ТАНАЗЗУЛЁБИИ ЗАМИНҲОИ ОБЁРИШАВАНДА МУШКИЛОТИ СОҲА
Заминҳои корам асоси соҳаи кишоварзии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Мутаассифона, дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз он оқилона ва самаранок истифода намебаранд.
Тибқи маълумот, дар даҳсолаҳои охир, сарфи назар аз чорабиниҳои гузарондашуда оид ба беҳдошти ҳолати замин, дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бад гаштани ҳолати мелиоративӣ ва дигар омилҳои ташкилию хоҷагидорӣ боиси таназзулёбии заминҳо гардидаанд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки давоми се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар натиҷаи риоя нагардидани талаботи агротехникию мелиоративӣ ва дигар омилҳо сатҳи обҳои зеризаминӣ зиёд гардида, шӯршавӣ, ботлоқшавӣ, эрозияи заминҳо ва ҳангоми аз кор баромадани пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрӣ қисман биёбоншавии заминҳои корам ба амал омадаанд.
Тибқи маълумот, дар ҳудуди вилояти Суғд соли 2022 майдони заминҳои таназзулёфта 45612 гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020-ум 735,3 га, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 1039 га, заминҳои шӯрнокияш миёна 123 га ва эрозияи обӣ 0,30 га зиёд шуда, аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш баланд 197 га ва заминҳои ботлоқшуда дар майдони 230 га кам гардидааст.
Дар ин давра, бо истифода аз маблағҳои ба ин самт ҷудошуда, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои мелиоративӣ заминҳои таназзулёфта дар ноҳияҳои Б. Ғафуров ва Ҷ. Расулов 423 га кам шуда, қисман дар натиҷаи риоя нагаштани талаботи агротехникию мелиоративӣ дар ноҳияи Мастчоҳ майдони умумии ин заминҳо 1188 га афзудааст.
Дар вилояти Хатлон бошад, соли 2022 майдони умумии заминҳои таназзулёфта 44877 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум 10525,61 га, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои шӯрнокияш паст 6614 га, шӯрнокияш баланд 4594,01 га, ботлоқшуда 1193,40 га ва эрозияи обӣ 141,80 га кам гашта, заминҳои шӯрнокияш миёна 2144 га ва майдони заминҳои биёбоншуда 233 га афзудааст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соли 2022 заминҳои таназзулёфта 249,79 гектарро ташкил дода, нисбат ба соли 2020-ум 65,7 га, аз ҷумла дар ноҳияҳои Файзобод, Тоҷикобод ва Сангвор, кам шуд ва аз ҳисоби омилҳои мусоидаткунанда зиёдшавии ин заминҳо дар шаҳри Турсунзода 4 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ВМКБ тайи соли сипаришуда заминҳои таназзулёфта аз майдони умумии 948 га, дар ноҳияҳои Ванҷ, Ишкошим ва Рӯшон 817 га кам гашта, зиёдшавии он аз ҳисоби заминҳои ботлоқшуда ҳамагӣ майдони 15 га дар ноҳияи Ишкошим ва 14 га дар ноҳияи Рушон боқӣ мондааст.
Дар ҷумҳурӣ давоми солҳои 2020-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷети мутамарказ, маҳаллӣ, грантҳо ва ҳаққи хизматрасонии об барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҷудогардида равона шуда, заминҳои таназзулёфта 10662,61 га кам гардидааст.
Аз натиҷаи таҳлили гузарондашуда чунин хулоса бармеояд, ки таназзулёбии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, ин сарчашмаи асосии пайдоиши заминҳои партов, заминҳои ҳар сол аз гардиши кишоварзӣ берунмонда буда, инчунин, тибқи мушоҳидаҳои доимӣ, ҳар сол ҳолатҳои ихтиёран даст кашидани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ аз истифодаи қитъаи замини ба онҳо вобасташуда, тибқи моддаи 37 Кодекси замини ҷумҳурӣ ва ба фонди махсуси ноҳия гузарондани ин заминҳо ба назар мерасад, ки қисми зиёди он заминҳои корами обӣ буда, аз сабаби нарасидани об барои обёрӣ ё ин ки баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар сабабҳои бад гаштани ҳолати мелиоративии заминҳо ба амал омадааст.
Ғайр аз он, ки мушкилоти болозикр аз тарафи мутахассисони соҳа мунтазам мушоҳида ва таҳлил мешаванд, бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, баҳри беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2018, №374 «Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» мавриди амал қарор дорад.
Тибқи замимаи қарори мазкур, арзиши корҳо барои солҳои 2019-2023 маблағӣ умумии 51 102,6 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла дар ВМКБ 420,0 ҳазор сомонӣ, вилояти Хатлон 22235,6 ҳазор сомонӣ, вилояти Суғд 25342,0 ҳазор сомонӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3105,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори мазкур Вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, вазифадор шуданд, ки тибқи тартиби муқарраргардида, дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ, сармоя, грантҳо, маблағҳо аз ҳисоби ҳаққи хизматрасонии об, инчунин, аз ҳисоби маблағҳои ҷуброни талаф вобаста ба гирифтани заминҳо аз гардиш баҳри амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Кумитаи мазкур бо вазорату идораҳои мутасаддӣ вобаста ба масъалаҳои болозикр пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки вобаста ба ин самт, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби заминҳои партов, чарогоҳ ва дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда майдони 1458 гектар, аз ҷумла 821 гектар замини обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид гаштааст.
Дар маҷмуъ, майдони 877 гектар ба намуди заминҳои корам гузаронда шуда, дар 581 гектар боғ бунёд ёфтааст.
Натиҷаи ниҳоии таҳлилҳо собит месозанд, ки, мутаассифона, таъмини иҷрои барномаи қарори мазкур дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, тибқи талабот, дуруст ба роҳ монда нашуда, боиси вайроншавӣ ва аз байн рафтани заминҳои пурқимати корами обӣ гардидааст. Аз тарафи дигар, ин равандҳои манфӣ боиси камшавии майдони кишти ҷумҳурӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дар маҷмуъ, коҳиш ёфтани буҷети мамлакат шуда, ба яке аз ҳадафҳои стратегияи рушди мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, бетаъсир намемонад.
Бинобар ин, ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, давра ба давра барқарор ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои таназзулёфта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро дар якҷоягӣ бо сохторҳои соҳавии дахлдор лозим аст, ки иҷрои барномаи зикршударо таъмин намуда, сарфи дурусти маблағҳои сол ба сол ба ин мақсад ҷудогардида, истифодаи дуруст ва самараноку оқилонаи заминро ба роҳ монанд.
Давлатзода Садриддин Хол, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ
Санаи нашр: 19.10.2023 №: 208