КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҲКИМИ АРКОНИ ДАВЛАТДОРӢ
Имрӯзҳо, мо дар арафаи Ҷашни 29-умин солгарди қабули Конститутсияи кишвари худ қарор дорем ва ҳар қадар, ки мо аз давраи қабули он дур меравем, ҳаёти ҷомеа аҳамияти таърихию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ин санади сарнавиштсози миллатро бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меорад.
Мо, бояд ҳамеша ба хиради азалии халқи азизамон, ки дар давраи басо ҳассоси таърихӣ атрофи Роҳбари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, онро қабул ва ба бақои давлату миллат асос гузоштанд, эҳтиром гузорем ва чунин шоҳкории таърихиро қадр намоем. Ҳамчунин, аз хотир намебарорем, ки халқи Тоҷикистон бори аввал дар таърихи давлатдориаш қонуни асосии давлат – сарнавишти таърихии худро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кардааст ва аз ин рӯ, эҳтироми иродаи халқ вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Дар баробари ин, зиракии сиёсиро нисбат ба амалҳои манфиатҷӯёнаи ашхоси нотавонбине, ки дастовардҳои назарраси дар муддати кӯтоҳ бадастомада, нақши Конститутсия дар таъмини суботи сиёсии иҷтимоии мамлакат ва фаъолияти созандагию бунёдкоронаи давлату миллатро нодида мегиранд, аз даст надиҳем. Аҳдофи муғризонаи гурӯҳҳои табаҳкору душманони давлату миллатро хуб шиносем ва ба даъвоҳои беасосашон посухи муносиб диҳем.
Дар замони муосир, ки назми ҳуқуқии ҷаҳон бар асари бархӯрди тамаддунҳо, рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ то ҷое халалдор гардидааст, бояд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия аз ақлу хиради воло кор гирем. Чунки, ҳар лаҳза метавонем шоҳиди он бошем, ки дахолати рӯйирост ба умури давлатдории кишварҳои алоҳида истиқлолият ва тамомияти арзии онҳоро зери хавфу хатар мегузорад. Гузашта аз ин, фаъол гаштани созмонҳои террористиву ифротгароӣ ва ҷиноятпешаи трансмиллӣ, зиёд гаштани муноқишаҳои дохилӣ, ки ба таври оммавӣ ба поймол гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд оварда расондаанд, ба асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки натиҷаи рушди чандинҳазорсолаи афкори фалсафӣ, сиёсию ҳуқуқӣ мебошанд, хавфу хатари ҷиддиро ба бор меоранд. Ҳамзамон, ба эътибор нагирифтани конститутсияҳои давлатҳои алоҳида, ирода ва манфиатҳои қисмати зиёди аҳолӣ, бисёрстандартӣ дар ҳалли масоили умдатарини байналмилалӣ ба хотири ноил шудан ба мақсадҳои геополитикӣ, муборизаи кӯр-кӯрона бар зидди ҳокимият аз ҷониби бархе аз шаҳрвандони зери нуфузи идеология ва ғояи бегона афтида, дар солҳои охир фалокатҳои фоҷиабори зиёди конститутсиониро рӯи кор оварданд.
Мусаллам аст, ки бо гузашти солҳо ҳаёт дар назди давлат ва миллат вазифаҳои нав ба нави сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро мегузорад. Аз ин рӯ, ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ҳуқуқбунёд, пешбурди сиёсати низомноки бомаром, дурандешона ва ватандӯстона ҳамеша дар авлавияти кор қарор доранд, ки мо дар ин замина бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
Ҳоло муҳимтарин рисолати мо ин аст, ки ба арзишҳои конститутсионӣ, ки онҳо аз арзишҳои миллӣ ва арзишҳои умумиэътирофшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ибтидо мегиранд, содиқ бошем. Ин гуна арзишҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва қоидаи рафтори ҳамагон қарор диҳем.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ