САЙЁҲӢ. АГАР ХОҲЕМ СОҲА ПЕШРАФТИ БЕШТАР ДОШТА БОШАД...
Мавсими сайёҳӣ, ки ҳоло дар авҷ аст, ба мо имкон медиҳад ба махсусиятҳои ташкили сайёҳӣ, истироҳат ва меҳмоннавозӣ дар мамлакатамон жарфтар назар афканем. Дар пасманзари афзоиши шумораи сайёҳони дохиливу хориҷӣ наметавон аз мушкилоти бунёдии сайёҳии Тоҷикистон ёдовар нашуд, ки бо вуҷуди талаботи мавҷуда ва вориди сармоя, то ҳол ҳалношуда боқӣ мемонад.
Албатта, аз пешравиҳо оғоз менамоем.
Тайи солҳои охир Ҳукумати мамлакат воридшавии сармояро ба иншооти инфрасохторӣ дар бахши сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар саросари кишвар ҳавасманд кардааст. Чунончи, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ барои рушди соҳа айни ҳол дар кишвар панҷ лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ мешавад. Дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба сайёҳон беш аз 600 ва танҳо дар соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори гуногуни соҳа сохта, мавриди истифода қарор дода шуд ва ин раванд идома дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ айни ҳол 297 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла 191 меҳмонхона, 26 хостелу мотел, 53 осоишгоҳ, 6 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 7 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ, 1 кемпинг, 5 базаи сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки шумораи миёнаи кормандони онҳо 4064 нафарро ташкил медиҳад.
Чунин ба назар мерасад, ки тамоми мушкилиҳо ҳал шудаанд: маблағ дар соҳа ҳаст, сайёҳон дар дохили кишвар рафтуомад доранд. Аммо он мушкиле, ки ба коршиносон қаблан равшан буд, акнун маълум шуд. Вориди сармоя ба бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори мувофиқ, мушкили асосии сайёҳии ватанӣ нест. Сармоягузорӣ ва инфрасохтор масъалаҳои ҳалшавандаанд, зиддияти асосӣ дар ҷойи дигар аст. Якчанд ҷанбаи асосиро шарҳ медиҳем, ки бояд ба он диққати ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ин ҳам бошад, тавре қаблан ҳам нигошта будем, кадрҳо аст. Метавон меҳмонхона, осоишгоҳ ва роҳҳои бешумор бунёд кард, вале роҳат ва меҳмоннавозиро ҳамеша одамон таъмин менамоянд. Таассурот аз осоишгоҳи мукаммалтаринро метавонад хушмуомилагии нокифоя ва ё муносибати бепаровоёнаи кормандон ба вазифаи худ, вайрон намояд. Ҳоло сайёҳон серталаботанд ва муносибати «ман барои иҷрои ин кор пул намегирам»-и кормандон қобили қабул нест. Дар ин маврид ҳар яки мо даҳҳо мисол оварда метавонем, ки воқеияти сафар бо интизориҳо комилан мувофиқат намекунад. Сухан на танҳо дар барои коргарони қаторӣ меравад. Онҳо метавонанд умуман дар бораи тарзи дигару беҳтари кор тасаввурот надошта бошанд. Бинобар ин, нақши ҳайати роҳбарикунанда ба ҷойи аввал мебарояд. Менеҷерҳои соҳа низ аксар вақт дарк намекунанд, ки баъзан қарорҳои онҳо ва интихобу ҷобаҷогузории кормандон тиҷоратеро, ки онҳо бояд идора намоянд, мекушад. Албатта, меҳмоннавозӣ аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо мебошад, ки аз азал омадааст. Вале, воқеияти ҳол, талаботи рӯзафзуни соҳа ва сайёҳон барои истироҳати бароҳату таассуротҳои наҷиб беҳбудӣ ва масъулияти бештари алоқамандони соҳаро тақозо менамояд. Ин танҳо як роҳи ҳал дорад: таълими мутанзами доимӣ. Дар ин ҷо на танҳо воситаҳои санҷидашуда, балки роҳҳои навоварона дар таълими кадрҳо, шуруъ аз донишгоҳу донишкадаҳо то омӯзиш ва таҳсилоти онлайнӣ дар ҷойи кор муҳим дониста мешавад. Ҳамаи ин, албатта, ҳоло амалӣ мешавад, вале миқёси фарогирӣ ва муносибати мунтазам зарур аст. Дар ин самт ҷорӣ намудани такмили ихтисос ё бозомӯзии кормандони соҳа ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Махсусан, кормандоне, ки бевосита бо сайёҳон ва меҳмонон рӯ ба рӯ мешаванд, аз қабили пешхизмат, гид, ронандагон ва ғайраҳо.
Ин мавзуъро ҷамъбаст намуда, мехостем мушкилоти таблиғу ташвиқи минтақаҳои тамошобоби кишварро таъкид намоем. Ин соҳаро маркетинги ҳудудӣ меноманд ва дар ин ҷо ҳам мисли дигар бахшҳои сайёҳӣ низ бо кадрҳо, малака ва салоҳияти онҳо мушкилот дорем.
Бояд гуфт, ки ҳар минтақаи кишвари мо Хатлону Бадахшону Зарафшон ва ҳар шаҳру ноҳияи Ватанамон таъриху фарҳанги нотакрор, табиати манзараҳои зебои табиии худро доранд. Таомҳои ҳар як маҳали таъинот (маҳали таъинот – қаламравест, ки маҷмуи муайяни хизматрасониҳоро пешниҳод мекунад, ки ба талаботи сайёҳ ҷавобгӯ буда, талаботи ӯро ба нақлиёт, ҷойгиронӣ таъом, фароғат ва ғайра қонеъ мегардонад) болаззаттаринанд. Ин гуфтаҳо бемуҳобот дурустанд. Аммо ин дархӯрд дар муваффақият ба ҷалби сайёҳон рабте надорад. Сайёҳ на ба шаҳр меравад, на ба меҳмонхона ва, ҳатто ба ҷойҳои шоёни тамошо. Сайёҳ барои таассурот меравад. Ин ҷо, аслан, симо ва идея муҳим арзёбӣ мешаванд ва вазифаи пешбурди минтақа ин ишорат ба ҷолибият ва иқтидори ҳамин таассурот мебошад.
Маркетинг на танҳо як бахши фаъолияти иқтисодӣ, балки илм аст. Дар он низ стандартҳо ва таҳсилот муҳим буда, муносибату пешбурди ҷиддитарро талаб менамояд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, масъулонро зарур аст, ки ба масъалаҳои мураккабтари соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, зиддиятҳое, ки номбар шуданд, бартараф намоянд.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.11.2023 №: 231