ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

20 октябр 2023, Ҷумъа
43
0


ИНТИҚОМ
Марде барои эҳтиёҷоти рӯзгор аз бозор миёни дигар сабзавот пиёзро бештар мехарид. Вале, бо вуҷуди ин, он зуд тамом мешуд. Ӯ дарк намуд, ки пиёз истеъмол нашуда, ғайб мезанад. Барои ифшо намудани ин роз, пинҳонӣ ба назорат машғул шуд ва дид, ки духтарчааш ҳар рӯз пиёзҳоро як-як бароварда, ба партов мепартояд. Чун рӯзи дигар духтарча боз мехост ин амалашро анҷом диҳад, падараш аз дасташ дошта, пурсид:
– Чаро ту пиёзҳоро ба партов мепартоӣ?
Духтарча чанде хомӯш истод, вале чун дид, ки илоҷе надорад, гирякунон гуфт:
– Ҳар рӯз ду чиз модарамро мегирёнад: пиёз ва амали ноҷои шумо. Чун зӯрам ба шумо намерасад, интиқомро аз пиёз гирифтам. 

Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЯК ҚИССА
Пирмардеро чашмаш ба аробачае афтод, ки духтараки хурдсоле онро базӯр тела медод. Ӯ гумон кард, ки аробача холист, вале чун пештар рафта дид, ба ҳайрат афтод: дохили аробача марде буд мубталои  фалаҷ.  
Маълум гашт, ки ин мард падари ӯст. Духтарак ҳамроҳи модар падарашро ба сайругашт баровардаанд. Вале пас аз чанде модараш таъҷилан аз пайи коре меравад ва, акнун, духтар дар танҳоӣ падарро нигоҳубин дорад. 
Чун пирамард мебинад, ки духтарак ҳоло ҳам аробачаро зӯр зада тела карда истодааст, мегӯяд: 
– Ҷони амак, зӯри ту ба бурдани ин аробача намерасад, охир. 
– Инро ман ҳам медонам. 
– Агар медониста бошӣ, пас тела надеҳ. 
– Аробаро бурда натавонам ҳам, ба қафо сарозер рафтанашро пешгирӣ мекунам-ку, –  мегӯяд духтарак.

Таҳияи Шаҳноз САБУРОВА 


3 УСУЛИ ҶОПОНӢ БАРОИ БАРТАРАФ КАРДАНИ ТАНБАЛӢ
1. Мақсади худро дар зиндагӣ аниқ кунед. Он чизеро интихоб кунед, ки ба қобилияту ҳавасҳои шумо мувофиқат мекунад, зеро он ба ҳаётатон маъно мебахшад.

2. Ҳар рӯз ба амалҳои хурд эътибор диҳед. Дар як вақт ҳама корро иҷро кардан шарт нест ва он имкон ҳам надорад. Кӯшиш кунед, ки оҳиста-оҳиста пеш равед ва рушд кунед.

3. 25 дақиқа кор кунед, 5 дақиқа танаффус. Баъдтар, боз такрор кунед. Ин барои пешгирии хастагӣ ёрӣ мерасонад.

Таҳияи Кароматулло АТО



“НИГОРАҲОИ МАШҲУР  АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
НИҚОБИ АГАМЕМНОН
Ниқоби Агамемнон, яке аз шоҳасарҳои санъати Микена ба ҳисоб рафта, дар Осорхонаи миллии бостоншиносии Афина (Юнон) маҳфуз аст. 
Онро соли 1876 бостоншиноси олмонӣ Ҳенрих Шлиман ҳангоми ҳафриёт дар қалъаҳои Микена пайдо намуда, номашро ба ифтихори яке аз қаҳрамонҳои асосии “Илиада”-и Ҳомер ва ривоятҳои асотирии Юнони Қадим шоҳ Агамемнон мегузорад. 
Тавре иттилоъ медиҳанд, ниқоб тиллоӣ буда,  дар асри XIII пеш аз милод сохта шудааст.

Таҳияи Судобаи  ФАЙЗАЛӢ



НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ИНТИХОБ
Дар комиссарияти ҳарбӣ халабонҳоро ба хизмат мегиранд. Як камбағалбача даст ба чаккаи сар бурда, арз мекунад:
– Дипломи олии ҳавонавардӣ дорам ва даҳ сол собиқаи корӣ. Омодаам бар ивази се ҳазор доллар ба сафи пеши фронт равам.
Рафиқи ҳамроҳаш, ки аз афташ бойбача буд, дар китфи комиссар зада мегӯяд:
– Ягон маълумот надорам, вале нуҳ ҳазор доллар маош мехоҳам.
– Барои чӣ нуҳ ҳазор? – ҳайрон шуда мепурсад комиссар.
– Чӣ хел барои чӣ? Се ҳазорашро ба шумо медиҳам, се ҳазор худам мегирам, се ҳазори боқиро ба ана ин камбағалбача медиҳем, ки рафта аз тани ҳар дуямон хизмат кунад.

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ШАҲРЕ, КИ ТАНҲО ЯК КӮЧА ДОРАД
120 километр дуртар аз шаҳри Барселона макони аҷибе вуҷуд дорад: дар пуштакӯҳи сангин, ки думи аждаҳоро ба ёд меорад, хонаҳо дар ду қатор ҷойгиранд ва ҳайратовар он аст, ки чи гуна ин хонаҳо дар чунин масоҳати хурд ғунҷидаанд. 
Шаҳри Кастелфолит-де-ла-Рокаро, ки садсолаҳо пеш дар болои ин кӯҳпораи сангин сохта шудааст, бидуни муболиға, метавон яке аз маконҳои ғайримуқаррарии на танҳо Испания, балки олам номид. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
ҚАБИЛАИ ДИНКА ВА ДАВРАИ  ЛУТФУ МАРҲАМАТИ КЕЛИН
Барои издивоҷ бо духтарони қабилаи динка (Судони Ҷанубӣ) аз 100 то 500 сар гови яккачин ҳамчун маҳр муқаррар шудааст. 
Боварнокарданист, аммо далел аст, ки теъдоди говҳо ба қади духтар вобаста аст. Аниқтараш, чи қадаре, ки қади арус баланд бошад, шумораи говҳо ҳамон қадар зиёд мешавад. 
Далели дигари боварнокарданӣ ин аст, ки духтарони ин қабила дар хонаи шавҳар чор соли аввал аз ҳама кори рӯзгор озоданд. Агар домод хоҳару бародар надошта бошад, маҷбур аст худаш хӯроку нон пазад, рӯбучин кунад, хулоса оиларо саришта намояд. Воқеан, ин давраро мардуми қабила давраи лутфу марҳамат дар хонаи нав меноманд.
 Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА 


СОЗҲОИ МУСИҚӢ
САТО
Сато сози торӣ аст, ки онро бо камонча менавозанд. Ин сози мусиқӣ миёни тоҷикон, ӯзбекҳо, эрониён, афғонҳо ва дигар миллату халқҳои кишварҳои Шарқ маъмул аст. Сато ба танбӯр монанд буда, косааш нисбатан калонтар ва сарпӯш (рӯйпӯш)-аш каме васеътар мебошад. Аз чӯби тут сохта шуда, дарозияш аз 130 то 140 сантиметрро ташкил медиҳад. 
Ходими Хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон, устоди «Шашмақом» Фазлиддин Шаҳобов дар навохтани сато ва танбӯр маҳорати беандоза дошт. Оҳангҳои навохтаи ӯ дар фонди мусиқии Радиои Тоҷикистон маҳфузанд. 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


DDLJ 
БЕҲТАРИН ФИЛМИ ОШИҚОНАИ ТАМОМИ ДАВРУ ЗАМОНҲО
Филми коргардон Адитя Чопра «Dilwale Dulhania Le Jayenge» (DDLJ, тарҷимаи таҳтуллафзиаш «Шердил арусро бо худ мебарад», соли 1995, Ҳиндустон), ки дар он нақшҳои асосиро Шоҳрух Хон ва Каҷол бозидаанд, дар таърихи синамо аз беҳтарин филми ошиқонаи тамоми давру замонҳо шинохта мешавад.
Ин шоҳкории санъат дар гӯшаву канори гуногуни олам дили миллионҳо нафарро тасхир намуда, ба Шоҳруху Каҷол шуҳрати ҷаҳонӣ овард. 
Намоиши кинотеатрии DDLJ дар кишвар беист 1009 ҳафта, аз 20-уми октябри соли 1995 то 19-уми феврали соли 2015, яъне қариб бист сол идома ёфт, ки  дар таърих собиқа надорад. Ба ҳамин хотир, онро ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид сохтаанд.  
Соли 1996 филм соҳиби 10 ҷоизаи Filmfare Awards (онро «Оскар»-и Ҳиндустон низ мегӯянд) гардида, соли 1997 бо мукофоти олии кишвар – Ҷоизаи миллии синамо сазовор мешавад. Коршиносони соҳа бошанд, «Dilwale Dulhania Le Jayenge»-ро ба рӯйхати ҷаҳонии «1001 филме, ки онро давоми умр бояд тамошо кард»  дохил карданд.

Таҳияи Ш. ШОКИР


САЙЁРАҲОИ  ПУРАСРОРИ КАЙҲОН
Tres-2 B – сайёраест, ки рангаш аз ангишт ҳам сиёҳтар аст.  Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки он танҳо  як дарсади нури Офтобро инъикос мекунад.
55 Cancri e – ин сайёра дар масофаи 40 соли рӯшноӣ (1 соли рӯшноӣ = 9 460 730 472 580,8 км) аз Замин ҷойгир мебошад. Вазни он аз Замин ду маротиба бештар буда,  тибқи таҳқиқотҳо, сайёра пурра аз графит ва алмос иборат аст. 
Wasp – 12 B – сайёраи аз ҳама тафсон мебошад, ки ҳарораташ 1500 дараҷаи Селсияро ташкил медиҳад. Аҷиб он аст, ки як соли ин сайёра баробар ба як рӯзи Замин мебошад.

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА


"АЛЛА"   СУРУДИ АБАДӢ
Хонандаи  мактабе ҳангоми вохӯрӣ аз Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, пурсид:
 – Суруде, ки  ҳар замон шунидан мехоҳед, кадом аст?
Шоир  бадоҳатан посух дод:
– Аллаи модар!
 Гулсара АВАЗОВА


ҶЕЙМС ҲАРРИСОН 
“МАРДИ ДОРОИ ДАСТОНИ ТИЛЛОӢ”
Ҷеймс Ҳаррисон аз Австралия дар 13-солагӣ ҷарроҳии ҷиддиеро гузаронд. Барои наҷоти ӯ тақрибан 13 литр хуни донорӣ лозим омад. 
Баъди ҷарроҳӣ ваъда дод, ки баробари 18-сола шуданаш, ба хунсупорӣ шуруъ менамояд, то нафарони дигарро наҷот диҳад ва ҳамин хел ҳам кард. Дере нагузаша табибон муайян намуданд, ки хуни Ҳаррисон нодир  ва  беҳтарин васила барои муолиҷаи бемории камхунии шадид мебошад. Дар асоси хуни ӯ, ваксинаи Anti-D таҳия шуда, ҳаёташ ба маблағи 1 000 000 доллари австралиягӣ суғурта гардид. Вай аз лаҳзаи донории аввалинаш тақрибан 1000 маротиба хун супурд. Ин рақам рекорди ҷаҳонӣ мебошад.
Ба шарофати Ҳаррисон, табибон миллионҳо нафар, аз ҷумла беш аз ду миллион кӯдак, хусусан набераи Ҷеймсро, наҷот доданд. Ӯ ба таърих бо номи «Марди дорои «дастони тилло»-ӣ ворид гашт.

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СЕКУНҶАИ  БЕРМУД                    

Секунҷаи Бермуд (уқёнуси Атлантик) минтақаест, ки бо ҳаводиси фавқулодаи худ  дар олам машҳур аст. Яъне, дар ҳудуди он ҳавопаймоҳову киштиҳо ба таври асроромез бе ному нишон ғайб мезананд. 
Аввалин бор дар бораи мавҷудияти ин мавзеъ хабарнигори  Associated Press  Эвард Ван Винкл Ҷонс соли 1951  иттилоъ дода, онро "Баҳри шайтон" номид. 
Баъдан, соли 1974 забоншиноси амрикоӣ Чарлз Берлитс дар китоби худ “Секунҷаи Бермуд” баъзе ҳодисаҳои ғайримуқаррарии дар ин мавзеъ баамаломадаро шарҳу тавзеҳ дод, ки миёни хонандагон ҳамовозии гарм пайдо кард.
Аммо расо пас аз як сол воқеанигор Лоуренс Дэвид Куше дар китобаш “Секунҷаи Бермуд: афсона ва воқеият” бо такя ба матолиби таҳқиқотӣ ва суҳбат бо шоҳидони ҳол, кӯшиш менамояд собит созад, ки дар ин мавзеъ воқеаҳои фавқулодаву ғайричашмдоште ба амал намеоянд ва онҳо ҳамагӣ бофтаву хаёли хоманд.     

Раҳматулло ҒАЙРАТОВ, мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Балҷувон



СУҲБАТ БО ҲАЙВОНИ ХОНАГӢ 
НИШОНАИ ЗАКОВАТ АСТ
Баъзан, вақте ки одамон дар кӯча бо ҳайвони хонагии худ суҳбат мекунанд, хандаовар менамояд. Аммо тавре равоншиносон иддао доранд, ин набояд боиси тамасхури атрофиён гардад. Зеро муошират бо ҳайвоноти хонагӣ нишонаи заковатмандии шахс аст. 
Ба ҳамин хотир, мутахассисон тавсия медиҳанд, ки агар касе  гуфтугӯ бо ҳайвонҳоро дӯст дорад, ин рафтори хешро ҳаргиз тарк накунад, чунки он далели ҳалимиву меҳрубонӣ ва оқилии ӯст.

Таҳияи У. САФАРАЛӢ


МАЪЛУМОТИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
3. Аввалин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол соли 1930 дар Уругвай баргузор шуд ва тими миллии ин кишвар дар он пирӯз гардид.
4. Қоидаҳои «офсайд» соли 1863 дар ассотсиатсияи футболи Англия қабул шудааст.
5. Нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни бонувон соли 1991 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардидааст. 

Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА



ПУЛҲОИ АҶИБУ ҒАЙРИОДӢ 
ТАНГАҲОИ ОМЕХТА
Дизайнери ҷавон аз Ҷопон Мак Фунамиз сохтани куллан нави тангаро коркард намуд. Ӯ чунин меҳисобад, ки агар тангаҳо дар доираи худ ба қисмҳо ҷудо шаванд, бароҳаттару мусоидтар хоҳанд буд.
Масалан, нисфи танга 50 сент, доираи пуррааш  1 доллар ва аз чор як ҳиссааш  25 сент. Мантиқ хеле одӣ ва онро дар мактаб ҳам ба таври сода фаҳмондан мумкин аст. 
Ҳамзамон, ин гуна тангаҳо барои одамони чашмонашон хираву иллатдор ва хориҷиёне, ки ҳанӯз ба пулҳои маҳаллӣ одат накардаанд, қулай буда, номинали тангаҳои Фунамизро беихтиёрона дарк хоҳанд кард. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ



ИН РӮЗҲО ҲАМ МЕГУЗАРАНД!
Шахсе аз ҳакиме пурсид:
– Рӯи нигини ангуштаринам чӣ бинависам, то  ҳар вақте шодаму ҳам ғамгинам ба он бингарам?
Марди ҳаким гуфт: 
– Бинавис: «Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд!». 

Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
4. ЖАКЛИН МАРС                                   
Бонуи амрикоӣ меросбари калонтарин ширкати хӯроквории олам –  «Марс» мебошад, ки онро соли 1911 бобояш Фрэнк Марс таъсис додааст.
Таҳти роҳбарии ӯ ширкат сол ба сол рушду равнақ меёбад ва маҳсулоти он – «Maрс», «Сникерс», «Милки Вей», «Твикс», «Баунти», «Эм-эн-Эмс», «Вискас», «Педигри», «Бенс Ориджинал» (қаблан «Анкл бенс») дар олам харидорони зиёд дорад.
Мувофиқи иттилои маҷаллаи молиявии «Форбс» айни замон дороии Жаклин Марс 38,3 миллиард доллари ИМА мебошад.
  Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА


РЕКОРДИ  ВАРЗИШГАРИ НАФАҚАХӮР

Тибқи иттилои сомо-наҳои интернетии Россия, Лорита Абдуллина аз ноҳияи Сургути Округи автономии Ханти-Мансийск  дар дастфушурӣ (отжимание) дар фарш миёни нафақахӯрон пирӯз омад. 
Ӯ ин амали сангинро дар гурӯҳи синусолии аз 55 то 59-сола 111 маротиба анҷом дода, миёни 720 варзишгари нафақахӯри ғайриҳирфаӣ аз Россия, Қазоқистон, Беларус ва Финляндия, ки дар VIII спартакиадаи нафақахӯрони Россия (Санкт-Петербург) ширкат доштанд, мақоми аввалро касб намуд. Бояд тазаккур дод, ки натиҷаи нишондодаи Лорита дар ин синну сол  дар олам собиқа надорад. 
Бартар аз ин, ӯ дар тирандозӣ  низ сазовори медали тилло гардид.

Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ



ДУ ПАНД
Агар аз ташнагӣ ранҷ ҳам бибарӣ, 
аз чашмае, ки ба ту шинос нест, об манӯш.
* * *
Ҳамаи усулҳо хубанд, ба ҷуз бадӣ.

Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ



МАНТИҚИ БУЗУРГЕ ДАР ИН ҚИССА НУҲУФТААСТ
Дар даромадгоҳи тарабхонае навишта шуда буд:
– Ҳар хӯроке, ки ин ҷо тановул мекунед, пулашро набераатон пардохт хоҳад кард.
Ронандае ин навиштаҷотро хонду ба тарабхона даромад ва чанд навъи хӯрокро супориш дод. 
Вақти баромадан, ба ӯ расиди ҳисоб (чек)-ро нишон доданд. Ронанда бо ҳайрат гуфт: 
– Охир, пулашро аз набераамон хоҳед гирифт!? 
Соҳиби тарабхона гуфт: 
– Бале, дуруст аст. Аммо шумо бояд ҳозир пули бобоятонро пардохт кунед.

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА

Санаи нашр: 20.10.2023 №: 209
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив