ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОРРУПСИЯ. НАҚШИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР КОҲИШИ ЗУҲУРОТИ ҶОМЕАСӮЗ

КОРРУПСИЯ. НАҚШИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ДАР КОҲИШИ ЗУҲУРОТИ ҶОМЕАСӮЗ

02 январ 2024, Сешанбе
146
0


Ҳақиқати собитшуда аст, ки коррупсия зуҳуроти номатлуб ва яке аз ҷиноятҳои хатарнок буда, ба амнияти кишвар, суботи ҷомеа, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, ҳолати қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ таҳдид менамояд. Аз ин лиҳоз, муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба шумор рафта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия пайваста талош меварзанд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ таҳияву қабул гардида, инчунин, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия таъсис дода шудааст. Чунончи, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми январи соли 2007, таҳти № 143 бо мақсади вусъат додани мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроршавии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратию ревизионӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидашуда ва ҳамоҳангсози мубориза бар зидди коррупсия таъсис дода шуда, низомномаи он тасдиқ гардид. Дар зимн, бо мақсади танзими фаъолияти ин ниҳод Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20-уми марти соли 2008, таҳти № 374 ба тасвиб расид. Қонуни зикргардида вазъи ҳуқуқӣ, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, хизмат дар мақомот, ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, таъминоти молиявӣ, моддию техникии Агентиро муқаррар менамояд. 
Ҳоло дар мамлакат мубориза бар зидди коррупсия самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон шудааст. 
Бояд иброз намуд, ки барои тақвият бахшидан ба ҷараёни муқовимат ба коррупсия 30-юми апрели соли 2010 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2010, таҳти №431 Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 тасдиқ гардид. Афзун бар ин, 14-уми декабри соли 2010, таҳти №968 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва низомномаи он тасдиқ шуд. Шурои миллӣ мақоми машваратӣ, ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои амалигардонии чораҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.
Бояд хотирнишон сохт, ки ҳанӯз 26-уми январи соли 2008 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид. Стратегияи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати барномавии сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ҷиҳати мубориза бар зидди коррупсия муайян намуд. Баъдан, бинобар анҷом ёфтани муҳлати ин санад Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми апрели соли 2013 масъалаи таҳия ва пешниҳод намудани «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро ба миён гузоштанд ва барои таҳияи он Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб ва дигар субъектҳои муқовимат ба коррупсия вазифадор гардиданд, ки дар натиҷа, ин ҳуҷҷат таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар ин робита, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар давраи амалисозии стратегияи фавқуззикр барои паст намудани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам овард, вале бо вуҷуди ин, омилҳои коррупсионӣ дар мамлакат пурра бартараф нагардиданд. Аз ин рӯ, зарурати қабули санади сеюм ба миён омада, ҳамин тавр, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти № 222 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид.
Ҳамин тариқ, заминаи қонунгузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳайёгардида ва ташкили мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия имконият дод, ки муқовимат бар зидди ин амали номатлуб пурзӯр гардида, амалҳои коррупсионӣ коҳиш дода шаванд.
Тавре борҳо гуфта шудааст, дар замони имрӯза пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, кори як мақомот ва ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, балки як кори дастаҷамъист. Аз ин рӯ, дар ин самт бояд ҳар як сокини кишвар, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд ва якҷо бо субъектҳои ба коррупсия муқовиматкунанда ҷиҳати аз байн бурдани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, ташаккули фазои оштинопазир нисбат ба ин зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон пайваста чораҳои дахлдор андешанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА, 
корманди дастгоҳи Маҷлиси 
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив