ТОҶИКИСТОН. НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР
Қатъи назар аз вазъи мурaккaби сиёсиву иқтисодии мамлакат дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тaриқи рaъйпурсии умумихалқӣ қaбул гардид, ки он ҳамчун шиносномаи миллат барои шинохти давлати навини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳуҷҷати таърихӣ ба ҳисоб рафта, барои инкишофи давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа нақши муассир гузошт. Бо татбиқи меъёрҳои Конститутсия, шароит фароҳам омад, ки идораҳои давлатӣ муътадил фаъолият намоянд, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси қонун ба роҳ монда шаванд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ майлу иродаи мардум, масъулиятшинос, таҳаммулпазир, бунёдкунандаи ҷомеаи адолатпарвар ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будани халқи Тоҷикистонро ифода намуд, ки омили муҳим ба ҳисоб меравад. Чунки дар шароити муосир ягон давлату миллат дар алоҳидагӣ, бе робитаю ҳамкориҳои мутақобила бо ҳамдигар, наметавонанд ба инкишоф ва пешравиҳо ноил гарданд. Аз ин рӯ, бо меъёрҳои конститутсионӣ сиёсати Тоҷикистон дар самти муносибатҳои хориҷӣ ҳамчун давлати сулҳпарвару, эҳтиромкунандаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳон муайян гардид. Натиҷаи татбиқи ин меъёри конститутсионӣ аст, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр шинохта шуда, давлатҳои дунё бо он робитаҳои дипломатӣ барқарор намуданд. Минбаъд дар ин замина, пеш гирифтани сиёсати «дарҳои кушод» барои боз ҳам инкишофу тараққиёти Тоҷикистон имкониятҳоро фарохтар намуд.
Эътибори олии ҳуқуқӣ доштан ва мустақиман амал кардани меъёрҳои Конститутсия ва эътибори ҳуқуқӣ надоштани қонунҳою дигар санадҳои ҳуқуқии хилофи он, ҳамчун меъёрҳои асосии таъминкунандаи волоияти Конститутсия муқаррар гардид. Ин ду аломати тавсифкунанда афзалияти қувваю эътибори меъёрҳои Конститутсияро нишон медиҳад. Ҳамзамон, Конститутсия ба таркиби низоми ҳуқуқии кишвар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистонро ворид намуда, амали онҳоро танҳо дар ҳолате иҷозат дод, ки агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба онҳо мутобиқат накунанд.
Чунин низоми ҳуқуқӣ шароит фароҳам овард, ки минбаъд дигар қонунҳои ҷумҳурӣ дар асос ва мутобиқ ба меъёрҳои Конститутсия қабул шаванд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор ва шаҳрвандону иттиҳодияҳо вазифадор шуданд, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсия маҳсули тафаккури инсонӣ буда, дар давраҳои муайян ба тағйиру иловаҳо эҳтиёҷ пайдо мекунад. Ин ҳолат дар таҷрибаи давлатдории навини мо ба мушоҳида расид. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони бесарусомонӣ ва нооромиҳои мамлакат қабул гардида буд, бо гузашти давраи муайян се маротиба (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016) тағйиру иловаҳо ворид шуд, ки онҳо барои боз ҳам мустаҳкам гардидани волоияти қонун, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шуданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба зиммаи ҳокимияти судӣ вогузор намуда, баробарии ҳамаро дар назди қонун ва суд кафолат додааст. Дар ин робита нуктаи муҳим он аст, ки бидуни ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд ҳеч касро дар содир намудани ҷиноят гунаҳгор донистан мумкин нест. Боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба ҳокимияти судиро дар бар гирифта, муайян кардааст, ки адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ менамоянд.
Ин санади олии ҳуқуқӣ низоми судии кишварро муайян карда, бо мақсади мустаҳкам намудани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар ҷомеа, сифатнок ба амал баровардани адолати судӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат тартиботи муайнро пешбинӣ менамояд. Аз ҷумла, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ нисбат ба номзадҳо ба вазифаи судягӣ дар баробари талаботҳои ҳатмӣ оид ба танҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ва таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ доштан, инчунин, талабот оид ба расидан ба синни муайян ва доштани собиқаи муайяни корӣ (барои судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои ВМКБ, вилоят ва шаҳри Душанбе на кам аз 30 ва ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ, барои судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, суди ҳарбӣ, судҳои иқтисодии ВМБК, вилоят ва шаҳри Душанбе на кам аз 25 ва ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ) муқаррар намудааст. Чунин талабот, агар аз як тараф, садди роҳи ба вазифаи судя таъин шудани шахсони тасодуфӣ гардида, принсипи ташкили суди босалоҳият, мустақил ва беғаразро таъмин намояд, аз тарафи дигар, шароит фароҳам овардааст, ки аз миёни ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, беҳтаринашон ба вазифаи судя таъин карда шаванд. Зеро татбиқи адолати судӣ корест пурмасъул ва он дар баробари дониши ҳуқуқӣ доштан, тафаккури амиқ, таҷриба ва хирадмандиро талаб менамояд. Инчунин, бо меъёрҳои конститутсионӣ пешбинӣ нагардидани синни ниҳоии ба вазифаи судя таъин ё интихоб намудан (ба истиснои ҳолати пешбининамудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), имкон медиҳад, ки ба ин мансаб шахсони соҳибтаҷриба дар дастгоҳи судҳо, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ва адвокатура таъин гардида, таҷрибаашонро дар ба амалисозии адолат самаранок истифода намоянд. Таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар бештар мавридҳо ба вазифаи судя чунин шахсон таъин ё интихоб мешаванд.
Аз мазмуну муҳтавои Конститутсия, ки забони давлатиро тоҷикӣ эълон дошта, бо ин забон оммафаҳм навишта шудааст, бармеояд, ки хусусияти фарқкунандаи ҳокимияти судӣ дар мустақилӣ, истисноӣ, ба қонун итоат намудан, ягонагии он ифода ёфта, аз номи давлат амалӣ намудани адолати судиро аз ҷониби мақомоти махсуси давлатӣ – судҳо, таъмин мекунад.
Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон борҳо мавқеи ҳокимияти судиро дар низоми давлатдорӣ баланд арзёбӣ намуда, чунин баён доштанд: «Ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ бе мавҷудияти низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ аз имкон берун аст. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, қонуният ва адолати иҷтимоӣ ҳокимияти судии мустақил ва беғараз нақши асосӣ дорад. Тақвияти фаъолияти ҳокимияти судӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ мебошад, зеро фаъолияти суд бо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ пайванди ногусастанӣ дорад. Мо барои мустақилияти судҳо ва таъмини фаъолияти дахолатнопазири онҳо ҷиҳати ҳифзи адолати иҷтимоӣ минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешем».
Гуфтаҳои Сарвари давлат самти асосии сиёсати давлатро вобаста ба ҳокимияти судӣ ифода намуда, аз он шаҳодат медиҳанд, ки суд ҳамчун як рукни ҳокимияти мустақил дар пойдориву пешравии давлат ва ҷомеа нақши муассир дорад. Фаъолияти пурсамари он дар баробари кафили оромиву осудагии ҷомеа будан, барои рушди бемайлони иқтисоди кишвар ва беҳтар гардидани шароити моддию маишии мардум низ нақши ҳалкунанда дорад, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ сармоягузорони хориҷию ватанӣ пеш аз маблағгузорӣ ба ин ё он соҳаи иқтисод, эҳтимолияти бавуҷудоии ҳолатҳои ногувор ва тарзи ҳимояи ҳуқуқҳояшонро тавассути суд пешбинӣ намуда, нақшу мавқеъ ва эътибори ҳокимияти судии кишварро арзёбӣ менамоянд.
Аз ин рӯ, бо мақсади рушду таҳким ва баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ, дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра чор барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул ва амалӣ шуд, ки тибқи ин барномаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии моддӣ ва мурофиавии нав қабул шуданд. Аз ҷумла, қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки онҳо асосҳои ҳуқуқи ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, муносибатҳои дигари вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳоро ба танзим даровардаанд.
Инчунин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2003 бо мақсади тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, баланд бардоштани сатҳи донишу таҷрибаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо Маркази таълими судяҳо таъсис ёфт. Ҷиҳати омода кардани номзадҳо ба мансаби судягӣ вазифаи коромӯз-судя ҷорӣ гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми апрели соли 2017 Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз-судя таъсис гардид.
Гузашта аз ин, соли 2022 дар сохтори Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ тағйирот ворид шуда, вазифаи «ёрдамчии судя» пешбинӣ гардид. Чунин тағйиротро на танҳо тадбир барои беҳтар намудани фаъолияти судҳои олӣ, балки яке аз чорабинии беҳтарин, муҳиму зарурӣ ва оқилонаву дурандешона дар самти тайёр намудани «судяҳои оянда» ва ҳамеша «дар захира доштани кадрҳо – судяҳои тайёр» ҳисобидан мумкин аст. Зеро шахсе, ки дар вазифаи ёрдамчии судяи Суди Олӣ ё Суди Олии иқтисодӣ фаъолият менамояд, воқеан, соҳиби дониш ва таҷрибаи хуби амалии судӣ гардида, барои дар вазифаи судя кор кардан, адолати судиро амалӣ намудан ба дараҷаи баланди мутобиқ ба ин вазифа омода мегардад. Чунки тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳар ду суд мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти судҳои поёнии таҳти тобеияти идоравиашон бударо амалӣ менамоянд. Дар Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ парвандаҳо дар марҳалаи якум ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ карда мешаванд, таҷрибаи судӣ ҷамъбаст карда, оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ дода мешавад. Оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод шуда, дигар ваколатҳое, ки Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мамлакат пешбинӣ намудаанд, татбиқ мешавад. Амалӣ намудани салоҳиятҳои номбаршуда имконият ва шароити заруриро фароҳам месозанд, ки «ёрдамчии судя» зимни иҷрои уҳдадориҳои хизматияш тавассути иштироки бавоситаю бевосита таҷрибаву малакаашро ғанӣ созад. Дар ин сурат, дар симои онҳо судяҳои ояндаи донишманду соҳибтаҷрибаро дидан мумкин аст. Зимнан, масъалаи мазкур ҷолиби диққат буда, ҷиҳати такмил ба омӯзиш, хулоса ва нуқтаи назари илман асосноки олимону мутахассисони соҳаи варзидаи ҳуқуқ ниёз дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар замони муосир нақши ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи адолати судӣ, пешрафти давлату давлатдорӣ ва инкишофи ҷомеа баланд буда, судҳои ҷумҳурӣ вазифаҳои дар наздашон гузоштаро тибқи талаботи Конститутсия ва қонунҳо иҷро намуда истодаанд. Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани ин шохаи ҳокимият, чораҳои нав ба навро тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ андешидан манфиатовар мебошад. Зеро ташаккули пайвастаи ҳокимияти судӣ боиси фаъолияти пурсамар мегардад.
Рошиддин ҚАМАРЗОДА, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 26.10.2023 №: 212