ҚАЛЛОБӢ. “ЗАМИНФУРӮШ” 11 СОЛ ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ
Ҷинояти қаллобӣ мансуб ба гурӯҳи ҷиноятҳои муқобили моликият буда, шакли тасарруф ба ҳисоб меравад. Қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё суиистифодаи боварӣ аст, ки мутаассифона, ин намуди ҷиноят солҳои охир дар ҷомеа бештар сабт гардида, боиси нигаронӣ гардидааст. Ҳарчанд дар мавриди истифодаи ҳуқуқи замин ҳам ҳолатҳои зиёди ҷинояти қаллобӣ ошкору мардумфиребон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, вале то ҳанӯз ҳам қонуншиканӣ дар ин самт коҳиш наёфтааст.
Мо дар ин матлаб перомуни ҷинояти қаллобие ҳарф мезанем, ки шояд бозтоби расонаии он ба дигарон дарси ибрат шавад ва ҳам мардум қаллобонро шиносанду ба доми фиребашон наафтанд.
Ҳанӯз 12 августи соли 2022 суди ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрванд П. Абдураҳмоновро бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, (қаллобие, ки ба миқдори махсусан калон содир шудааст), 3381 қисми 2 бандҳои “а,б” (ғайриқонунӣ додани қитъаи замин) ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” (сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат...) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмуи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 сол таъин намуд. Ҳамчунин, тибқи ҳукми суд номбурда аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва ҷавобгарии моддидошда ба муҳлати 5 сол маҳрум гардида, нисбаташ ҷазои ҷарима ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 75 000 сомонӣ ба фоидаи давлат татбиқ гардид.
Бар асоси тафтиши пешакӣ, П. Абдураҳмонов ба боварии шаҳрванд Фирдавс Расулов даромада, дидаю дониста, ки ҷудо ва вобаста кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ танҳо ба ваколати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ медарояд, моҳи июни соли 2017 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Б. Назиров ва А. Забиров ӯро ба доми фиреби худ мекашанд. Чунончи, ба Ф. Расулов пешниҳод менамояд, ки ӯ бо шариконаш дар ҳудуди деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ 3 қитъаи замини наздиҳавлигӣ (ҳар кадом 0,05 гектар) дорад, ки онҳоро мефурӯшад. П. Абдураҳмонов ҳар як қитъаи заминро 1000 доллари ИМА, дар маҷмуъ, бо нархи 3000 доллари ИМА ба “харидор” пешниҳод намуда, барои боварӣ пайдо кардан қитаъҳои замини кишоварзии бекорхобидаи ин деҳаро ба Ф. Расулов ҳамчун замини худ нишон медиҳад.
Ф. Расулов бехабар аз он, ки ба доми фиреби П. Абдураҳмонов ва шариконаш афтидааст, ба ин пешниҳоди ӯ розӣ шуда, ба охирон барои хариди ҳар 3 қитъаи замин маблағи пулиро бо асъори миллии сомонӣ, баробар ба 3000 доллари ИМА ва шиносномаи худу наздиконашро барои баровардани қарорҳои дахлдор вобаста ба ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ додааст.
Қаллобон П. Абдураҳмонов, Б. Назиров ва А. Забиров ин маблағро, ки бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ ба даст оварданд, пурра ба эҳтиёҷоти худ сарф намуда, муддате пас бо истифодаи техникаи компютерӣ 3 адад қарори раиси Ҷамоати деҳоти Испечаки ноҳияи Рӯдакиро бо рақам ва санаҳои якхела, таҳти № 16 аз 19.04.2005 сол ба ному насаби Ф. Расулов, Ф. Буриева, М. Раҳимов сохтакорӣ карда, ба дасти Ф. Расулов дода, бо ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида зарари махсусан калони моддӣ расондаанд. Вале ин охири кор набуда, П. Абдураҳмонов бо ёронаш Ф. Расуловро бори дигар ба доми фиреби худ мекашад. Ин бор ӯ ваъда медиҳад, ки бар ивази 56000 сомонӣ аз заминҳои ҳудуди деҳаи Ҳуснободи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар масоҳати 0,05 гектар қитъаи замин ҷудо карда медиҳад. Ф. Расулов бошад, ба номбурда бовар карда, дарҳол ин миқдор маблағро ба дасташ медиҳад. Аммо ин бор қаллобон дар сохтакории ҳуҷҷатҳо оҷиз монда, дар натиҷаи талаби чандинкаратаи Ф. Расулов маблағи ӯро қисман баргардонда, аз додани қисми дигар саркашӣ менамояд.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба П. Абдураҳмонов аз ҷониби Прокуратураи генералӣ бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б”, 3381 қисми 2 бандҳои “а,б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а,б,в” Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гашта, ниҳоят ба 11 соли зиндон маҳкум гардид.
Абдулмумин КАБИРЗОДА,
прокурори Раёсати назорати қонунӣ будани
санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии
Прокуратураи генералӣ
Санаи нашр: 24.02.2023 №: 43
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
27 март 2023, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНӢ (РАСМИКУНОНӢ)-И ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)