ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”. НЕРУЕ, КИ ЧУН НУРИ ОФТОБ БЕЗАРАР АСТ

“ЭНЕРГИЯИ САБЗ”. НЕРУЕ, КИ ЧУН НУРИ ОФТОБ БЕЗАРАР АСТ

30 октябр 2023, Душанбе
843
0


Истеҳсоли “энергияи сабз” яке аз масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ба ҳисоб рафта, дар навбати худ, барои ҳифзи муҳити зист аз газҳои гулхонаӣ ҳамчун беҳтарин васила пешбинӣ шудааст. Аз ин ҷост, ки истифодаи панелҳои офтобӣ, неругоҳҳои барқи обӣ ва бодӣ дар мамлакатҳои рушдёфта зиёд ба назар мерасанд. Сарчашмаҳои маъмули ба даст овардани энергия, аз қабили нафт, газ ва дигар маъданҳо, тадриҷан, аҳамияти худро аз даст медиҳанд. 

Ба андешаи коршиносон, неругоҳҳои барқи обӣ яке аз манбаъҳои асосии истеҳсоли “энергияи сабз”  ба ҳисоб мераванд. Ҳарчанд сохтмони неругоҳи барқи обӣ гарон бошад ҳам, вале он метавонад базудӣ фоида орад. Ғайр аз ин, арзиши неруи тавлидкардаи НБО нисбат ба неруи тариқи неругоҳи бодӣ ё панелҳои офтобӣ истеҳсолшаванда, хеле арзон аст.
Мавриди зикр аст, ки Исландия, Канада ва Норвегия аз бузургтарин кишварҳои тавлидкунандаи “энергияи сабз” мебошанд. Аз ибтидои асри нав, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳам дар ин росто фаъол аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, неруи таҷдидшаванда дар дунё дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Инчунин, аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон ҷойи 6-умро ишғол менамояд. 
Дар ҷаҳони имрӯза тағйирёбии иқлим  яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор меравад. Тавре коршиносони байналмилалӣ иброз доштанд, моҳи июли соли равон аз моҳҳои гармтарини даҳсолаҳои охир будааст. Вобаста ба ин масъала, Хайрулло Файзуллоев, мутахассиси пешбари раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист, чунин иброз намуд:  "Дар дунё сол ба сол ҳодисаҳои нохуши марбут ба тағйирёбии иқлим сар мезананд. Аз ин рӯ, мо ба бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, яъне тавлиди “энергияи сабз” аз манбаъҳои таҷдидшаванда, шуруъ кардем". 
Ба андешаи Хайрулло Файзуллоев, дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди “иқтисоди сабз”, Тоҷикистон метавонад ба яке аз мамлакатҳои “туризми сабз” табдил ёбад, зеро кишварамон имконияти амалӣ намудани рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз пешсафон бошад.
 Воқеан, захираҳои обии Тоҷикистон таъминкунандаи рушди бемайлони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ буда, муаррификунандаи кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб мераванд. 
 
БАРТАРИИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ” 
Тибқи иттилои сомонаи econrj.ru, бартарии асосии ҳама гуна манбаъҳои “энергияи сабз” безарар будани онҳо ба муҳити зист мебошад. Бартарии дигари раднашавандаи манбаъҳои “энергияи сабз” тамомнашавандагии онҳост. Танҳо метавонад, вобаста ба мавсим, неруи барқ кам ва ё зиёд гардад.  
“Энергияи сабз” маънои тавлиди қувваи барқ бидуни ифлос кардани муҳити зистро дорад. Дар баъзе мавридҳо “энергияи сабз”-ро тавлиди неруи барқ бо истифода аз манбаъҳои барқароршаванда меноманд. Манбаъҳои барқароршавандаи “энергияи сабз” оби дарёҳо, нури офтоб, шамол ва гармии замин мебошанд.   
Истифодаи панелҳои офтобӣ, генераторҳои шамолӣ ва дигар дастгоҳҳо барои тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, метавонанд воридшавии карбогидридҳоро ба муҳити зист  коҳиш диҳанд. 
 Аксари коршиносон бар ин ақидаанд, ки сармоягузорӣ ба «энергияи сабз»  дар ҳоли рушд қарор дорад. Тақрибан даҳ сол пеш ба саволе, ки сармоягузорӣ ба “энергияи сабз” фоидаовар аст ё не, қисме аз таҳлилгарони соҳа ҷавоби манфӣ медоданд. Ҳоло бошад, вазъият бакуллӣ тағйир ёфта, барои маблағгузории дарозмуддат, дар роҳи бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, сармоягузорон саҳм мегиранд. Шояд, пешгӯиҳои коршиносон, ки “энергияи сабз” то соли 2040 ҷойи нафту газро пурра мегирад, ба иқдоми онҳо вобаста мебошад.
ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”
16-уми ноябри соли 2018 дар ифтитоҳи оғози кори агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” Сарвари давлат дар суханронии худ зикр карданд: “Роғун” бо истифода аз манбаи таҷдидшавандаи истеҳсоли неру ва барқи аз лиҳози экологӣ тозаи худ ба ҳамаи кишварҳои минтақа хизмат карда, обанбори он барои танзими захираи об, хусусан дар солҳои камобиву хушксолӣ, нақши бузург хоҳад бозид”. 
Воқеан, соҳаи энергетикаи обии кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин асос ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, таҳияи заминаи ҳуқуқиву институтсионалӣ, ҳамкориҳо бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои ҳамсоя беш аз пеш густариш меёбанд. 
Ҳукумати кишвар нақша дорад, ки иқтидори истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи худро дар ояндаи наздик ҳамчун манбаи асосии пешбурди “иқтисоди сабз” ду баробар афзоиш диҳад. Истифодаи самараноки ин иқтидор сармоягузории бештар ва ҷорӣ намудани технологияҳои навро тақозо мекунад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо технологияҳои нав имкон медиҳад, ки алюминий ва дигар металлҳо, инчунин маҳсулоти тайёр аз онҳо, бо ҳадди камтарини ихроҷи карбон истеҳсол карда шаванд.
«Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО), ки дар истеҳсолот неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода мебарад, имрӯз, аллакай, ба панҷгонаи беҳтарин истеҳсолкунандагони ҷаҳонии «алюминийи сабз» ворид шудааст. Истеҳсоли «алюминийи сабз», мис ва литий дар Тоҷикистон метавонад барои сармоягузорӣ  дар  истеҳсоли автомобилҳои барқӣ бартарӣ дошта бошад. 
Бо мақсади гузариш ба “иқтисоди сабз”, инчунин, таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузориҳо, роҳандозии технологияҳои муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ соли гузашта Тоҷикистон “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037”-ро қабул кард. Яке аз афзалиятҳои рушди “иқтисоди сабз” дар кишвар тавсеаи истифодаи манбаъҳои  “энергияи сабз” мебошад. Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои рушди гидроэнергетика ва манбаъҳои ғайрианъанавии энергетикиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Имрӯз замони рушди “иқтисоди сабз” фаро расидааст ва аз рӯи дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба яке аз авлавиятҳои баландтарин дар арсаи байналмилалӣ ноил хоҳад шуд.  

Шодмон АБДУРАҲИМ , “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив