ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ БОСТОНӢ
Яке аз иқдомоти наҷиби фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги пурифтихор, эҳёи ойину анъанаҳои неки аҷдодӣ, тарғиби мероси ниёгон ва ҳифзи ёдгориҳои моддиву маънавии халқи тоҷик мебошад.
Имрӯз дар кишварамон беш аз се ҳазор ёдгории таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳар кадоми он таваҷҷуҳи олимони маъруфи ватаниву хориҷӣ ва сайёҳону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд ва дар қатори дигар ёдгориҳои беназири Тоҷикистон ёдгории "Тахти Сангин" бозёфти нодиру бебаҳои таърихӣ мебошад.
Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд, бинобар ин, олимон онро Тахти Сангин номиданд.
Маҷмаа дар замони Искандари Мақдунӣ бунёд гардида, онро бо номи “Хазинаи Амударё”, инчунин, “Ҷавоҳироти Окс” дар саросари олам мешиносанд. Тибқи маълумотҳои таърихӣ, яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти “Хазинаи Амударё” буд. Хазина аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин иборат буда, теъдоди онро олимон 1300 номгӯй меҳисобанд.
Онро соли 1877 тоҷирони бухороӣ дар Қубодиён ("Тахти Қубод") пайдо намуда, бо худ барои тиҷорат ба Ҳиндустон бурданд ва дар он ҷо аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина ба дасти амалдорони бритониёӣ афтида, ба Осорхонаи Лондон интиқол меёбанд ва ҳоло моли осорхонаи Британия гардиданд. Зимнан, баъди паҳн шудани ин ривоятҳо, ба олимон зарур омад, ки макони ин ёдгории таърихиро омӯзанд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз нав эҳё намудани ёдгории Тахти Сангин тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, соли 2013 аз Осорхонаи Лондон як силсила ёдгориҳо чун туҳфа ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ирсол гардиданд.
Мояи ифтихор аст, ки бо ибтикороти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба 2500-солагии шаҳраки бостонии "Тахти Сангин" 11-уми ноябри соли 2021 дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО онро ба Феҳристи ҷашнвораҳо дохил карданд ва дар ин росто ҳамин сол баргузории як қатор чорабиниҳо, аз қабили намоишу симпозиум, нашри албоми бозёфтҳо ва китоби “Тахти Сангин дар таърихи Осиёи Марказӣ” дар назар аст.
Мо низ метавонем аз ин дороиҳои таърихию фарҳангӣ босамар истифода барем ва осори гаронмояро ҳамчун василаи муҳими ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳифз намоем ва дар роҳи рушди минбаъдаи фарҳангу маънавиёти халқамон ба ояндагон боқӣ гузорем.
Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва “Хазинаи Амударё” ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омӯзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имсол дар Тоҷикистон – кишвари биҳиштосои мо, 2500-солагии шаҳраки қадимаи «Тахти Сангин» таҷлил карда мешавад.
Мутаассифона, ҳарчанд таваҷҷуҳ ба маснуоти пайдошуда ва таърихи куҳан доштани шаҳраки “Тахти Сангин” бошад ҳам, вале барои пойдории он ва ҳифзи ин ёдгории таърихӣ мақомоти дахлдор ба таври зарурӣ корбарӣ намекунанд.
Вобаста ба ин, аз вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳо даъват ба амал оварда мешавад, ки корҳои бостоншиносиро дар ёдгориҳои таърихиву фарҳангии мамлакат вусъат бахшанд ва ҷустуҷӯҳои илмиро дар ин мавзеъҳо мунтазам идома дода, ҷиҳати таъмиру тармим, зиёд кардани нигораҳо ва ба тартиб даровардани онҳо чораҷӯӣ кунанд.
Н. МАҲМАДИЗОДА
Санаи нашр: 22.11.2023 №: 232
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)