондаи Неругоҳ аз ширкати “Ҷинер электрик” - и давлати Туркия харидорӣ карда мешавад ва таҷҳизоти ёрирасон аз дигар ширкатҳо дастрас мегардад. Мақсад гузошта шудааст, ки таҷҳизоти дорои сифати беҳтарин ва муосир бошад.

ОЗМОИШГОҲИ БЕНАЗИР
Шиносоӣ бо фаъолияти озмоишгоҳи марказии сохтмонӣ кори навбатии  ҳайати рӯзноманигорон буд.  
Дар озмоишгоҳ, ки дар Осиёи Миёна назир надорад, мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ҷалб шудаанд. 
Тавре Комилҷон Маъруфов, иҷрокунандаи муовини сардори озмоишгоҳ,  иттилоъ дод, озмоишгоҳи ҶСК “НБО Роғун” соли 2016 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, бо теъдоди зиёда аз 100 нафар коргар, ки 20 дарсади онро занон ташкил медиҳанд, дар бунёди ин иншооти бузург саҳми назаррас доранд. Дар озмоишгоҳи мазкур тамоми масолеҳе, ки барои сохтмон ворид мегарданд, аз санҷиш гузаронда, баъди ба талабот ҷавобгӯ будан, барои истифода ба сохтмон иҷозат дода мешаванд. Озмоишгоҳ бо мутахассисони касбӣ таъмин буда, онҳо дар чанд баст шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. 
Тавре дарёфтем, дар бунёди НБО “Роғун” саҳми мутахассисони ҷавон хеле фаъол ба назар мерасад. Ҷавонон хеле ботаҷриба буда, дар бунёди Неругоҳ масъулиятшиносанд. Занону бонувон низ дар қатори сохтмончиён  саҳми арзанда доранд. 
Шаҳло Холмуродова, мутахассиси шуъбаи кадрҳои мудирияти истифодабарӣ, гуфт, ки 9 сол боз дар Неругоҳ кор мекунад. Ҳоло дар сохтмон 15 ҳазору 187 нафар коргар ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд, ки 960 нафари онҳоро мутахассисони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Дар мудирияти истифодабарӣ шумораи занҳо зиёда аз 40 нафар мебошад, ки онҳо дар самтҳои гуногун – ба ҳайси муҳандис, фаррош, нонпаз, иқтисодчӣ,  лаборант ва дигар корҳо фаъолияти худро пеш бурда истодаанд. 
Занҳое, ки дар сохтмони НБО “Роғун” саҳмгузоранд, ҳар кадом таҷрибаи хуби корӣ доранд. Онҳо ба мушкили кор  нигоҳ накарда, дар қатори мардҳо  фаъолият менамоянд, ки боиси ифтихор аст.
– Фахр аз он мекунам, ки дар баробари мардону ҷавонписарон ҳамчун як ҷавондухтар дар бунёди сохтмони бузурги аср – НБО “Роғун” саҳмгузор мебошам. Сипосу миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки ҷавонон, бахусус занону духтаронро, дастгирӣ менамоянд, то дар ҳама самтҳо таҳсил ва кору фаъолият намоянд, – гуфт Сулҳия Ҷунайдова, муҳандис, зимни суҳбат ва ин мисраъҳоро қироат кард:
Азму разми тоҷикона мо ба майдон мекунем,
Чархи “Роғун”-ро ба дасти хеш гардон мекунем.
Мерасад нуру зиёи он ба ҳар як хонадон,
Тоҷикистонро саросар ахтаристон мекунем. 

Шодмон ҚУРБОНОВ,
Кароматулло АТО, 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
Руҳафзо МУРОДОВА, 
Умаралӣ САФАРАЛӢ,
“Ҷумҳурият”

 

Санаи нашр: 16.10.2023 №: 205
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив