ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМСОЛИ ПОЙТАХТ

ҲАМСОЛИ ПОЙТАХТ

14 ноябр 2023, Сешанбе
16
0
Яке аз ҷавонони кӯҳистоние, ки охири солҳои 30-юми асри гузашта аз деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Муъминобод ба Душанбе омада, тақдирашро ба ин шаҳри ҳамсоли худ баякборагӣ пайваст, Табаров Соҳиб Шуҳратиевич буд.
 
Устод Соҳиб Табаров (1924-2015) ҳамагӣ понздаҳ сол дошт, ки баъди таълиму тарбия дар ятимхонаҳои Муъминободу Тебалай ва омӯзишгоҳҳои Самарқанд ва Панҷакенту Кӯлоб сокини шаҳри Душанбе шуд  ва солиёни зиёд баробари шаҳри дӯстдоштаи худ сабзид, камол ёфт ва дар роҳи таълиму тарбияи ҷавонон ва илми суханшиносии тоҷик нақш гузошт ва умри азизи хешро сарфи хома намуд. 
Зиндагӣ ва фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва иҷтимоии ин пири хирад худ намунаи намоёни таҳаввули таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии шаҳри Душанбе  ва, умуман, Тоҷикистони соҳибистиқлол  мебошад.
Соли 1939 ӯ ба факултети адабиёти Институти давлатии педагогии  ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ), ки он вақт ягона мактаби олӣ дар шаҳри Душанбе буд, дохил мешавад. 
Ба курси се гузашта буд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар мешаваду Институт  як сол аз фаъолият бозмемонад.  Ӯ баъди як сол таҳсилро давом медиҳад ва соли 1943 курсҳои сеюму чорумро дар як сол  хатм намуда,  мутахассиси дорои маълумоти олӣ мегардад.
Нимаи дуюми солҳои 40-ум ва солҳои 50-ум ба зиндагии Соҳиб Табаров пай дар пай комёбӣ ва хурсандиҳоро ба бор овард. Соли 1945 ба аспирантураи назди филиали тоҷикистонии АИ СССР дохил шуда, таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ СССР Е. Э. Бертелс соли 1949 дар мавзуи ««Ғуломон»-и С. Айнӣ ҳамчун асари таърихӣ» дар шурои илмии Институти шарқшиносии АИ СССР рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Ду сол пеш аз ин, соли 1947 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта шуд. Моҳи декабри соли 1947 ба ордени Нишони фахрии СССР мушарраф гардид. Моҳи сентябри 1948, вақте ки дар Душанбе Университети давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт,  аввал муаллими кафедраи забон ва адабиёти тоҷик  ва  ҳангоме ки он ба ду кафедра ҷудо мешавад (соли 1952), мудири кафедраи адабиёти тоҷик таъин мегардад. 
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии муҳаққиқ ба фаъолияти омӯзгорияш тавъам буда, барои насли имрӯзу минбаъдаи миллати тоҷик қобили омӯзиш ва баҳрабардорӣ мебошад.  Ӯ  умри азизи худро ба тадқиқу баррасии масъалаҳои бунёдии таърихи адабиёти тоҷики қарни ХХ, нақди адабӣ, назарияи адабиёт, матншиносӣ ва адабиётшиносии муқоисавӣ бахшидааст ва муаллифи беш аз 800 рисола, китоби дарсӣ, воситаву барномаи таълимӣ, мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
Соҳиб Табаровро хонандагони тоҷик, пеш аз ҳама ва бештар аз ҳама, ҳамчун мунаққид мешиносанд.  Осори қисми кулли адибони тоҷик, ки солҳои 40-80-уми садаи ХХ фаъолият намудаанд, аз мулоҳизаҳои интиқодии ин мунаққиди пуркору воқеъбин дур намондаанд. 
Дигар аз хусусиятҳои нақди Соҳиб Табаров дар он аст, ки устод зиёдтар асарҳои истеъдодҳои ҷавонро  мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода,  онҳоро ба роҳи мақбул ва самараноки эҷодӣ ҳидоят менамояд.
Дар даврони шуравӣ фаъолияти адабиётшиносии устод Табаров густариш меёбад ва асарҳои олим «Материалҳо оид ба омӯхтани адабиёти советии тоҷик» (1948), «Садриддини Айнӣ – асосгузори адабиёти советии тоҷик» (1954), «Садриддин Айнӣ – сарояндаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр» (1958) «Пайрав Сулаймонӣ» (1962), «Мирсаид Миршакар» (1962), «Образи В. И. Ленин дар назми советии тоҷик» (1961),  «Васфи Октябр дар назми тоҷик» (1968), «Симои ҷовидони пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Адабиёти муосири советӣ» (1984), «Адиби сухандон ва муборизи майдон» (1986) пай дар пай ба табъ мерасанд. Ҳар кадоми онҳо хоҳ ба эҷодиёти адибони алоҳида бахшида шуда бошанд ва хоҳ масъалаҳои умумии адабиётшиносиро фаро гиранд, бо дақиқӣ, ҳуҷҷатнокӣ ва услуби таҳлили воқеъбинонаву асоснок фарқ карда меистанд.
Давраи сеюми фаъолияти адабиётшиносии устод Табаров, ки, асосан, ба тадқиқи таърихи адабиёти ибтидои асри XX – адабиёти ҷадидияи тоҷик, иртибот гирифта, арзишҳои тозаи илмӣ касб менамояд, ба айёми бозсозии горбачевӣ (соли 1985) ва махсусан Истиқлолияти Тоҷикистон (соли 1991) рост меояд. Хонандаи тоҷик то замони соҳибихтиёрии мамлакат, бар асари мухолифати идеологии мафкурабардорони шуравӣ, оид ба ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони адабиёти ҷадидияи тоҷик, ки ба қавли Садриддин Айнӣ «сари таърихи адабиёти нави тоҷик» ба шумор мераванд, маълумоти саҳеҳ надошт ва сабаби азобу шиканҷа ва охирҳои солҳои 30-юми садаи ХХ қатл гардидани зумрае аз онҳоро намедонист. Дар ҳақиқат, тадқиқоте, ки дар асоси ҳуҷҷатҳо, далелу бурҳон, манбаъ ва сарчашмаҳои сершумори хаттӣ, маводи бойгониву мукотиботи адибон ва коргоҳи эҷодии муаллифон бунёд ёфтаанд, зиёда эътимодноку боварибахш буда, дар ҳалли бисёр муаммоҳои мундариҷавию бадеӣ, услубиву забонӣ ва ғоявию ҳунарии асари бадеӣ мусоидат менамоянд. Аз ҳамин нуқтаи назар, ҳар як тадқиқоти солҳои охир анҷомдодаи устод Табаров дорои ҷанбаи амиқи таҳлилӣ мебошад ва тамоми паҳлуҳои мундариҷавию лафзии осори адибони ибтидои асри ХХ-ро фаро гирифта, иртиботи эҷодии нависандагонро ба замон ва воқеаҳои иҷтимоии давр нишон медиҳад. Ин усули тадқиқ ҳангоми нақди осори адибони ибтидои садаи ХХ ниҳоят зарур аст, зеро аксари адибони ин давра, чун Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Мирзо Сироҷ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аҷзии Самарқандӣ, Тошхоҷа Асирӣ ва Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар ҷӯши воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ қарор дошта, тамоми ҳастии худ ва эҷодиёташонро ба татбиқи ғояҳои маорифпарвариву инқилобӣ сафарбар кардаанд. 
Дар ҳақиқат, мактаби адабиётшиносии устод Табаров тавассути ҷаҳду талош ва сахтгирию масъулиятшиносии беҳамто, чунонки шарқшиносони барҷастаи чех Ян Рипка ва Иржи Бечка низ таъкид кардаанд, ба яке аз мактабҳои пурқувват ва бонуфузи Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол табдил гардид ва баъдҳо ба ҷумҳуриҳои исломии Эрону Афғонистон низ доман паҳн кард. 
Ҷараёни зиндагии Соҳиб Табаров ба раванди тавлид ва рушду нумуи ҳамсоли худ – пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе басо шабоҳат дорад. Устод дар як деҳаи назарногири кӯҳистони тоҷик ба арсаи ҳастӣ қадам гузошта, аз лаҳзаҳои аввали даврони бачагӣ зиндагиро чун арсаи талошу набарди инсонҳои комил барои расидан ба мақсадҳои олӣ дарёфт ва ақлу заковати фитрии хешро бо омӯзишу пажӯҳиши пайваставу ҷиддӣ сайқал дода, бо дили бузург ва иродаи матин ба мавҷҳои пуртӯғёни донишу маърифат даровехт ва тавонист, ки бо осори гаронбаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва таълимӣ дар арсаи ҳаёти фарҳангии мамлакат ва берун аз он мавқеи муносиб ишғол намояд ва боиси ифтихори ҳамватанони хеш гардад.
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии ДМТ Соҳиб Табаров  дар замони соҳибистиқлолӣ бо фаъолияти пурсамар ва омӯзанда бо унвони Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, ордени Дӯстӣ сазовор гардид. Ҳамчунин, устод барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи АИТ (ҳоло АМИТ)  ба номи Муҳаммад Осимӣ  мебошад.  Ёди устоди гиромиқадр, ҳамсоли пойтахти  мамлакатамон, Соҳиб Табаров  бахайр бошад. 
Аламхон КӮЧАРЗОДА, узви вобастаи АМИТ, профессори ДМТ
Санаи нашр: 14.11.2023 №: 224-225
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив