НОМАИ БАХТИ МИЛЛАТ
Табиист, ки дар ростои таҷлили Рӯзи Конститутсия навори хотираҳо моро ба замони қабули он мебарад, ёди он рӯзҳои барои миллати шарафманди мо басо сахту душвор дар зеҳн равшан мегардад. Он рӯзҳо вазъ ниҳоят ҳассосу мураккаб ва тамоми талошҳо барои ба эътидол овардани он равона гардида буд. Қабл аз ҳама, мебоист собит гардад, ки ҷанги дохилӣ дар кишвари мо таҳмилӣ буда, дар асл мо миллати куҳанбунёду фарҳангпарвар, дорои таърихи қадиму адабиёти пурғановате ҳастем, ки абармардони миллатамон дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми боризи худро гузоштаанд. Бояд ҳарчи зудтар эътимоду эътирофи ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба худ ба даст меовардем. Бо ҳамин мақсаду ҳадафи нек ва ба оянда умедворкунанда, Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 29-уми сентябри соли 1993 аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нахустин бор ба забони ноби тоҷикӣ суханронӣ намуда, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва мақсаду мароми неку созандаи давлати моро ба самъи ҷаҳониён расонданд ва назари онҳоро нисбат ба мардуми кишвар ва давлати тозаистиқлоламон ба таври мусбат тағйир доданд.
Он рӯзҳо дар баробари ба ифоқа овардани тарафҳои даргиру баргардондани гурезаҳо, ҳамчунин, қабули Конститусия низ аз масъалаҳои бисёр муҳим арзёбӣ мегардид ва Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саъю талоши беназир ва садоқату вафодорӣ ба миллату давлати хеш, сарфи назар аз вазъияти басо мураккабу печида, тавонистанд, ки ин амрро дар амал татбиқ намоянд.
Бо эълони истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 орзуи деринтизори миллати тоҷик ҷомаи амал пӯшид ва мо соҳибдавлат гаштему бароямон имкон муҳайё гардид, ки ормонҳои миллии худро дар амал татбиқ намоем. Бо дарназардошти ин падидаи сиёсии таърихӣ мебоист, ки лоиҳаи Конститутсия аз нав омода гардад ва соли 1992 ҳайати нави корӣ таъсис ёфт. Лоиҳа аз тарафи ҳуқуқшиносони варзида борҳо бозбинӣ гардида, ба он тағйироту иловаҳои зарурӣ, ки дархӯри замон буданд, ворид шуданд. Дар ҳамин ҳол, мебоист ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шавад, вале сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ин ҳадафро ба таъхир гузошт.
Баъдан, 26-уми июни соли 1993 бо қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси комиссияи конститутсионӣ интихоб гардиданд. Вобаста ба шакли идоракунии давлатӣ ду лоиҳа – шакли идоракунии ҷумҳурии президентӣ ва шакли идоракунии ҷумҳурии парлумонӣ таҳия гардид. Баъд аз баррасиҳо лоиҳаи Конститутсия бо шакли идоракунии президентӣ қобили қабул дониста шуд ва қабл аз қабул тавассути воситаҳои ахбори омма мавриди муҳокимаи умум қарор гирифт. Билохира, 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ якдилона қабул гардид. Ин маънои онро дошт, ки аксарияти мардуми кишвар ризоят доданд, ки сарнавишти ояндаи худ ва давлати соҳибистиқлоламон дар чаҳорчӯби ҳамин Конститутсия барномарезӣ шавад. Аз ҳамин ҷост, ки ин санадро Конститутсияи мардумӣ мегӯянд ва ҳар сол рӯзи қабул гардиданашро таҷлил менамоем.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи 1 Конститутсия давлати моро бо сифатҳои соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муаррифӣ менамояд. Як ҷиҳати фарқкунандаи он аз дигар конститутсияҳои қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки аз як сӯ волоияти меъёрҳои қонун, санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар мекунад, аз сӯйи дигар вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрвандро мушаххас менамояд. Ормонҳои давлатдорию манфиатҳои миллиро ифода карда, дар асоси он ҷаҳониён кишвари моро ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, татбиқкунандаи сиёсати “дарҳои кушода” шинохтанду эътироф намуданд.
Мусаллам аст, ки дар кишвари мо намояндагони дигар миллатҳо низ ҳаёт ба сар мебаранд, Тоҷикистонро Ватани худ медонанд ва соҳиби забони хешанд. Аз ҳамин лиҳоз, мавқеи корбурди забон ба таври мушаххас дар моддаи 2 Конститутсия муайян гардидааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд».
Конститутсия барои татбиқи сиёсати оқилонаи дохилию хориҷии мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳоло кишвари мо бо 183 давлати дунё муносибатҳои дипломатиро ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, узви комилҳуқуқи ҳамаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гардида, дар онҳо овозу мавқеи худро дорад ва дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ фаъолона ширкат меварзад. Тоҷикистон иштирокдори беш аз 170 конвенсияи байналмилалӣ буда, риоя ва иҷрои ҳуқуқҳои байналмилалӣ аз тарафи давлат дар моддаи 10 Конститутсия ба таври возеҳу равшан ифода ёфтааст: «Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд».
Имрӯз собит гардид, ки Конститутсияи мо бо дарназардошти тамоми омилҳо одилонатарин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад ва бо назардошти рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҷиҳати тақвияти меъёрҳои ин санади олии ҳуқуқӣ бо роҳи раъйпурсӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид мегарданд.
Барно САИДВАЛИЗОДА,
сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, генерал-майори милитсия