«ОЯНДАИ ТЕАТР ДУРАХШОН АСТ», – СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ОТАХОН САИДЗОДА, ДИРЕКТОРИ ТЕАТРИ ВИЛОЯТИИ МУСИҚӢ-МАЗҲАКАВИИ БА НОМИ АТО МУҲАММАДҶОНОВИ ШАҲРИ БОХТАР
– Нахуст, мехоҳам суҳбатро аз бунёди ин бинои муҳташам, яъне театр ва имконоти он, оғоз бубахшед. Инчунин, театр аз ин шароити фароҳамоварда ба хотири рушди соҳа чӣ гуна истифода бурда тавонист?
– Дуруст қайд кардед, ки ин бинои муҳташам, яъне театр, боргоҳи ҳунар, хонаи дувуми ҳунарпешагон, маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт ва бо ташрифашон ба истифода дода шуд. Бинои навбунёди Театри мо дар вилояти Хатлон ягона бинои зебову муҳташам аст. Инчунин, фикр мекунам, ки назири ин Театр дар ҷумҳурӣ нест.
Мо аз ин ғамхорӣ бештар масъулият эҳсос намудем, ки намоишномаҳои хубу диданӣ ва ибратомӯзро рӯи саҳна биорем. Аз рӯзи гузаштан ба ин бино ва фаъолият дар он ҳунармандони мо дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзиданд ва ба ҷойҳои сазовору мукофотҳо ноил гаштанд.
Фаъолияти ҳунармандони мо дар ин бино хубу чашмрас мебошад ва намоишҳои арзандаву ҷавобгӯи талаботро рӯи саҳна оварда истодаанд. Маврид ба зикри хос аст, ки дар се «Парасту»-и охир Театри мо ба ҷойҳои асосӣ мушарраф шуд, ки чунин дастовардҳоро Театр ёд надорад, яъне сазовори ҷой гардида бошад. Соли 2019 сазовори ҷойи сеюм гаштем, бо намоиши «Карим-Девона» (дар таҳияи Қурбонмуҳаммад Шукурзода), соли 2021 сазовори ҷойи дуюм гаштем бо намоиши «Бежан ва Манижа» (дар таҳияи Баҳром Қурбонзода), имсол низ бо намоиши «Зол ва Рӯдоба» (дар таҳияи Баҳром Қурбонзода) ҷойи дуюмро мушарраф шудем.
– Аз суҳбати Шумо дарёфтам, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба номоишномаҳои миллӣ таваҷҷуҳи бештар намудаед ва онҳоро рӯи саҳнаи Театр гузоштаед. Албатта, дастовардҳоятон аз пешравӣ ва рушди соҳа гувоҳӣ медиҳанд. Аммо мехоҳам ҳамчун мутахассиси соҳа дар хусуси тафовути барномаҳои Театр дар ду замон: пеш аз истиқлол ва баъди он суҳбатро идома бидиҳед. Ҳамин тавр, чӣ тафовуте ба назар мерасад ва ё онро эҳсос менамоед? Инчунин, чӣ таъсире гузоштанду мегузоранд?
– Дар ҳақиқат, пеш аз ин, яъне дар бинои куҳнаи Театр фаъолият доштем, бештар тамоми асарҳои сатҳи ҷаҳонӣ гузошта мешуданд ва он ҳам дар сатҳи баланд. Фикр мекунам, ки ҳар миллате таърихи худро надонад, ояндаи дурахшони худро сохта наметавонад. Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки ба таърихи миллат, тамаддуни пешрафтаамон дурусту самаранок рӯ биорем. Воқеан, замоне фаро расидааст, ки бо асарҳои бузургони ҷаҳониамон на танҳо ифтихор дошта бошем, балки беҳтару бештар дар арсаи олам онҳоро муаррифӣ намоем.
Бо таҳияи намоишномаҳои миллӣ мо насли ояндасозро огоҳ мекунем, ки мо кӣ ҳастем ва чи асарҳои баландғояву баландмазмун дорем. Дар ҳақиқат, мо миллати қадимӣ, тамаддунофар ва фарҳангӣ ҳастем.
– Бешубҳа, тамоми театрҳои ҷаҳон ба хотири пешрафт, нуфуз ва сайқали маҳорати ҳунармандонаш ба асарҳои баландғояву баландмазмуни классикони ҷаҳон рӯ меоранд. Оё театр ин имкону мақсадро дорад?
– Бале. Чунон ки пештар зикр кардам, дар ин Театр асарҳои классикони хориҷӣ гузошта шуда буданд. Дар бинои ин Театр мо «Ревизёр»-и адиби машҳури рус Н.В. Гоголро таҳия кардем ва ба намоиш гузоштем, ки аз ҷониби мутахассисону тамошобинон гарм истиқбол ёфт ва баҳои баландро сазовор гашт. Коргардони машҳуру маъруфи Театр Нигина Раҷабова онро рӯи саҳна гузошт.
Аз нависандаи турк Озел Арабу намоишномаи «Туҳмат»-ро (дар таҳияи Нигина Раҷабова), рӯи саҳна овардем. «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Малерро (дар таҳияи Аловуддин Абдуллозода ва Парвиз Раҷабзода) низ ба саҳна гузоштем.
Алҳол «Маликаи Тӯрондухт»-ро коргардони маъруф, Бурҳониддин Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯи саҳнаи театр гузошта истодааст.
Ҳамин тавр, дар Театр мо ҳам асарҳои классикону муосирони ҷаҳонӣ ва ҳам миллиро ба саҳна мегузорем.
– Оё дар театр мушкилоти нарасидани мутахассисон вуҷуд дорад?
– Имрӯз ин мушкилот дар тамоми театрҳо вуҷуд дорад.
Дар театри мо ҷавонон низ аз тамоми манотиқи кишвар фаъолият менамоянд ва аз саъю талошу ҷустуҷӯву ҳунарнамоияшон метавон дарёфт, ки ба ин касб содиқанд. Яъне, онҳоро муҳаббати соҳа, театр водор месозад, ки барои сайқали маҳорат, омӯзиши таҷрибаҳои мутахассисони маъруф тамоми тадбирҳои заруриро бияндешанду амалӣ созанд.
Барои ҳунармандоне, ки аз шаҳру ноҳияҳои дурдастанд, маблағи хонаҳои иҷора аз ҳисоби театр пардохт мешавад.
Шумораи ин гуна ҳунармандон 6 нафарро ташкил медиҳад, ки онҳо аз шаҳри Ҳисор, ноҳияи Панҷ ва дигар шаҳру навоҳии кишваранд. Онҳо ин Театрро, фаъолият дар онро дӯст доштанд ва мехоҳанд дар оянда низ, корро дар ин боргоҳи ҳунар идома бидиҳанд. Мо чораҳои заруриро меандешем, то бо манзил таъмин бишаванд.
– Аз мушкилоти дигаре, ки дар тамоми театрҳои ҷумҳурӣ вуҷуд дорад ва нигаронкунанда низ мебошад, ба театр кам рӯ овардани тамошобин аст. Албатта, фикр мекунам, ки Театри Шумо низ дар шумор мебошад. Чӣ тадбирҳо барои ҷалби тамошобин андешидаеду меандешед?
– Имрӯз, дар ҳақиқат, тамошобин ба театр кам меояд ва ин мушкилот дар театри мо низ эҳсос мешавад. Агар бупиндоранд, ки театр фаъолияти дурусту пурсамар надорад, чунин нест. Намоишҳо хубу диданиянд ва ҷавобгӯи талаботи давр. Ҳамасола Театр 5 намоишномаро рӯи саҳна меорад, ки аз ин дутоаш барои бачаҳо аст.
Онҳоеро, ки ба намоишҳо ҷалб мекунем, пас аз дидан изҳори пушаймонӣ дар мавриди дур шуданашон аз театр менамоянд. Мегӯянд, ки хеле ғизои маънавӣ гирифтем, андешаи моро барои дарки дурусти ҳақиқати ҷаҳон ба таҳрик овард. Инчунин, афсус мехӯранд, ки чаро ба театр пештар намеомаданд.
Фикр мекунам, ки дар оянда ин мушкилот батадриҷ рафъ мегардад ва бо шинохти моҳияти театр, намоишҳо толорҳо пур аз тамошобин мегардад.
– Агар тамошобин ба театр намеояд, Шумо имкон доред, ки ба назди тамошобин биравед?
–Оре. Мо пайваста ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар ба сафари ҳунарӣ мебароем. Намоишҳоямонро хуб пазироӣ мекунанд. Аз ҷумла, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳи Кӯҳӣ низ намоишҳоямонро бурдем.
Ҳатто ба деҳаҳои дурдасти кӯҳистон, ки дар он ҷойҳо аҳолӣ кам буданд, сафари ҳунарӣ анҷом додем. Яъне, тамоми имкониятҳо барои рафтан ба назди бинанда ҳаст ва мо аз он хуб истифода мекунем.
– Ояндаи ин Театро чӣ гуна мебинед?
– Ҳар ҳунарманде, ки дар театри мо фаъолият дорад, ба хотири ояндаи дурахшони ин боргоҳи ҳунар ва рушди соҳа ҳамаи донишу таҷрибаашро сарф мекунад. Сад шукр, ки имрӯз Ватани азизи мо истиқлолу ваҳдат дорад ва ором асту амнияташ таъмин мебошад. Ин ҳама сабаб мегарданд, ки боз фаъолиятамонро беҳтару назаррастар намоем.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 18.10.2023 №: 207