ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АРТИШИ МИЛЛӢ.  ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРУ НАВОҲИИ КИШВАР

АРТИШИ МИЛЛӢ.  ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРУ НАВОҲИИ КИШВАР

24 феврал 2023, Ҷумъа
177
0
 23 феврали соли 2023 аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Бо гузашти се даҳсола таҳти роҳбарии оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллӣ зина ба зина устувору пуриқтидор гардида, бо техникаву муҳимоти ҷангии муосир ва кадрҳои баландихтисос таъмин мебошад. 
Дар доираи ин чорабинии идона ва бо дарки баланди масъулиятшиносӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар вохӯриву мулоқотҳо бо афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Артиши миллӣ доир гаштанд. Аз ҷумла, беш аз 2000 хонандаи синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд. Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, мақсад аз ташкил ва баргузор намудани боздид (экскурсия) иҷрои дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вобаста ба сазовор таҷлил намудани 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буда, ҳамзамон, ҷиҳати тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ баъди хатми муассисаи таълимӣ мебошад.
Зимни боздид хонандагон бо дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, имконияту шароити сарбозону афсарон ва яроқу аслиҳаи низомӣ шинос гардида, ҳамзамон, байни ҷавонони синни даъватӣ ва сарбозон мусобиқаҳои варзишии дӯстона баргузор шуданд.
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бошанд, дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба ифтихори ин ҷашни фархунда дар қисми низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор бо ҳаёти сарбозону хизматчиёни ҳарбии қисми низомӣ шинос гардиданд. 
Тибқи иттилои масъулин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри иртиботи доимӣ ва шиносоӣ бо шароити будубоши афсарону сарбозон дар қисмҳои низомӣ ҳайати устодону донишҷӯёни литсею коллеҷҳои шаҳр, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимиро ба қисмҳои низомӣ ҷалб намуда, барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстӣ, варзишию фарҳангӣ ва аксияҳои тозагию ободонӣ баргузор менамояд.
Ҳамзамон, дар асоси супориши раиси шаҳри Ҳисор масъулин муваззаф шудаанд, ки дар як моҳ на камтар аз ду маротиба аз қисмҳои низомӣ боздид карда, ба ҳалли мушкилоти аскарону афсарон мусоидат намоянд. Дар рӯзҳои идҳои миллӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон дастархон ороста, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил намоянд.
Дар вилояти Хатлон баҳри сазор ҷашн гирифтани 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои судманд андешида шудааст. Дар ин замина, 18 феврали соли равон иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон  Давлаталӣ Саид аз қисми ҳарбии 0307-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан кард. Давлаталӣ Саид афсарону аскарони қисми низомиро ба ин муносибат табрик намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт: “Аз оғози таърих миллати тамаддунсози мо соҳиби артиши худ буда, баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва дифоъ аз таҳоҷуми аҷнабиён қаҳрамониҳои бемисл нишон доданд. Ба ин хотир, миллати тоҷик ба шумули халқиятҳое дохил мешавад, ки аз аввалинҳо шуда сипоҳдориро дар ҷаҳон расм кардаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҳамчун сипари боэътимоди давлат таҳкимбахши истиқлоли миллӣ, муҳофизи ваҳдати сартосарии мардум, ҳимоятгари марзу бум, кафили амнияту суботи Меҳан буда, дар ин муддат рисолати бузурги худро дар назди халқу Ватан иҷро карда истодаанд”. 
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони раёсати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Ватандӯст» барномаи тантанавӣ баргузор гашт. Зимни чорабинӣ гурӯҳи наҷотдиҳии раёсат ба иштирокчиён техникаю воситаҳои техникии нави наҷотдиҳӣ ва усулҳои истифода аз онҳоро намоиш дода, ба саволҳои ҳозирин посух доданд. Мақсад аз барномаи мазкур бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, мардонагӣ, ҷасорат ва хизмат ба Ватан-Модар дар дили ҳар шаҳрванд, бахусус насли наврас арзёбӣ шуд. 
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ гузарондани вохӯриву ҳамоиш бо сарбозону афсарон ҷараён дошта, фаъолону сокинон аз шароити будубоши сарбозон дидан мекунанд. Чунин чорабинӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиа доир гардид. 
Иштирокдорони ҷамъомад доир ба таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули Артиши миллӣ ибрози назар намуданд. 
Дар вохӯрӣ бонувони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳр ба сарбозон маҳсулоти нониву қаннодӣ, мевагӣ ва шириниҳо тақдим намуда, ҳамзамон, аз шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ дидан карданд.
Ҷамъомади дигар бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом баргузор шуд. Дар он роҳбарияти шаҳри Конибодом, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, вакилони маҷлиси вилоятӣ ва шаҳрӣ, падару модарон иштирок намуда, бо сарбозон роҷеъ ба 30 соли таърихи таъсиси Артиши миллӣ, саҳми ҷавонони содиқу ватандӯсти тоҷик дар таъмини тинҷиву осудагии халқу Ватан суҳбат анҷом доданд.
Воқеан Артиши миллӣ сипари боэътимоди давлату миллати тоҷик буда, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ аз озмоишҳои ҷиддӣ, пайроҳаҳои пурпечутоб ва монеаҳои сахту сангин гузашта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардиданд. Бешубҳа, барои насли ҷавон хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мояи ифтихору сарбаландист.
 
Комрон САФАР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив