МОДАРИ 83-СОЛА: “БАРОИ КИТОБХОНИИ ФАРЗАНД АВВАЛ ХУДАТОН КИТОБ ХОНЕД”
Ҳамасола бо доир гардидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки садҳо хонандагону дӯстдорони илму фарҳанг мушоҳидаву даҳҳо чеҳраҳои нав рӯи саҳна ҳувайдо мешаванд. Имсол дар баробари озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ба роҳ монда шуд, ки ҳаводорони таъриху тамаддунро ба ҳам овард.
Воқеан, Озмуни мазкур тавонист мардумро бо гузаштаи хеш ошно созаду аз чеҳраҳои таърихсози халқи тоҷик дарак диҳад. Дар рафти Озмун иштирокдорон дар чор гурӯҳ қувваозмоӣ мекарданду ҳар кадоме кӯшиш менамуд, то нашъати пирӯзӣ чашад. Дар байни 115 довталаб, ки аз миёни ҳазорон иштирокчӣ ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта буданд, ҳузури сокини 83-солаи деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ, модари азиз Маъқула Ҳакимова ба Озмун шӯру шавқи дигар бахшид. Мавсуф солортарин иштирокдор ба шумор рафта, ҳар саҳифаи китоби безаволи «Тоҷикон»-ро ба пуррагӣ аз худ намудааст. Ин зани китобдӯсту маърифатпарвар ду сол қабл аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро туҳфа гирифта, онро байни фарзандону наберагон, ёру дӯстон ва, ҳатто меҳмонони ба хонааш меомада, тарғиб менамояд. Пораҳое аз китобро ба ҳозирон мехонаду нақл мекунад. Ба гуфтаи мавсуф, «Тоҷикон» метавонад, касро ба гузаштаи аҷдодаш ошно созаду ҳисси баланди худогоҳиву худшиносии миллиро дар қалбҳо бедор гардонад. Лаҳзаи бо ин модари бо маърифат ҳамсуҳбат шудан кас дарк менамояд, ки дар ин синну сол на танҳо мутолиаи китоб, балки суҳбат кардан кори осон нест. Вале хотираи қавию қалби саршор аз муҳаббат нисбат ба Бобоҷон Ғафуров ӯро дар ин Озмун бетараф нагузошт. Тавре худ мегӯяд:
«Бо ҳамсолону духтарони деҳа орзу мекардем, ки ба мисли модари Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров — Розия Озод бошем. Зеро ин зани маърифатпарвар дар қатори шоири ватансаро будан, ҳамзамон, дар ташаккули шахсияти фарзандаш низ нақши барҷаста гузоштааст. Ҳамин орзуву ҳавас буд, ки пайваста рӯзгори ӯ ва қаҳрамонии писарашро мутолиа менамоям. Вақте ин асарро мехонӣ, меҳру эҳтироми Бобоҷон Ғафуров ҳамчун абармарди миллати тоҷик дар қалбҳо бештар аз пештар маскан мегирад. Модари ӯ аз ҷавонӣ то ба ҳол бароям идеал буду ҳаст.
Мутолиа ба насли калонсол чун обу ҳаво зарур аст. Вақте, ман огоҳ шудам, ки китоби «Тоҷикон» хона ба хона тақсим шуда истодааст, аз хурсандӣ дар худ меболидам. Баробари ба даст гирифтани китоб дар ҳаққи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр кардаму ба мутолаа пардохтам. Чунон хушҳол будам, ки гӯё Бобоҷон Ғафуров ба хонаи ман омада бошад. Ҳамин тавр, як рӯз маро ба мактаби деҳаамон даъват карданду байни хонандагон аз мазмуну мундариҷаи шоҳасар қисса намудам. Чанд рӯз пас ба маркази ноҳия, баъдан ба вилоят ва то ба пойтахти кишвар аз қаҳрамониву ҷоннисориҳои ин фарзонафарзанди миллати тоҷик нақл мекардам.
Ин ҷо мехоҳам таъкид кунам, ки китобхониро бояд аз худамон оғоз намоем. Агар худамон китоб хонем, китоб харем, ба он эҳтиром гузорем, пас аз ин беҳтар талқину тарғиб ба насли ҷавон нахоҳад шуд. Як чизро бояд гӯям, ки ҳар давру замон шахсиятҳои таърихӣ, қаҳрамонон ва нобиғагони худро дорад, ки дигарон низ бояд амали онҳоро пайравӣ намуда, фаъолияти онҳоро сармашқи зиндагӣ ва кору фаъолияти худ қарор диҳанд.
Дар дилхоҳ чорабинӣ пайваста аз ибтикор ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти ҷумҳуриамон сухан мекунаму ба ҷавонон таъкид менамоям, ки пайравони содиқи ин марди хирад бошанд. Кору пайкори Пешвои миллати мо намунаи ибрат аст, хидматҳои барои халқ намудаашон оливу бебаҳост. Ин мард нотакрор аст».
Воқеан ҳам, ҳамсуҳбат шудан бо ин модари рустоӣ дунёест аҷиб. Суҳбатҳояш саршор аз меҳр асту ихлос.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249