ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

БУНЁДГУЗОРИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

17 ноябр 2023, Ҷумъа
43
0

 
Соли 1991 миллати соҳибтамаддуни тоҷик бори дигар имконияти эҳёи давлатдориро пайдо намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилият ва соҳибихтиёрии худро ба даст овард. Вале, дар оғози ин амр, аниқтараш соли 1992, таҳти роҳбарии ҳизби террористӣ-экстремистии наҳзати ислом ва тарафдорони худбохтаи он дар мамлакат табаддулоти давлатӣ ба вуқуъ омада, сохти конститутсионии ҷумҳурӣ зӯран сарнагун гашт ва Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа, асосҳои сохти давлатдорӣ пурра фалаҷ гардида, зиёда аз 100 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва иқтисодиёти мамлакат хисороти сангин дид. Қариб 1 миллион нафар аҳолии кишвар гуреза шуда, мамлакат ба минтақаҳои гуногуни ба ҳам зид ҷудо гардид. Гуруснагӣ тамоми кишварро фаро гирифта, миллатро хатари нестшавӣ таҳдид дошт.
Дар ин лаҳзаҳои бениҳоят мудҳиш ва барои мардуми тоҷик тақдирсоз роҳбаре лозим буд, ки Тоҷикистонро аз вартаи нестшавӣ раҳо намояд. Бо ин  мақсад ва ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти мураккаби ҷамъиятию сиёсӣ, зарурати баргузор намудани иҷлосияи навбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Вале, он замон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, тартиботи ҷамъиятӣ  таъмин набуда, беҳокимиятӣ ҳукмфармо буд ва ин вазъи мураккаб барои баргузории иҷлосия имконият намедод. 
Аз ин рӯ, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд вакилони мардумӣ ҷамъ омада, Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони мардумӣ якдилона раиси вақти вилояти Кӯлоб, вакили мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ –  Роҳбари давлат интихоб намуданд. Тавре маълум аст, ҳамон вақт ҷомеаро бесарусомонӣ фарогир буд ва касе аз боқӣ мондани давлату миллат бовар надошт. Аммо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ дар Иҷлосияи мазкур бо шиори ватандӯстонаи худ: «Ман ба шумо сулҳ меорам!» масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба ҳифзу пойдории истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷой намуданд.
Баъди анҷоми Иҷлосияи таърихӣ ва қабули қарорҳои дахлдор, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, фаъолияти пурмасъули худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуда, бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд.
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хомӯш, дар мамлакат фазои сулҳу суботро таъмин карда, ба барқарорсозии иқтисодиёти азбайнрафтаву сохтори фалаҷшудаи давлатӣ шуруъ намуданд. Дар натиҷа, бо фазлу хиради сиёсии Сарвари давлат миллат аз нестшавӣ ва давлат аз парокандагӣ раҳо ёфтанд.
Қатъи назар аз вазъи мураккаби иқтисодӣ-сиёсӣ, набудани мутахассисони соҳавӣ ва шароити моддӣ бо талошҳои фидокоронаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо печида Артиши миллӣ созмон дода шуда, якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ дар ҳифз ва таҳкими арзишҳои истиқлоли давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пешгирии амалҳои таҷовузкоронаи душманон саҳми босазои худро гузошт. Ҷузъу томҳои низомии кишвар дар як муддати муайян ба неруи қудратманд табдил ёфта, шароити хизматӣ ва зисти низомиён беҳтар гардида, ба талаботи замон мутобиқ гардонда шуд.
Ҳокимияти давлатӣ фаъолияти худро аз хазинаи холӣ оғоз намуда, марҳала ба марҳала фаъолияти сохторҳои давлатӣ ба низоми муайян  дароварда шуд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ (тақрибан 2 сол), дар кишвар заминаҳои дахлдор ҷиҳати таъсису ташаккули институти президентӣ бо риояи принсипҳои интихоботӣ ба миён омад. Раиси Шурои Олӣ – Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо роҳи раъйпурсӣ қабул намудани Конститутсияи кишвар, гузарондани интихоботи шаффоф ва аз ҷониби халқ бевосита интихоб намудани Президенти мамлакат шароит муҳайё намуданд.
Минбаъд бо мақсади муайянсозии шакли идоракунӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мардуми шарифи кишвар 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуданд. Худи ҳамон рӯз шаҳрвандони кишвар, ҳамчунин, бо риояи принсипҳои интихоботии умумӣ, мустақим ва баробар ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд. Сарвари давлат 16-уми ноябр савганд ёд намуда, ба фаъолияти кории навбатӣ шуруъ намуданд. Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, ҳар сол дар руҳияи баланд ва ифтихор аз ватандорӣ таҷлил мегардад.
Аз рӯзи оғози ин марҳалаи таърихӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёти худро саропо ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян карда, дар кишвар сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд. Хидматҳои фидокоронаи Сарвари давлат дар таъмини сулҳу субот, пойдории истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, муҳайё намудани шароити мусоиду арзандаи зиндагӣ ба мардум, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва густариши сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ беназир буда, ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидати комил намудаанд.
Таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, расида истодааст.
Аз ин рӯ ва бо дарназардошти раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро мебояд, то барои ҳифзи истиқлолу озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол эътибори аввалиндараҷа диҳем. Татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, баҳри таъмини волоияти қонун, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди кишварамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем.

Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД,
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
генерал-полковники адлия

Санаи нашр: 17.11.2023 №: 229-230
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив