ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТХОҶА НАЗИРОВ  

ДАВЛАТХОҶА НАЗИРОВ  

24 ноябр 2023, Ҷумъа
57
0


Олими тоҷик узви Академияи илмҳои табиатшиносии Россия гардид
Бо қарори Президиуми Академияи илмҳои табиатшиносии Россия (Ассотсиатсияи байналмилалии олимон, омӯзгорон ва мутахассисон) аз 3-юми ноябри соли 2023 доктори илмҳои фалсафа, нависанда ва журналисти тоҷик Давлатхоҷа Назиров узви вобастаи Академияи мазкур (сектори илмҳои фалсафа) шуд.

Узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия мутахассисоне шуда метавонанд, ки дараҷаи илмии докторӣ дошта, дар рушди илм саҳми назаррас гузошта бошанд. Узви вобастаи АИТР, ҳамчунин олимони хориҷӣ, ки дипломи PhD ва собиқаи кории на кам аз 10-сола доранд, мешаванд.
Давлатхоҷа Назиров хатмкардаи факултети табиатшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1961) ва Мактаби олии Кумитаи амнияти миллии ИҶШС буда, солҳои гуногун ба ҳайси омӯзгори мактаби миёна, афсари мақомоти қудратӣ,  журналист ва вазифаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла ёвари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), кор кардааст.
Аз соли 1991 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Муаллифи шаш монография, 2 маҷмуаи мақолаҳо, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. 
Китобҳои бадеии «Моҷароҷӯён» (2007), «Наркобаронҳо» (2010), «Сайидамир Фиғонӣ ва авлоди ӯ» (2010), «Ёддоштҳо, андешаҳо, мушоҳидаҳо, очерк ва ҳикояҳо» (2012) маҳсули эҷоди Д. Назиров мебошанд. 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”


ҲИСОР.   ДАРМОНГОҲИ САЙЁР БА ФАЪОЛИЯТ ПАРДОХТ

Дар ҳудуди варзишгоҳи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Ҳисор дармонгоҳи сайёри филиали ширкати норвегии «Нормека Интернешнл АС» ба фаъолият шуруъ намуд. 
Маъмурияти шаҳри Ҳисор ба роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи «Фонди хайриявии шоҳ Абдуллоҳ бин Абдулазиз» ва паймонкори лоиҳа – Бонки исломии рушд, ки дар доираи созишномаҳои грантӣ барои ҷумҳурии мо аз ҳисоби маблағҳои бебозгашт маҷмуи клиникаҳои сайёрро харида, дар ихтиёри сокинони деҳоти Тоҷикистон гузоштаанд, арзи сипос намуданд.
Масъулони барнома, аснои шиносоӣ бо ҳуҷраҳои хизматрасонии тиббии дармонгоҳ, иттилоъ доданд, ки табибону мутахассисони соҳибкасб дар ин ҷо бо истифода аз дастгоҳҳои тиббии муосир ташхисҳои лабораторӣ, томографияи компютерӣ, монография, систоскопия (амрози занона), гостроскопия (амрози бемориҳои дарунӣ), колоноскопия (рӯдаи ғафс), рентген, УЗИ, ҷарроҳиҳои хурди гуногун, аз ҷумла катарактаи чашмро, амалӣ менамоянд. Инчунин, беморон 10 рӯз бо доруҳои зарурӣ ба таври ройгон таъмин хоҳанд гашт.
Ҳангоми татбиқи барнома, дар навбати аввал, пиронсолон, маъюбон, шахсони бесаробон, собиқадорони ҷангу меҳнат, садамаи Чернобил ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.11.2023 №: 233
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив