10 СОЛИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ РУСИВУ АНГЛИСӢ БЕСАМАР АСТ?
Ҷавонони имрӯза пайваста дар саъю кӯшишанд, то забонҳои гуногун, бавежа русиву англисиро аз худ намоянд. Аз ин рӯ, барои дурри мақсуд ба даст овардан, аз роҳу усулҳои гуногун истифода мебаранд. Аз ҷумла, баъзеҳо марказҳои омӯзиширо интихоб мекунанду бархеи дигар ба сомонаю барномаҳои махсуси забономӯзӣ рӯ меоранд. Дар ҳоле ки дар муассисаҳои таълимии ҳамагонӣ 10 сол русӣ ва 9 сол дарси англисӣ мехонанду ин забонҳоро дар сатҳи гуфтугузор намедонанд.
Дар иртибот ба ин, суоле ба миён меояд, ки нақши муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ камранг аст? Сабаб чист, ки наврасону ҷавонон рӯ ба роҳҳои дигари азхудкунии забон мениҳанд. Шояд, яке аз сабабҳо мушкилфаҳм будани китобҳои дарсӣ бошад? Ё ин ки, тарзи гузарондани дарс аз ҷониби омӯзгорон самаровар нест?
Бояд гуфт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз синфи 2 (забони русӣ) ва аз синфи 3 (забони англисӣ) шуруъ мешавад ва он то синфи 11 идома меёбад. Дар ин муддат соле 100 вожа омӯзанд, дар поёни хониш 1000 вожаро медонанд ва бояд 100 ҷумлаи солим сохта тавонанд, то забондон шаванд.
Намояндагони маркази матбуотии Вазорати маориф ва илм дар ин маврид чунин посух доданд: “Барномаи китоби дарсӣ аз тарафи маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ бо ба инобат гирифтани хусусиятҳои синнусолӣ ҳар панҷ сол, дар асоси стандарти таҳсилот, инчунин, аз нигоҳи мазмуну муҳтаво, эроду ғалат ва тасвиру дизайн бознигарӣ мешавад. Китобҳои дарсии забони хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти компонентҳои миллӣ (таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ) ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ тасдиқ ва таҳия мегарданд”.
Агар мушкилот дар барномаи китобҳои дарсӣ нест, пас дар чист? Чӣ сабаб мешавад, ки дарсҳо дар муассисаҳои таълимӣ самараи дилхоҳ намедиҳанд?
Маъмурияти маркази омӯзишии “Oxford learning centre” ин масъаларо чунин шарҳ дод: “Марказҳои омӯзишӣ аз методу равия ва техникаю технологияҳои замонавӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, дар синфхонаҳо мекӯшем, то ки аз 10-15 нафар зиёд хонандаро ҷалб насозем. Масъулони марказҳо кӯшиш мекунанд, ки омӯзгорони синнашон аз 35 то 45-ро ҷалб кунанд, чунки онҳо дорои донишу таҷрибаву малакаи зиёданд”.
Бо ин савол низ ба баъзе падару модарон рӯ овардем. Аз ҷумла, Умед Абдуллоев чунин иброз дошт: “Сатҳи забондонии фарзандам суст буд. Ба ин хотир, ӯро ба маркази омӯзишӣ бурдам. Ӯ тавонист, ки дар муҳлати кӯтоҳ, яъне шаш моҳ, озодона ба забони англисӣ ҳарф занад. Дар ҳоле ки нуҳ соли омӯзиши забони англисӣ дар муассиса натиҷае надод”.
Аваззода Парвина, хатмкардаи МТМУ №128-и ноҳияи Фирдавсӣ дар суҳбат бо мо гуфт: “Ҳангоми дар мактаби миёна таҳсил кардан, дар олимпиадаҳо аз фанни забони англисӣ иштирок мекардам. Барои ноумед накардани масъулон ва омӯзгорони муассиса маҷбур ба марказҳои омӯзишӣ мерафтам, чун дар муассиса дар як ҳафта танҳо ду соат барои ин фан ҷудо мешуд, ки ин хеле кам аст".
Айнан ҳамин масъаларо баъзе аз масъулони маориф низ гӯшзад мекунанд, ки барои дарси забонҳои хориҷӣ соати кам ҷудо шудааст, аз он баҳра бурдан басе душвор аст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳар як Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ доир ба муҳим будани омӯзиши забонҳои хориҷӣ таъкид мекунанд. Пас, Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои дигари масъул ин масъаларо ҷиддан таҳқиқ ва барномаи таълимии ин фанҳоро бознигарӣ кунанд.
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 02.01.2024 №: 1-2