ТОҶИКИСТОН, БО ДУОИ МОДАР БА ПЕШ!
Номи ин мавод, ки аз сухан – дуои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон, ба пеш!» маншаъ гирифт, болои авроқ омадааст.
– Худованд баҳри инсоният муъҷизотҳои зиёде – об, хок, бод, оташ, Мусҳаф, илм… Замин, Модар, Ватанро офаридааст. Дар ин радиф, Замин – Модар – Ватан аз ҷумлаи аввалинҳоянд. Ҳар сокини замин уҳдадор аст ва вазифаи имонӣ ӯст, ки онҳоро дӯст дорад, ба қадрашон бирасад, дар ободияшон ҳисса бигузорад, барои ҳифзашон ҷон нисор кунад.
Мо равшану возеҳ намедонем, ки баъди марг ҳоламон чист, ҷоямон куҷост, нақшаи рӯзи ҷазо дар кадом ҳад қарор дорад, вале хуб медонем, ки имрӯз зиндаем ва болои замин қарор дорем, кореро ба некӣ аз барои ободӣ, хушбахтӣ, саломатӣ, пояндагии Замин – Модар – Ватан анҷом бахшем, ба пасовандони хеш кирдори нек, пиндори нек, гуфтори нек, одоби ҳамидаву муборак, амали шоиста, Ватани обод ва замини пурфайзу пурғановатро ба мерос бигузорем. Насли созанда, бунёдкор, ватанпарвару башардӯстро боқӣ бимонем. Ба ҳамзамонҳои хеш бифаҳмонем, ки инсонҳо сарфи назар аз миллат, ранги пӯст, забону маҳал, эътиқодашон, ҳама бандагони Худованданд, ки исмаш Аллоҳ аст. Мо вазифадорем, ки ҳамдигарро дӯст дорем, бо ҳам мушфиқу ғамхор бошем. Нагузорем, ки касе аз бандагони Худованди бузург аз ҷоҳилияти дигаре озор бинад. Таъкиде аст, ки ҳар одам зомин аст аз худ фарзандони накукор, ҳунарманд, шоиста, бунёдкор, ватансоз боқӣ бигузораду хона ва боғ бунёд намояд. Муҳтавои ин таъкид барои хонандаи закитабъ равшан аст ва ман аз шарҳи он худдорӣ менамоям. Дар ин маънӣ фарзанд дар ҷои аввал қарор дорад. Фарзандро лозим аст, барои ободӣ, шукуфоии диёри хеш, дар умум Замин, ҳиссагузор бошад. Фарзанд волидайни хеш, бахусус Модар – Оча, Очаҷонро тоҷи сар намуда, хизматашро ба ҷон адо бисозад. Ин амали бахайрро бо сухан не, дар асл адо намояд, ки подошу аҷру савобаш бузургу беандоза аст. Бале, ба ояндагони хеш ин ҳикмати арзандаро ба ёдгор бимонем.
Худо карда, ки ин амалҳои бахайру муборакро ба ҷо биорем. Руҳи гузаштагону дили имрӯзиёнро шод карда, фарзанди дилбанди Ватану Модар будани худро собит бигардонем.
Модар бузургтарин офаридаест, ки баъди Худо қарор дорад ва ҳама бузургон фарзандони модаранд. Мо модар мегӯему ҷумлаи модарон – модари ман, модари ту, модари ом пеши назар аст. Зӯру мадор, донишу савод, хиради ягон қаламкаш, суханвар, эҷодкор кифоят намекунад, ки номи ҷумлаи модаронро рӯи коғаз биорад, онҳо бешуморанд.
Аммо дил мехоҳад, ки номи чанде аз ин бузургмодаронро чун рамзи эътиқоду эҳтироми бепоён болои саҳфа биорем. Низорамо Зарифова, Ибодат Раҳимова, Гулҷаҳон Бобосодиқова, Майсара Калонова, Бозгул Додихудоева, Робия Тағоева, Оиша Сарварова, Соҷида Аккалаева, Аслбӣ Шарифова, Қиматгул Рустамова, Гулафзо Савриддинова, Саъдинисо Ҳакимова, Сороҷон Юсуфова аз зумраи онҳоеанд, ки бо меҳнати ҳалол Ватан сохтанд, мардумро дар роҳи рост тарбият намуданд, Тоҷикистонро ободу дилоро гардонданд, ғояҳои башардӯстӣ, бунёдкориро дар ботини ҳар як бошандаи Ватан ҷой намуданд. Мо ба руҳи онҳое, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд дуои хайр фиристода, мегӯем: «Ҷоятон ҷаннат бошаду манзили охирататон мунаввару обод».
Ба модароне, ки, хушбахтона, имрӯз давлати пирӣ меронанд, сиҳатии бардавом таманно карда, орзу мекунем, ки дар ҳаққи Ватан, ҳамватан, Сарвари кишвар дуои мубораку хайр, хуҷаставу нек бикунанд.
Аз бузургӣ, шаъну шуҳрат, иззатмандии модарон ҷумлаи инсонҳои дарёдилу рангинхаёл, кулли эҷодкорон суханони олӣ, шоистаю арзишманд гуфтаанд. Ҳунармандони саҳна, ҳайкалтарошон образашонро бо садҳо назокат, нафосату зебоӣ офаридаанд.
Модарро баъд аз Худо худои манӣ гуфтаанд. Ӯро ба тамоми чизҳои қашангу зебо, дилоро, гуворо монанд кардаанд. Аммо, гумони ғолиб аст, ки сухани аслиро то ҳоло нагуфтаанд.
Дар ҳамин ҳошия ду қиссаеро, ки фикр мекунам лоиқи баёнанд, рӯи авроқ биорам. Духтарчаи тахминан 6-7 солае, ки, бадбахтона, ҳини таваллудаш модари бузургвораш оламро падруд мегӯяд, ба ифодаи мардумӣ, сари фарзанд меравад ба беморие гирифтор мегардад. Ӯро ба беморхона мебаранд. Табибон ба дардаш даво наёфта, ӯро ба хона ҷавоб медиҳанд. Ин кӯдаки маъсум дар тарбияи апааш, ки аз ӯ чандон бузургсол набуд, калон мешуд. Апааш дар нигоҳубини хоҳари шӯрбахташ, ки лаззати шири модарро начашидаву рӯи ӯро надида, оғӯши гармашро эҳсос накарда буд, заҳмат мекашид. Мехост хоҳаракаш калон шавад ва бахту саодат бинад. Ба гуфти ҳамсояҳо, апааш бари гаҳвораи ӯ нишаста, ба нармӣ такон медоду чун модарон суруди «Алла»-ро мехонд. Ҳавасу ормонҳои зиёд доштанд, хоҳарон.
Имрӯз ин апаи ҷонгудоз, дилсӯз ӯро бемордорӣ мекунад. Бо ҳарфҳои зебову гӯшнавоз тасаллояш медиҳад, бегумон аз кирдори фалаки бепарво. Бемордухтарак дар ҳамин чанд рӯз чизе нахӯрдаву наошомида буд. Аз табъи тафсон лабакони зебоякаш карахт шудаву кафида буд. Ӯ азият мекашид. Соати мавт наздик мешуд. Ба зинда монданаш, танҳо апаи ҷигарсӯзи ғамхораш бовар дошт. Дар гумони ӯ намеғунҷид, ки аз умри хоҳаракаш ҳамагӣ чанд нафасе боқӣ мондааст.
Дар фурсатҳои охирини ҳаёти ин кӯдаки ранҷуру бегуноҳ чанд нафар хешону ҳамсояҳо болои сараш буданд. Муллое сари болинаш сураи «Ёсин»-ро мехонд. Аз ҷумла, ҳамсоязане – модаре, ки дар нигоҳубин ва тарбияи ӯ саҳм дошт, ҳозир буд. Сакароти мавт даррасид. Руҳи кӯдакаки зебо ҳанӯз қавӣ буд. Ӯ бо назари имдодхоҳона ба ҳозирбудагон ба навбат нигоҳ мекард, беовоз, бо ишораи чашмонаш илтиҷо мекард: «Ҷонамро бихаред, аз чанголи марги бераҳм амонам бидиҳед».
Ин ҳолат ҳамсоязанро ба риққат овард. Ӯ дастонашро болои сараш гирифта, бо овози баланду гиряолуд гуфт: «Худоё ба ивази ҷони ин кӯдаки беайбу бегуноҳу нозанин ҷони маро бигир. Ӯро наҷоташ бидеҳ. Охир, ӯ аз ҳаёт лаззате набурдаву аз сад гулаш як гулаш нашукуфтааст».
Модари раҳмдилу меҳрубон бо ашки қатору ҷигари бирён мегирист. Гоҳе овозаш дар гулуяш гиреҳ мебаст. Вале қазо корашро кард. Духтарча бо ҳазор орзуву ҳавас ва қалби пурҳасрат дунёи фониро тарк гуфт. Ва ё аҷабо, охирон сухане, ки ӯ чанд бор такрор кард, ҳарфи зебои «оча», «оча», «оча» буд. Очае, ки рӯи духтарро надидаву духтаре, ки меҳри модарро ҳис накарда. Рӯзи дигар сияҳпичамаргро ба хок супурданд.
Дидам, модари 96-солаеро, ки дар ҳолати мавт – сакароти ҷон, қарор дошт. Чанд рӯз нону об нахӯрда, бо чашмони пӯшида интизори марг буд. Модар чашмонашро боз накарда, танҳо Худо мегуфту Оча! Модари нуронӣ дар забон ин ҳарфҳои ширин, гуворо ва гӯшнавозу тасхиркунанда аз олам даргузашт. Илоҳӣ ҷои онҳо ҷаннати ҷовидон бошад! Модар офаридаест, ки барои пиру барно азиз. Ин мисраъҳо далели гуфтаҳои болоянд:
Одам ҳама вақт хонаву дар гӯяд,
Фарзанду зану ёру бародар гӯяд.
Гар нон ба лабаш расад, бепарвост,
Гар ҷон ба лабаш расад, модар гӯяд.
Мушоҳида мешавад, ки бо гузаштани умр мӯй сафеду чеҳра хазону қомат хамида мегардад. Нури рӯ камҷило гашта, дар ҷабин, рухсораҳо ожангҳо пайдо мешаванд. Зебоӣ коҳиш меёбад. Аммо, бо пайдо шудани ин ҳама нишонаҳо, шукӯҳу азамати модар афзудаву салобаташ зиёд мегардад. Нури рӯяш боз дурахшонтар, суханаш гуворову дилчасп, гӯшнавоз гардидаву бешак, дуояш мустаҷоб аст. Ба қавли устод Бозор, модарон дар зиндагияшон ҳукми мазорро доранд. Лоиқи зиндаёд мефармояд:
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Байте наметавон гуфт, андар санои модар.
Дуое, ки модари Президенти кишвар, болои кат нишаста, дар бар куртаи ҳалили майдагул, бо рӯймоли сафед ба фарзандашон доданд, барои ҳар бинанда форам, гуворо, дилкашу ибратбахш аст. Аз баракати ин дуо Ватану халқаш баҳра бурда, Тоҷикистон обод шуд, ҷаҳонӣ гардид, халқаш осудаҳол зиндагӣ карда истодааст. Чунин Тоҷикистони обод, зебо, дилоро, нозанинро на таърихе, на касе аз оламиён ёд дорад. Президенти мо шахси дуогирифтаанд. Кулли модарон барояшон дуои хайр мефиристанд. Бо ин марди дуогирифта ба пеш, Тоҷикистони биҳиштӣ!
Фарзандони фозилу хирадманд, фарзона, таҳаммулпазир ҳар субҳу шом, пеш аз оғози кори муҳиме, сафаре ба ҷои дур аз модар дуо мегиранд. Агар, мутаассифона, модар гузаштааст, болои турбаташ рафта, бо дуое хотирашро шод карда, ба дил матлаби худро гузаронда, аз руҳи модар, ки, иншоаллоҳ, қобил аст, дуо мегиранд. Ин амал муҷарраб аст. Фарзандоне, ки аз табиати касифи онҳо Ватан хору Модар зору Замин афгор гардидааст, думравони иблисанд. Дар ин айби модар нест.
Хоки қадами модар бӯӣ биҳишт мекунад. Ин ҳикмат ҳақиқати маҳз аст, на муболиға. Хизматашро бикунед, дуояшро бигиред, ки оқибат пушаймонӣ суд надорад. Худо кунад, ки дуои модарро бигиред, дуои модар сипар аст аз ҳар балову офат.
Тоҷикистон, бо дуои модар ба пеш!
Абдулло БОБОЕВ, шаҳри Кӯлоб
Санаи нашр: 17.10.2023 №: 206