ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХУТАЛ». АЗ ФАЛАК ТО СУРУДҲОИ МАРДУМӢ

«ХУТАЛ». АЗ ФАЛАК ТО СУРУДҲОИ МАРДУМӢ

30 октябр 2023, Душанбе
14
0

 
Ансамбли фолклорӣ-этнографии «Хутал» соли 2016 дар шаҳри Бохтар таъсис ёфтааст. Фаъолияти пурсамари он аз оғоз то ба имрӯз чашмрас буд. Дар он ҳунармандони маъруфу маҳбуби кишвар ба тарбияи мутахассисону мутрибону овозхонҳои ҷавон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд. Ҳамчунин, дар шинохту тарғиби Фалак чун жанри мусиқӣ саҳми шоиста мегирад. Хабарнигори рӯзнома бо Усмон Билолӣ, корманди масъули «Хутал», дар ин хусус ва ояндаи ансамбл ҳамсуҳбат шуд.
– Мақсад аз таъсиси ин гурӯҳи ҳунарӣ чӣ буд ва то ба куҷо дар амалӣ шудани он муваффақ шуд?
– Аз таъсиси гурӯҳ агарчи ҳафт сол гузашта бошад ҳам, дар ин андак муддат ба дастовардҳои зиёду чашмрас ноил гашт. Алалхусус, имсол ташвишҳову тараддудҳои неки мо бештар буд. Дақиқтараш, барномаи мукаммалу рангину ҷолибро бо номи «Тӯйи тоҷикӣ» омода сохтем, ки аз 13 қисм иборат аст. Он аз зода шудани тифл, то номгузориву  дар гаҳвора хобондан ва раҳгардону тӯй карданро дар бар мегирад. Саъй ба харҷ додем, то анъана, суннат, урфу одат, ҷашну маросими миллӣ  ба таври типикунонӣ истифода ва риоя гардад.

– Фалак ҳамчун жанри фолклорӣ дар барномаҳои Шумо чӣ мавқеъ дорад ва дар ташвиқу тарғиби он гурӯҳ то ба куҷо муваффақ шудааст?
– Фалак  яке аз самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳи мо, яъне «Хутал» аст. Фалак аз жанрҳои қадимии миллати мо – тоҷикон, маҳсуб мешавад, ҳамзамон, ифодагари  таърих, зиндагӣ, урфу одат ва ҷашну маросими мардумамон мебошад. Аз ин рӯ, ба ин жанр таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамаи навъҳои Фалакро гурӯҳ бо асолаташ пешкаши мардум месозад. Барномаи ҳунарие, ки пештар зикраш рафту махсус барои таҷлили  Рӯзи Фалак, ки 10-уми  октябр омода ва баргузор намудем, писанди бинандагон гардид.
Дар гурӯҳ фалаксароёни маҳбубу варзида, аз қабили Маҳмадсафар Муродов, Талабшо Қуқандов, Хиромон Қурбонова, Момагул Раҳимова, Баҳодур Холматов фаъолият доранд. Кор бо онҳо  дар «Хутал» омӯзанда ва шавқовар низ мебошад. Аҳли гурӯҳ қариб ҳар саҳар бо як бозёфт, тарзи иҷрои беҳтар, ки асолати ин жанрро бештар бозгӯ мекунад, ба кор меояд. 
Хулоса, «Хутал» вуҷуди зиндаест, ки баробари  набзи замон метапад. 
Ногуфта намонад, ки Фалак ба туфайли Пешвои миллатамон дар кишвар мавқеи сазовор пайдо кард, барои омӯзиши беҳтару бештараш тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Инчунин, жанри мазкур дар ҷаҳон маъруф гардиду дарёфтанд, ки он моли мо – тоҷикон, мебошад. 

– Ба андешаи Шумо таваҷҷуҳи овозхонҳои ҷавон ба ин жанр чӣ гуна аст ва чӣ сон боқӣ мемонад?
– Бузургдошти ин жанри қадима дар ин мавзеъ баланд ва назаррас мебошад, ки ин моро ба ояндаи дурахшони Фалак умедвор месозад. Тавре пештар дар ин суҳбат зикр кардам, фалаксароёни маъруфу варзида ба ҷавонони дилбохтаи Фалак асолату тарзи иҷрои онҳоро меомӯзанд. Махсусан, тарзи фалаксароиву омӯзишии Маҳмадсафар Муродов беназир мебошад. Тарзи кору омӯзиши ӯ  бо ҷавонон шоёни таҳсину ибрат аст. Ҷавонони гурӯҳ, аз қабили Хусрав, Баҳодур, Мурод, дар ин мактаб хуб сабақ омӯхтаанд ва аз фалаксароёни маҳбубу эътирофшудаанд. Ҳама, аксаран, ки ҷавонанд, Фалакро хуб мешиносанду мехонанд. 
Сабку тарзҳои гуногуни Фалак дар гурӯҳ пайваста тамрин мешаванд. 
Хиромон Қурбонова, аз таҷрибае, ки дар ансамбли «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои  Ҳукумати ҷумҳурӣ андӯхтааст, ҷавононро хуб омӯзонда метавонад. Таҷрибадорон тамоми донишу маҳораташонро бедареғ мисли як омӯзгори дилсӯз ба ҷавонон мебахшанд. Агар хоҳем, ки  умри миллати мо, фарҳангамон дарозтар шавад, ба равнақу густариши Фалак бояд таваҷҷуҳи махсус дода шавад. 

– Пазириши Фалак ва дигар сурудҳои қадимии мардумӣ аз ҷониби шунавандагони ин мавзеъ ё худ вилоят чӣ гуна аст?
– Дар ҳар гӯшаи ин мавзеъ агар садои Фалак баланд гардад, дигар садоҳо хомӯш мешаванд. Чаро? Чунки ин диёр, диёри Фалак ва фалаксароёни машҳури асил аст. Фалак барои  аксар мардуми минтақа аз ҳамаи жанрҳои мусиқӣ ва сурудҳои дигар ба дил наздиктару азизтар мебошад. Инчунин, қадр ва манзалати баланд дорад. 

– Ба андешаи Шумо чӣ бояд кард, ки фалак ва дигар сурудҳои мардумӣ ба асолаташ беҳтар пешниҳод шаванд?
– Фикр мекунам, ки баргузории озмунҳо дар ин маврид барои рушду такомул, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ, тарғибу ташвиқ ва густариши бештар мусоидат хоҳанд кард. Ҳанӯз дар миёни мардуми мо бисёр истеъдодҳое ҳастанд, ки мо бояд онҳоро пайдо ва дар  ин роҳ раҳнамоӣ бикунем. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки чанд сол боз бо ташаббус ва дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, барои рушду такомул ва густариши онҳо мусоидат  менамояд. 

– Ояндаи ин жанр ва эҳёи сурудҳои миллиро чӣ гуна мебинед?
– Ин ҳама дар симои Президенти мамлакат соҳиби асилу ғамхори худро пайдо кардааст. Аз ин рӯ, дастовардҳои бузурге дар ин маврид моро насиб мегарданд.

Мусоҳиб Абдулқодири Раҳим, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив