ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗИЗБЕК ШАРИФОВ. ИНСОНЕ, КИ РӮЗГОРАШ НАМУНАИ ИБРАТ МОНД

АЗИЗБЕК ШАРИФОВ. ИНСОНЕ, КИ РӮЗГОРАШ НАМУНАИ ИБРАТ МОНД

30 октябр 2023, Душанбе
24
0

 
Азизбек Шарифов аз мактаби роҳбарии шахсияти оқилу доно, роҳбари бохиради ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) Сангин Ҳафизов гузашта буд. Бо инсонҳои неку бомаърифат дӯстию  ҳамнишинӣ дошт, мудом аз онҳо меомӯхт ва ибрат мегирифт. Меҳнатдӯстӣ, садоқат ба Ватани азиз, шиори зиндагии ӯ буд. Аз ин рӯ,  ба  зинаҳои роҳбарӣ марҳала ба марҳала омада расид, обутоб ёфт ва ҳамчун роҳбари ободкор ва инсони комилу накукор маъруфият пайдо намуд. 

Моҳи ноябри соли 1988 Азизбек  Шарифов  котиби якуми комитети ҳизбии ноҳия интихоб шуд. Соли 1990 кишвар ба интихоботи навбатӣ ба Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ медид.  Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ   сар шуд.
Азизбек Шарифов номзадиашро аз Ҷамоати деҳоти Гулистон пешбарӣ намуд. Ӯ қаблан аз соли 1977 то он вақт 8 даъват вакили Шурои вакилони ноҳия интихоб шуда буд. Аз ин рӯ, интихобкунандагон бо боварии том ба ҷонибдориаш якдилона овоз доданд. Ҳамин тавр,    солҳои 1990 - 1995 дар  Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Кумитаи  сиёсати аграрӣ  ва шуғли  аҳолӣ фаъолияти парламентиашро пеш бурда, дар таҳия ва қабули қонунҳо саҳм  мегирифт.
 Ӯ ҳамчун вакили мардумӣ соли 1992 дар Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуд ва  дар барқарории сохти конститутсионӣ мавқеи устувор дошт.
Моҳи апрели соли 1991 Азизбек Шарифовро бори дуюм ба вазифаи раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқи ноҳия интихоб намуданд. Дар ин айём ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сар зад. Гурезагоне, ки аз водии Вахш меомаданд, аксарияташон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойгир карда мешуданд ва бо ҷойи хобу  ғизо таъмин кардани онҳо ба дӯши комиҷроияи ноҳия бор гирифт. Собиқадорони соҳаи матлубот, собиқ раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Ятим Мирзоев ва собиқ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саидов бошанд, дарки баланди  масъулиятшиносӣ доштани ҳамкорашон Азизбек Шарифовро  дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ёдовар шуда, чунин ибрози назар кардаанд: – Хизматҳои Азизбек Шарифов ба ҳайси ҷонишини раиси раёсати  Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҳамчун масъули  соҳаҳои сохтмон, саноат, нақлиёт ва истеҳсолот хеле шоиста мебошад. Дар давраи фаъолияташ дар соҳаи кооператсияи матлуботи кишвар, алалхусус дар ноҳияҳои дурдаст, базаҳои замонавии савдои яклухтфурӯшӣ, универмагҳо, тарабхонаҳо, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ, истеҳсолию саноатӣ, нонпазхонаҳо, сехҳои нӯшокиҳои ташнашикану ҳасиб, дӯзандагию бофандагӣ, коркарди пӯсту пашм ва ғайраҳо, бунёду навсозӣ гардиданд.
Моҳи январи соли 1995 Азизбек Шарифов  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин  мегардад. 
Азизбек Шарифов солҳои зиёд ба Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ кард. Маҳз  бо кордонию донишмандии ӯ Ассотсиатсия ба яке аз ташкилотҳои бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфта,  обрӯю нуфуз пайдо кард. Дар навсозӣ ва ислоҳоти хоҷагиҳои кишоварзӣ бо роҳи суръат додани маъракаҳои маърифатию тарғиботӣ барои рушди кишоварзии мамлакат ҳиссаи босазо гузошт.
Хизматҳои Азизбек Шарифов бо ордени Шараф, медалҳои 10 - солагӣ ва 20 - солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр шудаанд. 
                                                                      
ШЕРАЛӢ ЯҲЁ, собиқадори матбуот

Санаи нашр: 30.10.2023 №: 214
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив