ОБУ ИҚЛИМ. ДОМАНИ БАҲСҲОИ ГЕОПОЛИТИКӢ ТАВСЕА МЕЁБАНД
Воқеияти зиндагӣ собит менамояд, ки алҳол дастрасӣ ба манбаъҳои об барои аксар кишварҳои дунё ба мушкили аввалиндараҷа табдил ёфтааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки алҳол ҷаҳон дар пешорӯи як мушкилоти глобалӣ қарор дорад. Дар робита ба ин, айни замон аксар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ аз коҳиши захоири об дар кураи Замин изҳори нигаронӣ карда, дар ин самт пайваста лоиҳаҳои гуногунро роҳандозӣ мекунанд.
Рӯ овардан ба ин мавзуъ бесабаб нест, зеро манбаъҳои об барои амалӣ намудани ҳадафҳои рушди ҳазорсола нақши калидӣ мебозанд. Бинобар ин, мо дар ин пажӯҳиш тасмим гирифтем, ки дар мисоли канали Қӯштеппа ба таври ҷузъӣ вазъи воқеии идоракунии манбаъҳои обро зери таъсири равандҳои тағйирёбии иқлим на танҳо барои Тоҷикистон, балки дар сатҳи минтақа мавриди арзёбӣ ва шарҳу тавзеҳ диҳем. Чунки амалигардонии Ҳадафҳои Рушди Устувор ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, аз ҳалли ин масоил вобастагӣ дорад. Доир ба ин масъала, агар ба воқеият назар намоем, маълум мегардад, ки солҳои охир давлатҳои минтақаи Осиё Марказӣ дар ҷодаи истифодаи об ба як қатор бархӯрдҳо дучор гардиданд. Аз ҷумла, бархӯрди мусаллаҳонаи Эрон бо “Толибон”, муташанниҷ шудани мушкили тақсимоти об байни Қирғизистону Қазоқистон ва ҳодисаҳои Ворухи Тоҷикистон. Вобаста ба ин масъала, коршиносони байналмилалӣ ҳушдор медиҳанд, ки то соли 2040 дар бархе аз манотиқи Осиёи Марказӣ ниёз ба манбаъҳои об се маротиба меафзояд. Ҳамзамон, тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид (СММ), бо иллати камобӣ ва истифодаи бесамарӣ манбаъҳои об, ҳамасола давлатҳои минтақа то 2 миллиард доллари ИМА зиёни молиявӣ мебинанд. Аз далели мазкур бармеояд, ки низои истифодаи об дар минтақа минбаъд шиддат гирифта, шояд дар оянда тобишҳои гуногунро ба бор орад.
Қобили зикр аст, ки оид ба ин масъала олимону коршиносони олмонӣ дар чорчӯбаи «Аҳдномаи Берлин» нисбат ба тақсимоти об ва ҳамкориҳо миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ» таҳқиқотеро анҷом дода, ба чунин хулоса омаданд, ки аз соли 1991 то ба имрӯз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ натавонистанд, механизми баробарии тақсимоти обро барои тамоми минтақа тарҳрезӣ намоянд. Ин андеша аз он башорат медиҳад, ки ҳамон замон олимону коршиносони олмонӣ воқеъбинона вазъияти оби минтақаро таҳлил намуда, ба он баҳои воқеӣ доданд. Онҳо дар ниҳоят ба чунин хулоса омаданд, ки гарчанде аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ зиёда аз сӣ сол гузашта бошад ҳам, аммо то ҳол кишварҳои болооб – Тоҷикистону Қирғизистон ва поёноб – Ӯзбекистону Туркманистон ва Қазоқистон дар ҳалли масоили мазкур ба як хулосаи умумӣ наомадаанд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, рӯзҳои 14-15-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ сарварони давлатҳо оид ба ҳамгироии минтақавӣ сухан ронда, роҷеъ ба хатарҳои экологӣ назару андешаҳояшонро баён доштанд. Дар ин ҷаласа Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев иброз намуд, ки масъалаи дигаре, ки таваҷчуҳи сарварони давлатҳои муассиси ФБНА-ро бояд ба худ ҷалб намояд, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сохтани канали Қӯштеппа мебошад. Вобаста ба ин масъала чунин ибрози назар намуд: “Шумо хуб огоҳед, ки ҷониби Афғонистон бо дарозии 285 км, паҳнои беш аз 100 метр бо умқи 8,5 метр канали Қӯштеппаро сохта истодааст. Бояд роҳбарияти ин кишвар ба муколамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват шавад. Агар ин канал бунёд гардад, тавозуни об дар минтақа на танҳо дигар, балки ба куллӣ тағйир меёбад. Аз ин ҷиҳат зарур мешуморем, ки барои омӯхтани тамоми ҷабҳаҳои ин канал ва таъсири он ба вазъи оби Амударё бо ҷалби институтҳои тадқиқотии мо гурӯҳҳои якҷояи корӣ ташкил карда шавад”. Дар баробари ин, пешниҳод намуд, ки масъалаи ҷалб кардани намояндагони Афғонистон ба гуфтушуниди минтақавӣ доир ба истифодаи якҷояи захираҳои об дида баромада шавад. Баробари расонаӣ шудани нигаронии Президенти Ӯзбекистон, сухангӯи “Толибон” афзуд: “Афғонистон бо эҷоди канали Қӯштеппа ҳаққи ҳеҷ кишварро талаф накарда, танҳо саҳми худро аз дарёи Ому мегирад”. Аз назари муовини сарвазири ҳукумати “Толибон” Абдулғанӣ Бародар “бунёди ин канал вазъияти иқтисодии Афғонистонро беҳбуд бахшида, онро ба худкифоягӣ наздик мекунад”. Бархе аз зиёиёни ин кишвар тавассути васоити ахбори омма баён доштанд, ки мардуми Афғонистон ҳуқуқи инсонӣ, башарӣ ва ҳамсоягӣ низ дорад. Дар ин замина, аз аҳли зиёи дохилию бурунмарзии хеш талаб намуданд, ки оид ба бунёди ин канал ва нақши он дар рушди иқтисодии кишвар баҳри беҳбуд бахшидан ба насли оянда ибрози ақида намоянд. Зеро аҳолии 40-миллионаи Афғонистон низ ба ин об эҳтиёҷ дорад. Баробари интишор шудани чунин назару андешаҳо дар матбуоти ин кишвар афкоре роиҷ гардид: “Даҳҳо сол мешавад, ки ҳамсоягони мо ин обро беминнат истифода мебаранд. Вақте мо – афғонҳо, тасмим гирифтем, ки оби онро як дараҷа баҳри беҳбудию рӯзгори хеш истифода барем, дарҳол онҳо сару садо баланд намуданд. Дар ҳоле ки корҳои бунёди ин канал на дар давраи “Толибон”, балки дар давраи ҳукмронии Ашраф Ғанӣ оғоз гардида, аз лоиҳаи он чандин сол пеш ҷомеаи ҷаҳонӣ хабардор шуда буд”. Дар иртибот бо чунин мулоҳизарониҳо агар нигоришҳои матбуотиро таҳлилу таҳқиқ намоем, маълум мегардад, ки арзиши лоиҳавии ин тарҳ тақрибан 684 миллард доллари ИМА буда, беш аз 550 ҳазор га замини қисми шимоли Афғонистон обёрӣ мешавад. Бояд сохтмони он соли 2028 ба анҷом расад. Коршиносони сатҳи байналмилалӣ бар ин назаранд: “Эҳдоси ин канал ва баҳрабардорӣ аз он метавонад, равобити Осиёи Марказиро ба ҳукумати феълии Афғонистон бошиддат таҳти таъсир қарор диҳад”. Тибқи гузориши “IntelliNews”, Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ тавофуқномае дар мавриди истифодаи об надоранд ва бар асоси қонунҳои байналмилалӣ, ин давлат ба андозаи се кишвари Осиёи Марказӣ ҳуқуқи истифода аз оби Амударёро дорад”.
Зимни чунин масъалагузориҳо бархе аз зиёиёни ин кишвар тавассути матбуот баён доштанд, ки бунёди ин канал вобаста бо муташанниҷ шудани вазъи иқлимӣ дар Афғонистон арзи вуҷуд намудааст. Ба ибораи дигар, бо назардошти тағйирёбии иқлим, Афғонистон низ ҳақ дорад, ки аз ин об истифода барад. Зеро дар қиёс бо солҳои пешин боришот 37 дарсад коҳиш ёфта, аз ҷиҳати осебпазирӣ дар равандҳои тағйирёбии иқлим Афғонистон дар ҷаҳон мақоми шашумро ишғол менамояд. Чаро имрӯз бунёди ин канал муаммоҳои зиёдеро ба бор оварда истодааст?! Ҳамзамон, бархе аз сиёсатмадорон бунёди ин каналро ғайриқонунӣ ҳисобида, ибрози назар менамоянд, ки “Толибон”, ба ин васила, кӯшиш намуда истодаанд, ки ҷиҳати норасоии об баъзе кишварҳои минтақаро зери фишор қарор диҳанд. Дар радифи ин андеша, назарҳои дигаре дар миён аст, ки “Толибон” тавони пешбурди дипломатия ва мудирияти обро надоранд, аз ин ҷиҳат бунёди чунин канал ба воқеият наздик нест. Возеҳтар гӯем, ин кишвар айни замон имкони идоракунии ин пружаро надорад.
Тавре дар боло зикр кардем, ФБНА ягона созмони минтақавиест, ки ҳамаи давлатҳои минтақаро дар ҳалли масъалаҳои экологӣ муттаҳид месозад. Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишҳо ба ташаккулёбии муносибатҳои минтақавӣ ва равобити байналмилалии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷодаи беҳбуд бахшидани муҳити зист такони ҷиддӣ мебахшад. Далели ин андеша он аст, ки дар ин ҳамоишҳо давлатҳои минтақа омодагии худро барои ҳамкорӣ изҳор намуда, назарашонро баҳри таҳкими робитаҳои байналмилалӣ баён мекунанд. Сарфи назар аз чунин амал, то ҳол дар ин самт мушкилиҳо ба назар мерасанд. Чунончи, дар гузашта пешниҳоди Тоҷикистонро дар мавриди ташкили консорсиуми оби Осиёи Марказӣ ба ҷуз Қирғизистон дигар кишварҳои минтақа дастгирӣ накарданд. Возеҳтар гӯем, дар баҳси бунёди НБО «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати таъсиси консорсиуми оби минтақаро баҳри таъмини суботи геополитикӣ ва амният дар Осиёи Марказӣ пешниҳод намуда буданд. Аммо ин пешниҳодро ба ҷуз Ҷумҳурии Қирғизистон, дигар кишварҳои минтақа дастгирӣ накарданд. Алҳол бошад, Президенти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз нав зарурати таъсиси консорсиуми байналмилалии обу энергияи Осиёи Миёнаро пешниҳод менамояд. Мутаассифона, то ба ҳол олимону коршиносон умумият ва тафовути ин пешниҳодҳоро дар қиёс бо ҳамдигар мавриди омӯзиш ва назарсанҷӣ қарор надодаанд. Дар ҳоле ки бунёди ин канал наҷоти Аралро зери суол мегузорад. Муҳаққиқон ҳоло бар ин назаранд, ки ба туфайли ин канал, кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон то 15 дарсади оби ирригатсиониашонро аз даст медиҳанд. Бояд ёдовар шуд, ки дар гузашта меъёри истифодаи об барои Афғонистон ба андозаи 2,5-3 км3 муқаррар гардида буд, аммо баъди истифодаи ин канал меъёри истифодаи об дар Афғонистон аз 7 то 15 км3-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сиёсатмадори тоҷик Парвиз Мулоҷонов, мушкилот дар сохтмони канали Қӯштеппа нест, балки дар низоми қадимаи обёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Бояд низоми обёрӣ комилан тағйир дода шуда, ҳамаи кишварҳо ба обёрии қатрагӣ гузаранд. Бе ин кор ҳалли мушкилоти камбудии об дар Осиёи Марказӣ ва наҷоти баҳри Арал ғайриимкон аст.
Муҳаққиқони мо ба ҷойи таҳлилу таҳқиқи амиқи ин масъала ва дарёфти усулҳои бартараф кардани он дар сатҳи минтақа, баръакс, дар маҷмуъ, иброз менамоянд, ки баробари зиёд шудани аҳолӣ ва бемайлон афзудани таъсири тағйирёбии иқлим талабот ба об дар ҷаҳон меафзояд, аз ин рӯ, рӯз ба рӯз захираи об коҳиш ёфта истодааст. Ин нишондод дуруст аст, аммо набояд фаромӯш кард, ки ин дарё аз давраи пайдоишаш то ҳол аз саргаҳи кишварҳои мо ташаккул меёбад, наход мо дар ин муддат оид ба идоракунӣ ва истифодаи об таҷриба наандӯхта бошем?!
Оид ба масъалаи болозикр бархеҳо бар ин назаранд, бояд канал дар ҳамон сатҳе сохта шавад, ки миқдори оби дар ин кишвар ташаккулёбанда ба инобат гирифта шавад. Пиромуни андеша коршиносони афғон бар он назаранд, ки тақрибан 27-30 дарсади оби дарёи Ому дар кишвари мо ташаккул меёбад. Дар маъхазҳои илмӣ бошад, ин нишондод аз 13,9 то 14,6 дарсад зикр шудааст. Аммо то ҳол умумият ва тафовути ин далелҳо дар қиёси якдигар ба таври возеҳ шарҳи худро наёфтааст. Хулоса, азбаски бунёди ин канал айни замон тобиши сиёсӣ гирифтааст, моро лозим меояд, ки минбаъд ҳар як далелу андешаро қиёсан баҳри таҳким бахшидани сулҳу субот дар минтақа мавриди назарсанҷӣ қарор дода, нисбат ба онҳо ҳамчун ҳамсоякишвар хулосаҳои воқеъбинона барорем. Чунки онҳо феълан аз он нуқтаи назар иддао менамоянд, ки бояд кишварҳои болооб обро тарзе назорат намоянд, ки кишварҳои поёноб дар дигар ҷода ба онҳо имтиёз диҳанд. Дар чунин вазъи баамаломада моро бори дигар лозим меояд, ки муҳтавои қарордодҳои солҳои 1948, 1958 ва 1992-ро аз нигоҳи дигар, бахусус аз лиҳози густариш додани соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон барои минбаъда, мавриди омӯзиш қарор диҳем.
Дар ибтидо, баъзе муҳаққиқону коршиносони тоҷик бар он назар буданд, ки бунёди ин канал ба Тоҷикистон ягон мушкил эҷод намекунад. Аз ин ҷиҳат, худро дар арзёбии ин мавзуъ дар канор мегирифтанд. Агар ин андешаро воқеъбинона таҳлил намоем, маълум мегардад, ки бунёди ин канал кишварҳои Осиёи Марказиро бо хатар мувоҷеҳ карда, дар ниҳояти кор, пайомадҳои буҳрониро ба бор меорад. Аз ҷумла, гардиши об омили муҳими ташаккулёбии иқлим аст. Мумкин аст, қисман дигар намудани маҷрои дарё боиси як дараҷа дигаргуншавии иқлим дар сатҳи минтақа гардад. Аз ин ҷиҳат, зуҳуроти ин масоил касеро бетараф гузошта наметавонад. Аз ин рӯ, мо мегӯем, ки тағйирёбии иқлим шояд шароит ва имкониятҳои наверо барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз қабили парвариши навъҳои нави зироатҳо, ба бор орад, ки то ҳол талаботи онҳо ба об аз нигоҳи илмӣ муайян нашудааст. Бо чунин назардошт, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим зарурати баргузории тадқиқоти мушаххаси илмиро дар ҷодаи минбаъд муайян намудани саҳми Тоҷикистон аз истифодаи ҳавзаи Амударё тақозо мекунад. Дар хотима гуфтанием, ки маҳз амалигардонии арзишҳои академӣ ва, дар ин замина, ба роҳ мондани ҳамгироии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ барои барқарор намудани баҳри Арал муҳимияти хосаро касб мекунад.Чунки маҳз татбиқи лоиҳаҳои самарабахши истифодабарии манбаъҳои обии Амударё ва Сирдарё яке аз чораҳои асосии наҷоти баҳри Арал мебошад.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ