ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ... 

ДИЛРО БА ДИЛ РАҲЕСТ... 

02 январ 2024, Сешанбе
79
0

 
БАРДОШТ АЗ САФАРИ ТЕҲРОНУ ИСФАҲОН

Аз 10-ум то 17-уми декабри соли равон бо ибтикори Вазорати корҳои хориҷии кишвар як гурӯҳи рӯзноманигорони Тоҷикистон бо даъвати хабаргузории “Форс” ба шаҳрҳои Теҳрону Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафари эҷодӣ кард. Сафар, аслан, ду ҳадаф дошт. Нахуст, табодули таҷриба, омӯзиш ва ба роҳ мондани ҳамкории боз ҳам судманд бо ҳамтоёни худ – рӯзноманигорони хабаргузории «Форс» ва дигар расонаҳои Эрон бошад, мақсади дигар, ошноӣ бо қадамҷову ёдгориҳои таърихии ниёгон буд. 

Азбаски бо роҳи ҳавоӣ сафар доштем, аз тайёра тамошои роҳҳои ҳамвору манзараҳои зебо, дарёи пурталотум, рафтуомади мошинҳои зиёди боркашу сабукрав, кӯҳҳои сарбафалаккашидаву барфпӯш ба кас ҳаловати хосе мебахшид. Парвози мо қариб 3 соат давом кард ва ниҳоят ба Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Имом Хумайнии шаҳри Теҳрон расидем. 
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Эрон моро дар Фурудгоҳ гарму самимӣ пешвоз гирифтанд. Дар сафи мо ба ҷуз чанд кас, ҳама Теҳронро бори аввал медиданд ва шодиву фараҳи онҳо дар чашмонашон ҳувайдо мегардид. Ҳамсафарон ҳама ифтихор аз истиқлол доштанд, ки ба шарофати он саёҳат ба бисёр кишварҳои хориҷӣ осон гашт. Воқеан, ин сафар ҳам бо дастури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Рӯзноманигорони расонаҳои бонуфузи мамлакат дар инъикоси воқеъбинонаи ҳодисаҳои ҷаҳонӣ ва дастовардҳои дохилӣ хеле муваффақ ҳастанд ва эътибори расонаҳои расмиро баланд бардоштаанд.
Шоир Раънои Мубориз, ки дар сафар моро ҳамроҳӣ мекард, аз таассуроти нахустини худ чунин гуфт: «Дӯстиву рафоқате, ки бо ибтикори таърихии ду Сарвари дурандеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳими Раисӣ асос гузошта шуд, на танҳо дару дарвозаҳои марзҳо, балки дари дилҳоро боз кард ва дар сояи чунин сиёсати башардӯстона мо ба Теҳрон қадам гузоштем».
Вақте ҳайати рӯзноманигорони тоҷик ба оғӯши шаҳри Теҳрон ворид шуда, дар мусофирбарҳо будем, ҳамоно эрониҳо моро ба суҳбат кашиданд. Наворбардориву аксгирӣ ва шиору шеърҳо ба ифтихори дӯстии ду халқ садо доданд. Сипас, дар меҳмонхонаи “Инқилоб” ҷой гирифтем, ки тамоми шароити муосир муҳайё ва барои сайёҳон хеле мувофиқ буд. Дар меҳмонхона моро кормандони хабаргузории «Форс» бо чеҳраҳои кушод истиқбол гирифтанд. Намояндагони хабаргузории “Форс” бо қироати ашъори устодон Соиби Табрезӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Умари Хайём, Абулқосим Фирдавсӣ, Аттори Нишопурӣ, Боботоҳири Урён ва дигар бузургон дӯстии ду халқро ситоиш намуданд ва мо бо табъи болида ба шоми Теҳрон пайвастем. Дар рафти сайру саёҳати шабона кормандони хабаргузории «Форс» Аббос Аббосӣ, доктор Субҳонӣ моро ҳамроҳӣ мекарданд. 
Субҳ зуд фаро расид ва мулоқоти мо бо рӯзноманигорони Эрон дар хабаргузории «Форс» шуруъ шуд. Мудири хабаргузорӣ Паёми Тирандоз аз ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаи расонаӣ ёдовар шуд. Ба маълумоти ӯ, хабаргузории «Форс» 22 сол пеш таъсис ёфта, яке аз калонтарин ва серхонандатарин расонаҳои Эрон буда, дар 18 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, намоянда дорад. Агентӣ дар як рӯз тақрибан беш аз 1000 маводро бо 5 забон: форсӣ, арабӣ, англисӣ, туркӣ ва урду пешниҳод менамояд. Соли гузашта шумораи хонандаҳои расона 40 миллионро ташкил дода,  рӯзе аз маводи он 2,5 миллион нафар истифода мебарад. 
Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, иброз дошт, ки дар чанд соли охир ҳамкории ду мамлакат густариш ёфтааст. Барои мисол, метавон аз сафарҳои сарварони давлатҳо ёдовар гашт, ки боиси имзои чанд созишнома шуд. Ҳамкории мо дар ҳамаи соҳаҳо фаъол аст ва расонаҳо метавонанд дар таҳкими равобити мутақобилан муассир нақш дошта бошанд. Мо бояд хабари худро аз якдигар бишнавем, на аз кишвари сеюм. 
Шоҳин Самадӣ, сардори раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, аз хабаргузории “Форс” барои даъвати хабарнигорони тоҷик ва ташкили чунин курсҳои омӯзишӣ арзи сипос кард. Таъкид дошт, ки матбуот яке аз воситаҳои асосии таъсиррасон ба афкори умум буда, нақши он дар раванди ҷомеасозӣ ва ташаккули симои мусбат хеле муассир мебошад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим мебозад. Матбуоти даврӣ ва иттилоот дар се даҳсолаи охир марҳала ба марҳала аҳамияти хосса касб карда, ҳоло яке аз самтҳои ниҳоят афзалиятнок мебошад. Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти матбуот ва фазои иттилоотӣ корҳои назаррасро ба анҷом мерасонад. Дар идома Шоҳин Самадӣ дар бораи фаъолияти ВАО-и мамлакат маълумоти муфассал дода, иброз дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон ҳиссаи матбуоти даврии давлатӣ 25 дарсад ва ҳиссаи матбуоти даврии мустақил 75 дарсадро ташкил медиҳад. 
Дар поёни вохӯрӣ миёни ҳайати Тоҷикистон ва Эрон суҳбати озод ва суолу ҷавоб ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи тарафҳо сурат гирифт. 
Баъдан дар идораи шабакаҳои “Пресс ТВ” ва “Хис-пон ТВ”  меҳмон  будем.  “Пресс  ТВ” бо забони англисӣ ва “Хиспон ТВ” бо забони испанӣ барнома таҳия ва пахш менамоянд. Зимни боздид бо роҳбарият ва кормандони шабакаҳо низ вохӯрӣ анҷом дода, ҷиҳати дастрасии намояндагони ВАО ба иттилооти саривақтӣ ва сареҳ, ҳамчунин, тарбияи мутахассисони ҳирфаӣ мубодилаи афкор кардем. Роҳбарони шабакаҳои “Пресс ТВ” ва “Хиспон ТВ” дар посух ба суолҳои рӯзноманигорони тоҷик вобаста ба ҳамкории ин ниҳод бо хабарнигорон изҳор доштанд, ки дар Эрон 53 шабакаи телевизионӣ ҳаст, ки ҳамаашон давлатӣ мебошанд. Телевизионҳо паҳлуҳои гуногуни маънавиёти ин кишварро ба таври густурда инъикос менамоянд ва ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳангии Эрон ба шумор мераванд.
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавзуи “Рушди ВАО-и Тоҷикистон дар замони истиқлол ва нақши расонаҳо дар тақвияти робитаҳои Тоҷикистону Эрон” нишасти намояндаҳои воситаҳои ахбори оммаи меҳмонону мизбонон баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати умури хориҷӣ, садо ва симои ҶИЭ, хабаргузориҳои “Форс”, “Iran Press TV” ва дигар расонаҳои эронӣ ширкат варзиданд.
Низомиддин Зоҳидӣ ташаккули ВАО-и миллии тоҷикро дар замони истиқлол аз баракати ҳимоят ва дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, гуфт, ки ба шарофати иродаи сиёсии роҳбарони олии ду кишвар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон дар солҳои охир рӯ ба густариш овардаанд
Дар нишаст Шоҳин Самадӣ китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва рӯзномаву маҷаллаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва маҷаллаи миллии адабии “Садои Шарқ”-ро, ки ба намоиш гузошта будем, муаррифӣ кард. Сипас, сафари рӯзноманигорон дар Донишкадаи “Тавоно”-и хабаргузории “Форс” идома ёфт.
– Аз таъсиси Донишкада 16 сол сипарӣ мешавад, дар он 15 бошгоҳ (риштаи ихтисосӣ)-и тавоно таъсис додаем. Донишкада 880 донишҷӯ дорад ва баъд аз хатми он ҷавонон фаъолияти худро дар расонаҳои муътабар ба сифати мутахассиси ҳирфаӣ идома медиҳанд. Хабаргузории «Форс» сабки хабарнависии худро дорад ва дар заминаи пажӯҳиш ва омӯзиш 5 риштаи хабарнигорӣ, аз ҷумла аккосии хабарӣ, гӯяндагии хабарӣ, омодасозӣ ва ба тартиб даровардани хабарро дар ин ҷо меомӯзанд, – гуфт Алиризо Тоҳирӣ, муовини мудири Донишкада.
Давоми чанд рӯзе, ки дар Теҳрон қарор доштем, имкон даст дод, то аз мавзеъҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва навободи ин шаҳри сайёҳӣ – Бурҷи милод, майдони “Озодӣ”, боғи “Китоби Теҳрон”, Осорхонаи миллии Эрон, осорхонаи Имом Хумайнӣ, намоишгоҳи фазоӣ, Маркази савдои Эрон-молл, дидан карда, бо дастовардҳои эрониён дар бахшҳо ва самтҳои мухталиф ошно гаштем, сипас, роҳ гирифтем ба ҷониби шаҳри Исфаҳон. 15-уми декабр лаҳзае бо ёди Соиби Табрезӣ шудем. Дар хокҷойи эшон дуову фотиҳа хонда, ба руҳи он бузургвор дурудҳо фиристодем. Гуфта шуд, ки нақши ин шоир дар ташаккули адабиёти тоҷику форс бисёр муассир мебошад.
Яке аз ҳамсафарони мо Муҳаммаднабӣ Баёнӣ, омӯзгори фанни журналистикаи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқови ноҳияи Рӯдакӣ таассуроти худро чунин иброз кард: «Боздиди гурӯҳе аз рӯзноманигорони расонаҳои маъруфи Тоҷикистон дар ин шабу рӯз аз аҳамияти вижа бархӯрдор аст, зеро таърих ва ёд кардан аз ниёгон насли навро огоҳтару зирактар ва фардои Ватанро мунаввар  менамояд. Пайравӣ кардан аз корномаи ин абармардон, махсусан шоиру нависанда Соиби Табрезӣ, шиори ҷавонони имрӯзаи мо бояд бошад».
Дар Исфаҳон майдони Нақши ҷаҳон, пули Хоҷаи рӯдхонаи Зояндарӯд, иншооти қадим ва боғу гулгаштҳоро, ки ба тамошогоҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ табдил ёфтаанд, дидан намудем. 
Дар маҷмуъ, сафари ҳафтрӯзаи ҳайати рӯзноманигорон, ки бо ташаббуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, хотироти хубро ба бор оварда, барои таҳкими риштаҳои дӯстии ду кишвари ҳамзабон заминаи мусоид фароҳам овард.  Дар ин фурсати кӯтоҳ тавонистем каме ҳам бошад, аз таҷрибаи ВАО-и Эрон ба худ чизе бардорем ва ба онҳо низ аз таҷрибаи худ чизе гуфта бошем.   

Кароматулло АТО, 

Душанбе – Теҳрон – Душанбе

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив