ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «АНДАРЗНОМА»

«АНДАРЗНОМА»

02 ноябр 2023, Панҷшанбе
79
0


Андарзҳо дар ҳамаи давру замон, ба навъе, таҳрикгари ҳаёту фаъолияти неку пурсамари одамӣ буд ва мемонад. Як андарз метавонад самт ва интихоби роҳро, ба маънии мусбаташ, дигар кунад. 

Аз ин рӯ, бузургони ҷаҳон ва шахсиятҳои нотакрори олами ҳастӣ кӯшидаанд, андарз бигӯянд, то ба ин васила рисолати худро дар назди башарият анҷом дода бошанд. Ба маънии дигар, андарз панду насиҳат аст. Шайх Саъдии Шерозӣ, ки ба симати муаллими ахлоқ эътироф гардидаву ёд мешавад, насиҳат гуфтанро муроди худ медонад:
Муроди мо насиҳат буду гуфтем, 
Ҳаволат бар Худо кардему рафтем.

Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ низ насиҳат гуфтану шуниданро, хосса аз пири доно, таъкид мекунад:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Имрӯз, воқеан, гуфтану шунидан, ҷамъовариву хондани андарзҳо бисёр зарур аст. Бе мавҷудияти андарзҳо сатҳи ахлоқи ҷомеа метавонад рӯ ба таназзул биёрад. Идора кардани ҷомеае, ки дар он ба ахлоқ авлавият намедиҳанд, бисёр душвор мебошад. Бо дарки  ин масъалаи ҳаётан муҳим, С. Ятимов андарзҳои таҳрикдиҳандаро ҷамъоварӣ намуда, дар шакли китоби алоҳида бо номи «Андарзнома» ба табъ расондааст. 
Мураттиб дар сарсухани китоб бамаврид таъкид менамояд: «Суханҳои  пандомӯз ҳамқадами ҳаёти инсонанд. Инъикоси вазъи иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ-фарҳангӣ   ва муносибати руҳиву равонии халқҳову миллатҳоро нисбат ба ҳодисаҳои муҳити атроф – табиат, ҷамъият ва тафаккур, ифода мекунанд. Маҳсули таҷрибаи бузурги ҳаёти одамӣ мебошанд. Ҳақиқати ҳазорҳо  бор такрор ва тасдиқшударо тафсир ва тасдиқ менамоянд. Суханҳоеанд, ки аз имтиҳони муҳокима, муошират ва, аз ҳама муҳим, амалияи ҳаёти башар гузаштаанд. 
Сухани ҳикматомез, зарбулмасалу мақолҳо, баъзан дар алоҳидагӣ, қимати як дарси хуб ва як китоби  пурмазмунро доранд». 
Дар китоб андарзҳо вобаста ба мазмуну мундариҷа ҷой дода шудаанд: «Миллат, ҳувияти миллӣ, халқ», «Фард, шахсият», «Дин, эътиқод, руҳониён», «Хирад, дониш, илм, маънавиёт», «Давлат, сиёсат, тобеият» аз ин қабиланд. 
Андарзҳо ба се забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ оварда шудаанд, ки ин қимати китобро меафзояд.
Аз мутолиаи ин андарзҳо равшан маълум мегардад, ки мураттиб беҳтарин дурру гавҳари дарёи ҳикматро гирд овардаву пешниҳоди хонандаи закӣ намудааст:
Ҷаҳон сар ба сар ибрату ҳикмат аст,
Чаро баҳри мо ҳама ғафлат аст?
                                       Абдулқосим Фирдавсӣ

Ҳар касеро бозсозӣ боядо,
Гар насозӣ, худшиносӣ н-оядо.
                                       Ҷалолиддини Балхӣ

Зинҳор дар ин дурӯза манзил,
Чун бехабарон мабош ғофил.
                                        Бадриддин Ҳилолӣ

«Андарзнома» ҳадяи арзишмандест барои  доираи васеи хонандаҳо, ки бешак китоби рӯимизии онҳо хоҳад шуд. 
Албатта, умед аст, ки нашри он бо теъдоди ҳозирааш,  маҳдуд намешавад ва дар оянда бо шумораи бамаротиб бештар ба табъ мерасад.

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 01.11.2023 №: 216
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив