САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. ИМКОНОТ, МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМОИ РУШД
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар намудҳои сайёҳӣ, роҳандозии васеи сайёҳии табобатиро таъкид доштанд.
Сайёҳии табобатӣ аз замонҳои қадим маъмул буд, вале давраи рушди он ба нимаи дуюми асри XX рост меояд. Дар асри XX дар ҷаҳон саноати курортӣ ба вуҷуд омад, ки қариб ҳамаи қитъаҳо ва кишварҳоро фаро гирифт. Дар заминаи курортҳои анъанавии иқлимӣ, обӣ ва гилин шаклҳои нави беҳбудбахшии саломатӣ – СПА, солимгардонӣ, фитнес пайдо шуданд. Имрӯз маъмултарин осоишгоҳҳо онҳое мебошанд, ки якчанд хизматрасониҳои солимгардониро пешниҳод месозанд, махсусан СПА – курортҳо ё СПА – меҳмонхонаҳо. Охирин метавонанд на танҳо дар минтақаҳои курортӣ, балки дар шаҳрҳои калон ҷойгир шуда, хизматрасониҳои солимгардонӣ ва истироҳатиро пешниҳод намоянд. Бисёре аз осоишгоҳҳо барномаҳои солимгардонӣ (саломатӣ, зиддибуҳронӣ, косметология) доранд, ки барои одамони комилан солим мувофиқанд. Тайи 10 соли охир сайёҳии табобатӣ дар Ҳиндустон, Сингапур, Малайзия, Таиланд ва Чин тараққӣ карда, ба яке аз бахшҳои асосии сайёҳии ин давлатҳо табдил ёфтааст. Инчунин, сайёҳии табобатӣ ва истироҳат дар Австрия, Олмон, Испания, Туркия, Италия ва Исроил, ки садҳо осоишгоҳҳои маъруф доранд, хеле маъмуланд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори ғании табиӣ барои рушди сайёҳии табобатӣ имкониятҳои зиёд дорад, зеро дар мамлакат беш аз 200 чашмаи оби маъданӣ ва 18 кӯли лойқадор ва шури муолиҷавӣ мавҷуданд. Ғайр аз ин, Тоҷикистон дорои ҳазорҳо гектар заминҳои рекреатсионӣ мебошад, ки бо тобистону зимистони муътадил ва олами набототаш барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ мувофиқ мебошад. Инчунин, дар Тоҷикистон беш аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун тавсия дода мешаванд.
Тавре мутахассисон иброз медоранд, сайёҳон, асосан, ба обҳои шифобахш таваҷҷуҳ доранд ва дар бештари ҳолатҳо ба осоишгоҳҳо барои табобати бемориҳои системаи асаб, артрит, остеохондроз ва буғумдард муроҷиат мекунанд. Айни замон, дар осоишгоҳи «Ҳавотоғ», «Хоҷаобигарм», «Шоҳамбарӣ», «Зумрад», «Явроз», «Оби Гарм», «Гармчашма», «Баҳористон», «Ависсити» ва чанде дигар, ки дорои обҳои маъдании шифобахш мебошанд, садҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ табобат мегиранд. Ин маконҳо бо табиати афсункор, манзараҳои зебо, ҳавои соф, дарахту буттаҳои ороишӣ, ҳавзҳои пуроб манбаи сиҳативу омили табобат барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Осоишгоҳҳои мазкур марказҳои бузурги табобатӣ ва ташхисӣ буда, бо намудҳои гуногуни дастгоҳҳои муолиҷавӣ ва хизматрасонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар маъмуланд. Дар маҷмуъ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 70 иншооти санаториву курортӣ фаъолият мебаранд. Феълан қариб ҳамаи онҳо пур аз мизоҷ буда, фаъолияташон хуб ба роҳ монда шудааст.
Ба шарофати ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва кадрии пешрафти соҳаи сайёҳӣ фароҳам оварда шуд. Дар ин замина, осоишгоҳу фароғатгоҳҳои қаблӣ таъмиру таҷдид шуда, бо технологияи муосир муҷаҳҳаз шуданд. Дар минтақаҳои сайёҳии Ромит, Варзоб, Балҷувон, соҳилҳои обанбори Баҳри тоҷик ва дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар истироҳатгоҳҳои зиёд сохта шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалианд. Аммо, ҳолати санитарӣ ва тарзи пешниҳоди хизматрасонӣ дар аксари осоишгоҳҳо беҳбудӣ мехоҳад.
Имрӯзҳо сайёҳон ба осоишгоҳҳое, ки дар соҳили баҳру кӯлҳо бунёд ёфтаанд, таваҷҷуҳи бештар доранд. Аз ин рӯ, барои Тоҷикистон, ки зиёда аз 2 ҳазор кӯлу обанбор дорад, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳии табобатӣ пешрафта, назири Фаронса, Туркия, Россия, ИМА ва ғайра ба манфиати кор хоҳад буд. Дар асоси ин, метавон ҳолати инфрасохтории баъзе мавзеъҳои сайёҳӣ, ба монанди Искандаркӯл, обанборҳои Баҳри тоҷик, Норак ва Муъминобод ва сатҳи хизматрасонӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Воқеан, Тоҷикистон кишварест, ки худи табиат табобат мекунад. Сарватҳои фонди ҳаётбахши Тоҷикистонро осоишгоҳҳо ва дармонгоҳҳо ҷиҳати солимгардонӣ ва бахшидани руҳу тавони тозаи зиндагӣ ба мизоҷони худ истифода мебаранд. Вале, барои ба самти сердаромад табдил додани сайёҳии табобатӣ ҳамаи ин басанда нест. Ин ҷо гуфтан ба маврид аст, ки на ҳамаи ин шифохонаву осоишгоҳҳо дар шабакаи Интернет манзур шудаанд. Танҳо қисмати ками онҳо маълумотҳоро дар сомонаҳои худ нав карда, тамоми хизматрасониҳои пешниҳодшавандаро фароху ҷолиб нашр мекунанд. Боз ҳам қисмати камтари онҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ фаъоланд. Ҳол он ки тарғибу ташвиқи иқтидору хизматрасониҳо ба воситаи Интернет дар тамоми кишварҳои ҷаҳон феълан дар мадди аввал қарор дорад ва ҷонибҳои манфиатдор аз он самаранок истифода мебаранд.
Ҷойгиршавии стратегӣ ва имконияти пайвастани Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа тавассути хатсайри Шоҳроҳи абрешим, мавҷуд будани фурудгоҳҳои байналмилалӣ, роҳи оҳан ва роҳҳои автомобилгард имкон медиҳанд, ки ин намуди сайёҳӣ дар кишвар ба таври бесобиқа ривоҷ ёбад.
Шаҳноз ҚУРБОН,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)