ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ БО САРВАРИ БАШАРДӮСТ
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон, ки 18-уми октябр тавассути 130 мошини боркашон ба вилояти Ҳироти кишвари ҳамсоя интиқол ёфт, дар дохилу хориҷ, бахусус бародарони он сӯи Омуи мо, истиқболи гарму самимӣ пайдо кард. Кумаки башардӯстона, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд, бори дигар ягонагии қавлу амали ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро дар мавриди пуштибонии амиқ аз мардуми Афғонистон собит намуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ёрии башардӯстона аз либосу пойафзоли зимистона, маводи ғизоӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар маводи мавриди ниёз иборат буда, наздик ба 3 ҳазору 300 тоннаро ташкил медиҳад.
Ин амали башардӯстона дар канори он ҳама корномаҳое, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон берун аз ҳавзаи кишвари худ, яъне дар сатҳи минтақаву ҷаҳон анҷом медиҳанд, боз як далели гуманизми баланд ва сиёсати хайрхоҳона нисбат ба мардуми олам аст. Албатта, хонандаи ҳушманди рӯзнома манзури моро дар зеҳну шуури худ ба дурустӣ маърифат намуда, мурод аз ин гуфтаро дарк месозад, ки гап сари кадом иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ меравад. Муҳим он аст, бишносем, ки ҳама талошу эҳсонкориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ мунтаҳо ба номи миллат муҳр зада мешавад ва ба иззату шарафаш гиреҳ мехӯрад. Пас, мо бояд эҳтирому арҷгузорӣ ба ҷойгоҳи баланди Президенти маҳбубамонро эҳтиром ба худ ва халқу Ватан шинохта, аз ҳамин равзана ба ояндаи хеш бингарем, зеро то ҳол сиёсатмадоре дар чунин сатҳ миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ накардааст.
Ҳоло агар ба асли мавзуъ баргардем, Афғонистон авлавияти худро дар сиёсати хориҷии кишвари мо ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии вазъи Афғонистон ҳамеша аз усули сиёсати амалгароёна кор мегиранд ва дар суханрониҳои худ аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ аз мардуми ранҷдидаи афғон пуштибонӣ ба амал меоранд. Доим ба ин нукта таъкид мекунанд, ки ҳалли мушкилоти Афғонистон роҳи низомӣ надорад, балки бо муколамаҳои сиёсӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқи тамоми ақаллиятҳои миллӣ метавон вазъро танзим кард.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки айни замон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба мавқеъгирии кишвари мо нисбат ба сиёсати кунуние, ки дар Афғонистон ҳоким аст, наздиктар мешаванд. Ҳарчанд дар оғози тағйири ҳокимият дар ин мамлакат бархе давлатҳо аз муносибатҳои дугона кор мегирифтанд, вале бо гузашти вақт дарк намуданд, ки дар қиболи ҳокимони имрӯзаи Афғонистон бояд сиёсати дурусту санҷидашударо ба роҳ андозанд. Зимнан, нигарониҳои кишвари мо дар мавриди бадтар шудани вазъ ва афзоиши таҳдиду хатарҳо аз Афғонистон, ахиран аз ҷониби кишварҳои ҳампаймон низ ҷиддӣ гирифта шуд, ки дар нишасти ахири сарварони давлатҳои узви ИДМ дар Бишкек ба он ишора гардид.
Бояд гуфт, ки новобаста аз тағйири низому дигаргуниҳои сиёсӣ, иродаи Пешвои миллати тоҷикон дар муносибат ва дастгирии мардуми Афғонистон тағйирнопазир боқӣ мемонад, ки интиқоли ёриҳои башардӯстона дар ҳаҷми қобили мулоҳиза далели ин амр аст. Ин ғамхории навбатии Сарвари давлат ба зарардидагони заминларзаи Афғонистон дар ҳолест, ки қаблан низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни чунин эҳсонкориро ба сокинони аз офатҳои табиӣ осебдидаи дигар кишварҳо низ амалӣ намуда буданд.
Чунончи, 21-уми феврали соли 2023 бо ташаббуси Пешвои миллат ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон иборат аз маводи ғизоӣ, либосу рахти хоб, лавозимоти аввалияи тиббӣ ва дигар ашёи зарурӣ тавассути ду ҳавопаймо ба Димишқ расонда шуд. Ин кумак, ки 55 тоннаро ташкил медод, ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардид.
Илова бар ин, моҳи феврали ҳамин сол зарардидагони заминларзаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия низ аз ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон бархӯрдор шуданд. Ҳаҷми умумии кумаки Тоҷикистон ба ин кишвар, ки иборат аз маводи ғизоӣ ва дигар анвои рӯзгор буд 100 тоннаро ташкил медод. Дар баробари ин, гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои даҳшатбори заминларза дар Туркия нақши фаъол гузоштанд ва ду нафарро аз зери харобаҳо зинда бароварданд, ки дар расонаҳо бозтоби васеъ пайдо намуда буд.
Соли 2022 низ Тоҷикистон дар идомаи сиёсати башардӯстонаи хеш дасти мардуми аз офати табиӣ (селу обхезиҳои шадид) зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистонро гирифт. Ин бор, бо дастури Президенти мамлакат дар ҳаҷми қариб 5000 тонна маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯӣ ба ин кишвар фиристода шуд.
Ба ин тартиб, метавон мисолҳои зиёдеро баршумурд, ки меҳвари сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ мекунанд. Лиҳозо, дар ин маврид, як нукта қобили андеша аст. Замоне мо дар ҳоли парешонии сахт ба сар мебурдем ва худ чашм ба ёриҳои башардӯстона доштем. Аммо, кунун дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дасти кӯтоҳамон дароз шуд ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ба унвони мамлакати сулҳовар, ташаббускор ва мададрасон ном баровард, ки боиси ифтихору сарфарозист.
Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 25.10.2023 №: 211