ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРОҒЕ ДАР РАҲИ ФАРДО

ЧАРОҒЕ ДАР РАҲИ ФАРДО

14 ноябр 2023, Сешанбе
26
0
Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.
Эмомалӣ  РАҲМОН
 
Муаллим офтобе дон, ки метобад ба баҳру бар,
Зи нури илм равшан менамояд даҳрро яксар.
 
Агар барои ранги сабз ба бар намудани замин баҳор ва барои равшан шудани дунёи зулмонӣ моҳтобу ситораҳову офтоб зарур бошад, пас, барои ҳамаҷониба обутоб ёфтани инсон устод  лозим аст. Устод боғбонеро мемонаду шогирдон ниҳолакони навбареро. Агар боғбон дар нигоҳубини ниҳолон беътиноӣ кунад, ҳамаи гулу дарахтон хушк хоҳанд шуд. Омӯзгор дар таълиму тарбияи шогирдон коҳилӣ кунад ва масъулияти бар дӯш доштаашро аз сидқ иҷро накунад, маҳсули ранҷу меҳнати кашидааш  натиҷаи мусбат нахоҳад дод. Муаллим бояд кори худро бидонад ва ба масъулияти худ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дошта бошад. Ӯ метавонад шахсони шоиста тарбия намояд. Инчунин, қодир аст, ки ҳатто одами бадкирдорро ба роҳи рост ҳидоят кунад. 
 
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Муаллимӣ шуғл нест, ишқ аст. Агар ба унвони шуғл интихобаш кардаӣ, бояд  раҳояш кунӣ ва агар ишқи туст, муборакат бод. 
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Имрӯз чи муаллиму чи духтур, чи ронанда ва чи коргару бофанда – ҳама устодону шогирдони худро доранд. Онҳоро дар ҳаёт касе омӯзондааст. Инсон даме, ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта, бо як ҳусну истеъдоди худовандӣ тавлид мешавад, аммо худ танҳо, бе сарвар, бе роҳнамо ва бе устод соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад. 
 
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ нашуд.
Муаллим будан, яъне бовар доштан аст, бовар доштан ба имконияти тағйир додани олам тавассути маърифат. Муаллим  нардбонеро мемонад, ки барои илм омӯхтан низ инсонро то кайҳон раҳнамост.
Кори муаллимро набояд осон гирифт, зеро дар дастгоҳи кории ӯ чӯбу оҳан не, балки одам сайқал меёбад.
Офтобро барои гармиву рӯшноияш истиқбол мекунанд. Худ месӯзад, то гармиву рӯшноии дигаронро таъмин намояд. Муаллим ҳам бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад. Ин партави заковату маънавиёти инсон аст, ки имрӯз коинотро фатҳ менамояд. Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, рушди воситаҳои иттилоот, кашфи тамоми нуқтаҳои  Замин, баромадан ба Кайҳон натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошад, ки бо такмили донишу маънавиёт ба даст омадааст. 
Муаллим масъули имрӯзу ояндаи инсон мебошад. 
 
Китоби ҳикмату маъно муаллим,
Чароғе дар раҳи фардо муаллим.
Ба неруе, ки дорад дар бисоташ,
Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим.
Сарварбӣ МИРАЛИЕВА,
омӯзгори кафедраи забонҳои ДТҶТ 
ба номи С. Раҳимов
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив