ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. АЗ АФЗОИШИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТО НИГАРОНИҲОИ ДИГАР
Вақте сухан дар бораи тағйирёбии иқлим меравад, бештар ба таъсири он ба табиат ишора мекунем, аммо миллионҳо одамон бар асари офатҳои табиӣ, ки ба ин дигаргунӣ алоқаманданд, зарар дида, ҷон мебозанд. Хушксолиҳои тулонӣ дар Африқои субэкваторӣ, туфонҳои харобиовари тропикӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ҳавзаи баҳри Кариб ва уқёнуси Ором, аллакай, ба иқтисоди кишварҳо хисороти калон овардааст.
ОФАТҲОИ ТАБИӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД
Тибқи таҳлилҳои мутахассисиони Созмони Милали Муттаҳид, то соли 2030 дар ҷаҳон ҳар сол тақрибан 560 офати табиӣ ба амал меояд. Айни ҳол, тахмин 75 дарсади ҳодисаҳои фавқулода бо тағйирёбии иқлим алоқаманд аст. Ин маълумотро СММ ба муносибати Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13-уми октябр таҷлил мегардад, пешниҳод намуд.
Имсол таҷлили ин сана ба гурӯҳҳои аҳолие бахшида шудааст, ки дар баробари офатҳои табиӣ нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа осебпазиранд. Зеро ҷой доштани мушкили дастрасӣ ба хизматрасониҳо ҳангоми сар задани офат, нобаробарии иҷтимоиро амиқтар мегардонад.
Тибқи иттилои Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ, соли равон ҳарорати ҳаво ба дараҷаи рекордӣ расида, дар саросари ҷаҳон хушксолӣ, сӯхтори ҷангалзор ва обхезиҳо бештар мушоҳида шудаанд. Мушкилоти камбизоатӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ таъсири ин офатҳоро бештар гардондаанд.
– Одатан шахсони камбизоат аз офатҳои табиӣ зарари бештар мебинанд, зеро аксари онҳо дар маконҳои осебпазир зиндагӣ мекунанд. Ғайр аз ин, барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, имкониятҳояшон маҳдуд аст, – гуфт Гутерриш.
Ҳамчунин, дар гузориш омадааст, ки аксари кишварҳое, ки аз офатҳои табиӣ зарар мебинанд, камбизоатанд. Аз соли 1970 то 2019 беш аз 90 дарсади одамони аз офатҳои табиӣ фавтида ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ рост меояд.
Ба андешаи Дабири кулли СММ, кишварҳо бояд тавассути иҷрои Созишномаи Париж, нақша-чорабиниҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва татбиқи чаҳорчӯби Сендай ҷиҳати коҳиш додани хатари офатҳо барои барҳам додани камбизоатӣ ва офатҳо саъй кунанд.
43 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА – ҲАҶМИ ХИСОРОТ ДАР 6 МОҲ
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ хароҷоти суғуртаи ҷаҳонӣ барои хисорот аз офатҳои табиӣ 43 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Беш аз се-ду ҳиссаи ин маблағ бар асари тӯфонҳои шадид дар ИМА пардохт шудааст. Дар ин хусус, “Bloomberg” бо истинод ба ҳисобҳои таҳлилгарони “Munich Re” хабар медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, бештари хисороти дар натиҷаи заминларзаи Туркияву Сурия бавуҷудомада суғурта нашудааст. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки хароҷоти суғуртаи ҷаҳонӣ то охири сол ба 100 миллиард доллар мерасад.
Қаблан таҳлилгарони яке аз бузургтарин ширкатҳои суғуртаи ҷаҳон “Swiss Re” гузориш дода буданд, ки соли 2022 хисороти офатҳои табиӣ дар сайёра ба 260 миллиард доллар расид.
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ФАЪОЛНОКИИ СЕЙСМИКӢ БО ҲАМ АЛОҚАМАНДАНД
6-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷанубу шарқи Туркия ду заминларзаи шадид бо фосилаи нуҳ соат рух дод. Маркази заминларзаи аввал бо шиддати 7,8 дараҷа минтақаи Шехиткамили Ғозиантеп ва маркази заминларзаи дуюм бо шиддати 7,5 мавзеи Қаҳрамонмараш буд. Бар асари ин офатҳо, дар Туркия беш аз 50500 нафар ва дар Сурия 8476 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо ҳазор одам ҷароҳат бардошт.
Иброҳим Оздемир, мушовир оид ба масъалаҳои иқлим дар СММ, профессори экология дар Донишгоҳи Ускудари Истанбул, ба ин назар аст, ки буҳрони тағийрёбии иқлим ва ба амал омадани заминларзаҳо ба ҳам алоқаманданд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин бора маълумотҳои таҳқиқотӣ-илмии ду даҳсолаи охир шаҳодат медиҳанд.
Ҳанӯз соли 2012, Билл МакГуайр, профессори геофизика ва хатарҳои иқлим дар Коллеҷи Донишгоҳи Лондон гуфта буд, ки агар рахнаҳои геологӣ зери фишор ё фуруравӣ қарор дошта бошанд, ларзиши андаке кофӣ аст, то заминларза ба вуқуъ ояд.
Тағйирёбии иқлим метавонад барои ба амал омадани чунин ҳодисаҳо мусоидат кунад. Ин фарзияро маълумотҳои NASA барои соли 2004 исбот мекунад. Тибқи он обшавии босуръати пиряхҳо дар нимҷазираи Аляска заминларзаҳоро бештар кардааст.
Соли 2016 геофизикҳои ИМА, Канада ва Зеландияи Нав муайян карданд, ки пиряхҳои обшуда тақсимоти вазнро дар қишри замин тағйир медиҳанд. Олимон мегӯянд, ки ин раванд боиси тағйирот дар қишрҳои тектоникии замин гардида, метавонад боиси заминларзаҳои бештар ва бедор шудани вулқонҳо гардад.
Иброҳим Оздемир афзуд, ки тағйирёбии иқлим на танҳо хатари заминларзаро афзоиш медиҳад, балки метавонад боиси офатҳои вобаста ба обу ҳаво гардад. Тули 50 соли охир офатҳои иқлимӣ панҷ маротиба бештар шуда, ҷони беш аз 2 миллион нафарро рабуд. Олими турк таъкид кард, ки донишмандон то ҳол дақиқ намедонанд, ки офати табиӣ дар Туркия ва Сурия чӣ сабаб дошт, аммо маълумоти мавҷудаи илмӣ гувоҳӣ медиҳад, ки тағйирёбии иқлим ва фаъолияти сейсмикӣ бо ҳам алоқаманданд.
Заминларзае, ки дар шаҳри Ҳироти ҳамсоякишвари мо ба вуқуъ пайваст низ, ба тағйирёбии иқлим алоқаманд аст. Бояд зикр намуд, ки заминларза 7-уми октябри соли ҷорӣ ба амал омада, бар асари он 2400 нафар ба ҳалокат расид, беш аз 2000 нафари дигар ҷароҳат бардошт. Баъд аз як ҳафтаи ин фалокат СММ иттилоъ дод, ки 90 дарсади зарардидагонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. СММ, ҳамчунин, аз таъсири заминларза ба занону кӯдаконе, ки модару парасторони худро аз даст додаанд, изҳори нигаронӣ кардааст. Зеро пайдо кардани сарпарастон барои кӯдакони ятим ва бо падаронашон пайвастани онҳо, ки шояд берун аз вилоят ё кишваранд, мушкил аст.
ТОҶИКИСТОН АЗ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР КАНОР НЕСТ
Мутаассифона, кишвари мо низ аз буҳрони тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои фалокатбори офатҳои табиӣ дар канор нест. Тавре Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханрониашон дар Саммити Гурӯҳи 77 ва Хитой дар ҳошияи Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иброз намуданд: «Офатҳои табиӣ ҳамасола ба соҳаҳои кишоварзӣ, муҳити зист ва дар маҷмуъ, иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба тараққӣ хисороти зиёд ворид менамоянд. Тоҷикистон низ, ки 93 фоизи қаламравашро минтақаҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд, бинобар мунтазам рух додани офатҳои табиӣ аз тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонда, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд».
Мавриди зикр аст, ки охири моҳи августи соли равон дар шаҳри Ваҳдат бар асари борони бошиддат сел омад ва аз ин офати табиӣ 15 нафар (6 зан ва 9 мард) ҷон бохт. Дар деҳоти Роҳатӣ 15 мошин дар лойобаву лойқа дармонда, 2 нафар ба ҳалокат расид. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, боронҳои пуршиддат дар ҳудуди кишвар боиси омадани селҳо, сангрезӣ ва ярч дар канораҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод шуданд.
БА ҶОЙИ ХУЛОСА
– Консентратсияи газҳои гулхонаӣ ва ҳарорати ҳаво дар сатҳи рекордӣ қарор дорад. Баландшавии сатҳи баҳр ва обшавии пиряхҳо дар Антарктида низ ба ҳадди рекордӣ расидааст. Ин танҳо омор нест. Мо наметавонем ба иқлими асри XX баргардем, аммо мо бояд бештар талош варзем, то хатарҳои тағийрёбии иқлим ва офатҳои табииро камтар намоем, – мегӯяд Петтери Таалас, Котиби генералии Ташкилоти чаҳонии метеорологӣ. Бешубҳа, тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳон буда, танҳо дар ҳамбастагӣ метавон онро коҳиш дод.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249