ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ФАРЗАНДИ МАҲБУБИ ВАТАН..." МАҶМУАИ НАВИ МАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

"ФАРЗАНДИ МАҲБУБИ ВАТАН..." МАҶМУАИ НАВИ МАҚОЛАҲО ДАР БОРАИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ

29 декабр 2023, Ҷумъа
74
0


Фарзанди фарзонаи миллат аллома Бобоҷон Ғафуров чун як фарди наҷибу нотакрор, сарвари оқилу хирадманд, донишманди мумтоз ва осори пурарзишу пурғановати илмии ӯ таваҷҷуҳи муҳаққиқони гуногунро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз кишвар ҳанӯз дар замони зиндагии олим ба худ ҷалб намуда буд. Ҷашнҳои мавлуди ӯ бо иштироки шахсиятҳои намоён, роҳбарону сарварони мақоми аввали ҷумҳурӣ, донишмандони ватанию хориҷӣ бо як шукӯҳи хосса таҷлил гардиданд, шуҳрати ҷаҳонии алломаро бамаротиб афзуданд. Ҷашнвораҳои ин донишманди бузург дар солҳои гуногун боиси ба вуҷуд омадани силсилаи рисолаҳо, хотираҳо, қайду ёддошт ва мақолаҳои зиёд оид ба рӯзгор ва осори илмии Бобоҷон Ғафуров шуда, минбаъд заминаи ташаккул ва такомули ғафуровшиносӣ гаштанд. Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки номи аллома Бобоҷон Ғафуровро дорад, яке аз марказҳои ғафуровшиносии тоҷик ба ҳисоб рафта, таълифот ва таҳқиқотҳои олимони ин маскани илму маърифат Ғ.Ҳайдаров, С.Абдуллоев, У.Ғаффоров, В.Набизода, Ш.Шарифов, О.Каримов, А. Усмонзода ва дигарон дар ташаккули мактаби илмии ғафуровшиносии тоҷик назаррас аст. Яке аз чунин муҳаққиқон ва мубаллиғони корномаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров докторони илмҳои таърих, профессорон Ваҳҳоб Набизода, Аюб Усмонзода ва номзади илмҳои таърих Зафарҷон Қобилов ба шумор мераванд. Китоби нави ин се олим – «Фарзанди маҳбуби Ватан: маҷмуаи мақолаҳо доир ба ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров» фарогири суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 100-солагии Бобоҷон Ғафуров, мақолаи “Олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ” натиҷаи афкору андешаҳои таҳқиқӣ доир ба корномаҳои аллома Бобоҷон Ғафуров буда, фарогири мақолаҳое мебошанд, ки тайи солҳои гуногун чоп ва муаррифӣ шудаанд. Мақолаҳо ба се забон: тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дар нашриёти СИ Файзибоев М. М. “Меъроҷ” бо сифати баланд, дар ҳаҷми 188 саҳифа нашр гардид. Дар мақолаҳои маҷмуаи мазкур муаллифон масъалаҳои муҳими марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти пурсамари аллома Бобоҷон Ғафуров ва бузургдошти номи ӯ дар даврони истиқлолро зери унвонҳои “Пешвои миллат ва шинохту тақдири корномаҳои академик Бобоҷон Ғафуров”, “Чеҳраи тобони аллома Бобоҷон Ғафуров дар асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва мероси фарҳангии тоҷикон”, “Фаъолияти сиёсӣ ва ташкилотчигии Бобоҷон Ғафуров дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Академик Бобоҷон Ғафуров ва тарбияи муҳаққиқони ҷавон”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди санъати мусиқии тоҷик” инъикоси худро ёфтааст. Китоб туҳфаи арзанда дар таҷлили 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб рафта, дар рушди ғафуровшиносӣ ва дар руҳи худогоҳӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас хидмат хоҳад кард.

И. Р. ҶАББОРЗОДА, Ҷ. А. АБДУКАРИМОВ, номзадҳои илмҳои таърих, ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив