ОНҲО, КИ ЗИ БАХТ ПОДШОЯНД
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистони маҳбуб 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу манзалат ва тантана истиқбол гирифтанд. Истиқлолият рамзи озодӣ, ободӣ, шукуфоии Ватану тақвиятбахши худшиносии миллат аст. Имсол 31-солагии сессияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Ба ҳар сокини калонсоли Ватан арзиши истиқлолият басо муҳим мебошад. Зарур аст, истиқлоли кишвар, ин ҳадяи таърихиро чун падидаи қиматбаҳо, бо гунаи гавҳараки чашм нигаҳдорӣ бинамоянд, ба қадри озодии Ватан ва осудагиву оромии он бирасанд. Дар ободӣ, зебогардонӣ, ҳифзи марзу бумаш бикӯшанд ва ҷоннисор бошанд.
Ҳиссаи сессияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар пойдории Тоҷикистони ободу зебо беназир аст. Душманони Тоҷикистон аз нигоҳи ғаразноки худ ҳазорҳо-ҳазор созандагиҳо, бозсозиҳоро надидаву ба кофтани чирки таги нохун дар ҳолати карахтии асаб, сиёҳии дил, машғуланд. Аксарияти онҳо чун манқуртон поёну натиҷаи амалҳои худро дарк накарда, асари ҷидду ҷаҳдашонро эҳсос намекунанд. Онҳо Ватан чист ва ҳамватан кистро намедонанд. Аз ҳикмати ин мисраъҳои паямбарона ғофиланд:
Бибояд накҳати бадбахтӣ аз гулзори
бегона,
Чи хушбахтам, агар дар пояи хоки
Ватан мирам.
Мутаассифона, вазъият дар ҷаҳон аз пештара бештар ноустувор ва, ҳатто мураккаб ва хатарнок шудааст. Бемории сироятии каронавирус, ки ҷони миллионҳо сокинони сайёраро рабуд, дар қиёс дарди ба хайр менамояд. Аз ин бадтар сиёсати ноустувори давлатҳои манфиатҷӯ аст, ки ҷаҳонро ба ларза оварда, ташвиши мардумро зиёд мегардонанд. Таассуфовар аст, ки ин амали ғайри матлубашон идома дорад.
Аммо ин ҳама ташвишҳо, хавфу хатарҳои бегонаҳо то он андозае таъсир надоранд, ки худиҳо ба сари сокинони диёри хеш оварда истодаанд. Мисолҳо хеле зиёданд, ки аз оварданашон худдорӣ карда, бо муҳтавои ин мисраъҳо қаноат мекунем:
Душмани беруна дорад аз бурун девонагӣ,
Эҳтиёт, эй дӯстон, аз душманони хонагӣ.
Ана, ҳамин душманони хонагӣ аз дуру наздик борони ғаразу фитна, бухлу туҳматро болои сари Тоҷикистону бошандагонаш, ҳаммиллату ҳамзабон, ҳамдину ҳаммазҳаб, хешону ақрабояшон мерезанд. Аксарияти онҳо аз ғофилии бепоён, ҳатто душманӣ чистро намедонанд. Кӯр-кӯрона ба хоҷагонашон итоат мекунанд. Итоат ба онҳоро кори хайр меҳисобанд.
Дар саҳифаҳои фейсбук ҳарзаву дасисаҳоеро пахш карда, гумон менамоянд, ки халқи кабири тоҷик бори дигар гӯли онҳоро хӯрдаву ба ин дурӯғашон бовар мекунад. Бо хости Худо тирашон хок мехӯрад. Ин тоифаи сияҳкор, як умр дарбадару хокбасар, гурезаву мусофир мемонанд, асрҳои аср ин доғро бо худ гирифта ба фарзандони хеш ва ояндагонашон мерос мегузоранд. Бале, ба ҷои ватандор беватан, фирорӣ мемонанд.
Терроризм, ифротгароӣ миллат, дину мазҳаб, Ватан ва забон надорад, – гуфтааст Сарвари давлати мо. Ин зуҳурот ба дини мубини ислом яқинан иртиботе надорад. Бале, ӯ аз дохили ҷомеа зуҳур кардаву муқобили ҷомеа равон мебошад. Дар пайдоиши он қавме, миллатеро муттаҳам донистан бехирадӣ буда, аз доираи инсоф берун аст. Ба ҳамаи ин хулосаҳои аниқ нанигариста гурӯҳе аз мусулмононе судхоҳ ва хоҷагонашон терроризмро ҷиҳод гуфта, барои расидан ба ниятҳову орзуҳои сиёҳи хеш аз он истифода мекунанд. Аз ин маълум мешавад, ки онҳо душмани бадкори ин дини мубинанд.
Халқи тоҷик душмани худ – кабириҳо, гурӯҳи-24 – “гурӯҳи тухм”-ро дуруст шинохтааст, медонад, муборизаи онҳо барои манфиати Ватану мардум нест. Талошҳои ба ном ҷиҳоди онҳо аз барои расидан ба маснаду ғановат буда, болотар чизе нест, бешак. Бузургон – «Онҳо, ки зи бахт подшоҳанд», – гуфтаанд. Худованди бузург фармудааст: «Аз ман ҳар чи талаб кунед ба ҷуз подшоҳӣ».
Дар Тоҷикистони мо қариб 10 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Як сарвар доранд. Ин Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба хости Худои бузург сарварии давлату мардуми Тоҷикистонро ба уҳда гирифтаанд. Давлати Тоҷикистон давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Агар мубориз, нотарс, ғаюр бошед, на буздилу гуреза, аз дуриҳои дур ба сари Ватану халқи он санги маломат партофтану борони ғараз боридан кори мардони мард, оқилон нест.
Барои расидан ба мақсадҳои нопок аз дини мубини ислом истифода накунед. Дуруст биандешед, шумо насли дуюми чоҳталабонед. Насли аввали шумо ба нокомӣ расиданд. Шумо низ ноком хоҳед шуд. Тариқи шабакаҳои иҷтимоии сомонаҳои интернетӣ аз давлатдории тоҷикон нигаронӣ мекунед. Камбудиҳои ошкору ниҳонро аз будашон зиёд нишон медиҳед.
Дониста бошед, ки давлатдорӣ, давлатсозӣ кори саҳлу осон нест. Як давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ, фарҳангӣ қафомондаро, ки боз мову шумо, бештар шумо, харобаш кардед, нафарони зиёдеро, ки миёнашон паҳлавонону олимон, нобиғаҳое буданд, зери зиёда аз як миллион сокини кишвар гуреза гардиданд. Садҳо шаҳру деҳу ҳазорҳо хона зери оташ монда, вайрону валангор шуданд. Чӣ хатое кардем? Фаромӯш насозед, ки тоҷик дар ҳамон солҳо корҳоеро анҷом дод, ки имрӯз аз иқрорашон шармамон меояд. Ин гуноҳро пӯшидан амри маҳол буда, таърих худ гувоҳ аст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки мардуми Тоҷикистон ва роҳбарияти мамлакат бо талошу ҷонбозиҳо ин мулки харобгаштаро обод, зебо ва дилрабо гардонданд. Ба мамлакатҳои тараққикардаи дунё монанд намуданд. Оид ба сохтмони иншооти муҳташам, роҳу нақбҳо, кӯпруку неругоҳҳои барқӣ, боғҳои фарҳангу фароғат, осоишгоҳу бӯстонсаройҳо, ки ҳамаи онҳоро номбар кардан аз имконият дур аст ва онҳоро китобҳои калону бисёрҷилда ҳам ғунҷонда наметавонанд. Инсони комил мебояд дурандеш, дурбин, якрӯй бошад. Намак хӯрдӣ, намакдоншиканӣ кори хирадмандону покзодаҳо нест.
Зуд бигирад намак сурати он кас, ки ӯ,
Нону намак хӯрду рафт, хону
намакдон шикаст.
Тоҷикистон дар давоми 32-соли соҳибистиқлолӣ бо суръат тараққӣ кард, обод шуд. Ин ҳамаро нодида гирифтан нишонӣ ноҷавонмардӣ ва нотавонист.
Таърихи сиву дусолаи истиқлоли мо возеҳу равшан собит намуд, ки халқи номдору тамаддунофари кишвар дар интихоби сохти давлату давлатдорӣ, Сарвари кишвар хато накард. Роҳбари давлат дар оғози фаъолияти хеш гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳу ваҳдат меорам», «То як тоҷик дар хориҷи кишвар аст ва ҳукми мусофириро дорад, ман худро ором ҳис намекунам», «То ҳамаи гурезаҳоро ба Ватан бар нагардонам, ором намегирам», «Барои ҳифзи ин хок, ин мардум ҷонамро дареғ намедорам…».
Мо равшан ва возеҳ дидем ва мушоҳида кардем, ки Ҷаноби олӣ ба гуфтаҳо ва аҳдашон вафо карданд. Тоҷикистонро, бо инояти Парвардигор, аз вартаи фаношавӣ раҳо намуданд.
Бо хоҳиши баланди ватанхоҳиву мардумдӯстӣ ба шоҳраги водиву кӯҳистони тоҷик хуни гарму ҷони нав ворид карданд ва Тоҷикистони мо обод гардид.
Маконҳои муқаддаси кишвар дар баробари шаҳрҳову деҳоти мамлакат обод шуда, зиёратгоҳи хосу ом гардиданд. Руҳи чил нафар духтари боиффату ҳасратии «Чилдухтарон»-ро шод намуданд. Чилдухтарон обод шуд, ба мавзеи зебо, сайёҳӣ, макони зиёрат мубаддал гашт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрӯ ва иззату икроми байналмилалӣ доранд.
Шунидаем, ба ҳар куҷое, ки ҳазрати Хизр қадам гузоштааст, он ҷо обод шудааст. Мо инро шунидаем, аммо ба чашми хеш надидаем. Лекин дида истодаем, ки аз қадами мубораки Президенти Тоҷикистон, Сарвари тоҷикони ҷаҳон ҳама гӯшаву канорҳои ин мулки бобоӣ обод, зебо, дилрабо мегардад, либоси наву шинам ба бар мекунад.
Бешак, зиндагии аҳолӣ хуб шудааст. Мардум ба осонӣ ризқи худу аҳли хонаводаашонро пайдо мекунанд. Заминҳои президентӣ мушкили мардумро осон кардааст.
Дар ҷое, ки кор аст, зиндагӣ аст, мушкилӣ, камбудӣ низ ҷой дорад. Камбудиҳоро дастак кардан кори мардуми мардтабиату шарафманд, ватанхоҳ нест. Камбудиҳоро ислоҳ кардан вазифаи ҷомеа мебошад. Бале, мо шаҳрвандони ин диёри биҳиштосо муваззафем онҳоро ислоҳ карда, дар ободонии диёр ҳисса дошта бошем.
Ҳар як тоҷикистониро зарур аст ба дасисаву буҳтонҳо, туҳмату ғаразҳо дода нашуда, дар атрофи роҳбарияти давлату диёри хеш истода, дар осудагии ватану ҳамватан, дар ободии он, дар ҳифзи марзу бумаш устувор бошад.
Онҳо, ки зи бахт подшоянд,
Ақли кулли сояи Худоянд.
Абдуллоҳ БОБОЗОДА
Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231