ОИЛАИ СОЛИМ - ЗЕРБИНОИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
Масъулият – ин худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки бар дӯшаш гузошта шудааст, дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама, сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунанда мебошанд, ки дар қисми дуюми моддаи 34 ин санади олии ҳуқуқӣ чунин омадааст: «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд».
Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи муътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва, пеш аз ҳама, масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳамиятии онҳо содир намоянд.
Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия дар Ҷумҳурии мо қонуни миллие қабул ва мавриди амал қарор гирифт, ки масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд дар сатҳи қонунгузорӣ танзим намуд. Қонуни Ҷумуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки соли 2011 қабул гардида, аз 6 боб ва 17 модда иборат аст, дар низоми қонунгузории Тоҷикистон, аллакай, мавқеи махсуси хешро пайдо кардааст. Қонуни мазкур дар афкори тамоми қишрҳои ҷомеа, такони ҷиддиеро ба миён овард, ки акнун тарбияи насли наврас ва масъулияти ояндаи неки онҳо на танҳо як масъалаи оилавӣ, балки аллакай, уҳдадориест, ки аз ҷониби қонунгузорӣ танзим гаштааст.
Гуфтан ба маврид аст, ки фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. Маврид ба зикр аст, ки миллати тоҷик дар тули таърих ба масъалаи тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медод. Дар қисми якуми моддаи 18 Эъломияи ҳуқуқи кӯдак сабт шудааст, ки «таъмини манфиатҳои кӯдак бояд мавзуи асосии ғамхории волидайн бошад».
Мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳу-рии Тоҷикистон, падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд дорои уҳдадориҳои худ мебошанд. Уҳдадории аввале, ки онҳо доранд ин, пеш аз ҳама, ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ гузоштани номи нек мебошад, ки яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кӯдак ҳуқуқи ӯ ба ном аст. Зеро, доштани ном кӯдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд, аз ҳамин сабаб, кӯдак аз лаҳзаи таваллуд фавран, бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Уҳдадориҳое, ки дар боло зикр гардиданд, ҳангоми риоя нашудан метавонанд оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор оваранд, ки, аллакай, аз амалияи ҳуқуқӣ ба қисмати зиёди аҳолии кишвар маълум аст ва тибқи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии падару модар барои риоя накардани уҳдадорӣ дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.
Дар заминаи гуфтаҳои боло тамоми қишрҳои ҷомеаро мебояд дар тарбия ва таълими насли имрӯза бетафовут набошанд, зеро танҳо маърифат ва тарбияи дуруст пеши роҳи ҷаҳолатро гирифта метавонад.
Ш. ҲОТАМЗОДА, судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245