ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

08 ноябр 2023, Чоршанбе
36
0


БИЛЕТИ ҚАЛБАКИИ ҲАРБӢ СОХТАКОРОНРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД
Мақомоти прокуратура дар се ҳолат содиршавии ҷиноятҳои қаллобӣ ва сохтакории билетҳои ҳарбиро ошкор намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашид.
Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ дар ин бора хабар дод, шаҳрванд Абдусаттор Шарипов дар ҳамдастӣ бо Фирдавс Ахмедов барои тайёр карда додани билетҳои ҳарбӣ ба даъватшавандагон А. Фатҳуллоев, Ҳ. Фатҳуллоев ва С. Баҳриддинзода 36 ҳазор сомонӣ гирифта, бо истифода аз техникаи компютерӣ сохтакорона ба номи онҳо билетҳои ҳарбӣ омода карда додаанд. Аз рӯи ҳолати мазкур, нисбат ба А. Шарипов ва Ф. Ахмедов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҳкум гардиданд.
Дар ҳолати дигар, шаҳрванд Ҳасан Тухтаев ба чунин кирдор даст зада, моҳи майи соли ҷорӣ аз даъватшавандагон – сокинони шаҳри Исфара Муртазохуҷа Қурбонов, Абдуғафор Абдусатторов, Абдурауф Набиҷонов 40 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ному насаби онҳо бо роҳи сохтакорӣ билетҳои ҳарбӣ тайёр карда додааст. Оид ба ҳолати мазкур аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.  
Ба ин монанд, лейтинанти калони милитсия Меҳроҷиддин Назаров ва капитани милитсия Ашуралӣ Исмоилов ба тайёр карда додани билети ҳарбии қалбакӣ ба номи даъватшаванда Нуриддин Маҳмадсафо дар ивази 24 ҳазор сомонӣ айбдор мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳоло нисбат ба М. Назаров ва А. Исмоилов бо моддаҳои  247 қисми 3 банди «а» ва 340 қисми 2 бандҳои «б,в» ва нисбат ба Н. Маҳмадсафо бо моддаи 340 қисми 2 бандҳои «б,в» Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши пешакии он аз ҷониби Сарпрокуратураи ҳарбӣ идома дорад.


ҒОРАТГАРӢ
Боздошти марди қаблан судшуда бо ин ҷурм
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Истаравшан, ки аз ӯ марди 36-сола ном бурда мешавад, ба гумони ғоратгарӣ (моддаи 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, гумонбар шаби 1-уми ноябри соли ҷорӣ дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳолати мастӣ бо марди 34-солаи сокини ҳамин шаҳр вориди муноқиша шуда, бо тариқи зӯроварӣ телефони мобилиашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ин дар ҳолест, ки шахси гумонбаршаванда қаблан бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздӣ) суд шудааст.  

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 08.11.2023 №: 220
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив