ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ҲИФЗИ ҲАЁТ ДАР РӮИ ЗАМИН АСТ
Дар шароити имрӯза гармшавии ҳарорати ҳаво, обшавии пиряхҳо, хушк шудани чашмаву дарёчаҳои минтақаҳои аҳолинишин ва дигар пайомадҳои офатҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ мубаддал гашта, ба иқтисодиёт ва ҳаёти мардуми осоиштаи дунё рӯз ба рӯз таъсири манфӣ мерасонанд.
Имрӯзҳо захираҳои об зери таъсири хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус, ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди «неруи сабз» ва пойдории табиат таъсир мегузорад.
Бино ба хулосаи коршиносон, имрӯз дар олам зиёда аз 2 миллиард нафар аз норасоии об танқисӣ мекашад. Тибқи пешгӯии коршиносон, соли 2050 ин нишондиҳанда метавонад то 5 миллиард нафар, яъне тақрибан ба нисфи аҳолии сайёра баробар гардад. Айни замон, тибқи маълумоти шабакаҳои интернетӣ, дар саросари Замин ҳамарӯза аз 800 то 900 кӯдаки то 5-сола аз норасоии оби тоза мефавтад.
Дар Тоҷикистон манбаи асосии об пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб мераванд. Пиряхҳо яке аз бойигариҳои беҳамто ва манбаи оби ошомидании сарзамини Тоҷикистон мебошанд. Майдони умумии пиряхҳо 8476,2 километри мураббаъ мебошад, ки қариб 6 дарсади масоҳати ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Бинобар гармшавии иқлими сайёра, давоми 30 соли охир дар Тоҷикистон 1000 пирях об шудааст.
Муаммои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, бахусус обшавии босуръати пиряхҳо, аз масъалаҳое мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро, нигарон кардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай, аз худ дарак дода истодааст.
Бояд зикр намуд, ки дарёҳои калонтарини Тоҷикистон (Сир, Зарафшон, Панҷ ва ғайра) аз пиряхҳо ибтидо мегиранд. Аҳамияти пирях бобати ба об таъмин кардани соҳаҳои гуногуни халқи мамлакат бузург аст. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд.
Пиряхҳо, асосан, дар шимолу ғарби Помир ва кӯҳистони Ҳисору Олой воқеъ гардидаанд. Бештари пиряхҳо дар баландии аз 3000 метр то ба 5300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтаанд. Дар таркиби пиряхҳои кишварамон 456,9 километри мукааб об захира шудааст.
Пиряхҳои аз ҳама калон дар қисми шимолу ғарбии Помир мавҷуданд. Масалан, бузургтарин пиряхи минтақа – Федченко, ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Тибқи пешгӯиҳои олимон, то соли 2050 дар Тоҷикистон якчанд ҳазор пиряхи майда пурра аз байн меравад, зеро пиряхҳо дар ҳавзаҳои дарёҳо нобаробар тақсим шудаанд. Масалан: дар Муғус 1004 пирях, Бартанг 269, Қизилсу (Шимолӣ) 280, Ғунд 1349, Мурғоб 879, Зарафшон 1227 ва дар ҳавзаи дарёи Хингов 756 пирях мавҷуд аст.
Дар асоси маълумоти олимони соҳа, пиряхҳои Тоҷикистон ҳар сол ба дарёҳо бештар аз 13 километри мукааб об мерезанд, ки зиёда аз 25 фоизи обҳои ба дарёҳо ҷоришавандаро ташкил мекунанд. Пиряхҳо намнокии ҳаво ва сарфи оби дарёҳоро ба танзим медароранд.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам гаштани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш меёбад. Чуноне мутахассисон муайян кардаанд, дар ҳолати об шудани тамоми пиряхҳои олам сатҳи об дар рӯи Замин то ба 64 метр боло мебарояд. Ин на танҳо боиси зери об мондани як қисми бузурги сайёраи мо ва маҳв шудани зиндагӣ дар бисёре аз шаҳрҳову давлатҳо мегардад, балки дар тамоми гӯшаҳои дигари сайёра инсониятро бо мушкилоти гароне рӯ ба рӯ менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии обшавии шумораи зиёди пиряҳои ҳудуди кишварамон ҳанӯз соли 2018 Академияи миллии илмҳои ҷумҳуриро вазифадор намуда буданд, ки дар назди АМИТ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис диҳанд. Таъсисёбии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” низ яке аз пешниҳодҳои наҷибонаи Сарвари давлат дар самти ҳифз ва нигоҳдошти пиряхҳо ба шумор меравад.
Имрӯз дар ин раванд, Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” пешбарандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба обу иқлим буда, мутахассисони ҷавонро дар ин соҳа омода мекунад.
Дар маҷмуъ, Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи об эътироф шудааст. Боиси хурсандист, ки ташаббуси панҷуми кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ шуд. Тибқи ин қатънома, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва аз оғози соли 2025 ҳамасола 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил мешавад. Умед дорем, ки ташаббуси панҷуми кишварамон дар ҳифзи пиряхҳои ҷаҳон нақши муҳим мебозад.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252