РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Рахматулло Саидзода мардест огоҳ аз нозукиҳои кори кишоварзӣ ва хоҷагидорӣ. Ӯ заминро ҳамчун рӯзирасони мардум қадр мекунад ва бо ранҷу меҳнат, хоксориву мушкилнописандӣ байни ҳамкорону дӯстон ном баровардааст. Азбаски падари ӯ Саидмурод Муродов, собиқадори ҷангу меҳнат ва яке аз бунёдгузорони водии Вахш буд, дар тинати фарзанд низ робита ба хоку об ва табиат реша дошт.
Мавсуф соли 1958 дар ноҳияи Дӯстӣ ба дунё омад. Факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро соли 1981 хатм карда, ба зодгоҳ, ба хоҷагии давлатии “Комсомол” омад ва ин ҷо ба фаъолият пардохт. То соли 1997 маҳз дар ҳамин хоҷагӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт ва содиқ ба масали “Дарахт дар як ҷо сабз мешавад” ба сабзкории замини зодгоҳ камар баст.
Баъдтар Раҳматулло Саидзодаро мардум раиси Ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳия интихоб карданд. Азбаски дар солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ бо замин сару кор дошту дар таъмини ризқу рӯзии халқ саҳм мегирифт, роҳбарияти ноҳия хост таҷрибаи ӯро дар ободии хоҷагии навтаъсиси кишоварзии “Умед” истифода барад.
Ӯ ба хоҷагии “Умед” умед бахшид. Лӯлаҳои обгузари таъмирталабро таъмиру таҷдид кард, ба мавзеъҳои ташналаб об расонд ва дубора ҳосили пахта аз як гектар ба 35 сентнер расид, ки дар замони баъдиҷангӣ муъҷизаро мемонд. Мардум минбаъд аз заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони кишоварзӣ, ки бо иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақсим шуда буданд, ҳосили дучанди ғалла ва дигар маҳсулоти кишоварзиро рӯёнданд.
Ҳамаи ин имкон дод, то симои деҳаи Умед ба таври мусбат тағйир ёбад. Аз ҷумла, маркази савдо, сехи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бунёд шуданд. Дар МТМУ №33 бо ҳашар бинои иловагии дорои 4 синфхона ва толори варзиш сохта ба истифода дода шуд. Роҳҳои назди муассисаҳои таълимӣ таъмири ҷориро диданд. Фестивалу озмунҳои гуногун байни толибилмон гузаштанд ва мардум руҳану ҷисман бедор шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Навзамин Маркази дастгирии ҷамоавӣ таъсис ёфт ва мардум маҳз Раҳматулло Саидзодаро ҳамчун номзади арзанда директори иҷроияи ин ташкилот интихоб карданд.
Бо талоши номбурда ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар як муддати кӯтоҳ 15 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза гардида, дар ҷамоат “Маркази саломатӣ” бунёд ёфт. Маҳаллаи Пахтакор соҳиби дарвозаи зебое шуд. 2 трансформатори нав насб ва 10 километр хатти барқ гузашт, ба 100 оилаи эҳтиёҷманд тухмиҳои аълосифати ғалладонагӣ ва полизӣ пешкаш гардид. 30 хоҷагии деҳқонӣ соҳиби сехи коркарди маҳсулоти ғаллагӣ, осиёби ордкашӣ, шолизан ва таҷҳизоти коркарди хӯроки чорво шуд.
Кумитаи маҳаллаи “Пахтакор” ҳам соҳиби бинои корӣ шуда, тавассути барномаҳои давлатӣ ва саҳми сокинон, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ чор трактор, як экскаватор, асбоби зарурии кишоварзӣ дастрас гардид.
Раҳматулло Саидзода ба таҷрибаи худ қонеъ нашуда, бо барномаҳои омӯзишию таҷрибаивазкунӣ ба Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шоҳигарии Белгия сафар кард ва донишу малакаи кишоварзии хешро афзуд. Имрӯз ҳам камар дар хидмати мардум бастааст ва аз мардони чашмикордон ва шинохтаи вилояти Хатлон мебошад.
Ҷӯра НАЗАР,
сокини деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ